KGU

Дастовардҳои факултет

Дастовардҳои факултет

1. Мувофиқи фармоиши раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №305 аз 30-юми декабри соли 2022 рисолаи номзадии Дилафрӯзи Раҷабзода дар мавзуи «Хусусиятҳои анъанаи тайёр намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба ҳаёти оилавӣ, тадбики он дар замони муосир», ки зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Г. дар таърихи рӯзи 25-уми июни соли 2022 ҳимоя намуда буд, бомуваффақият тасдиқ шуд.

2. Санаи 30-юми сентябри соли 2022 декани факултет Давлатов Мирали Абдусамадович дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули омодагии омӯзгорони ҷавони синфҳои ибтидоӣ ба муоширати педагогӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, Мирализода А.М. дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди ДДК ба номи А. Рӯдакӣ рисолаи номазадиашро бомуваффақият ҳимоя намуд.

3. Санаи 23-юми сентябри соли 2022 саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Ёрмадов Алишер Ҷолматович дар мавзуи «Татбиқи технологияи педагогикаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила дар тарбияи худшиносӣ» зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Г. дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди ДДК ба номи А. Рӯдакӣ рисолаи номазадиашро бомуввафақият ҳимоя намуд.

4. Санаи 25-уми июни соли 2022 саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Дилафрӯзи Рачабзода дар мавзуи «Хусусиятҳои анъанаи тайёр намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба ҳаёти оилавӣ, тадбики он дар замони муосир» зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Г. дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рисолаи номзадиашро бомуввафақият ҳимоя намуд.

5. Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дотсенти кафедраи фанхои гуманитарӣ ва методикаи таълими онхо, н.и.педагогӣ Бозоров Х. Барои саҳми муносиб гузоштанаш чиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарбияву омодасозии мутахассисони чавон, тарғибу ташвики арзишҳои милливу фарҳангӣ бахшида ба рузи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Точикистон.

6. Сипосномаи Раиси кумитаи кор ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон А. Раҳмонзода ба раиси чавонони факултети омузгорӣ ва фарҳанг Ҷабборзода Юсуф барои гузоштани саҳми муносиб дар татбики сиёсати давлатии чавонон, тақвияти фаъолияти Иттифоқи чавонони Точикистон ва ба ҳамин васила мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии чавонон.

7. Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дастаи донишҷудухтарони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг барои ишғоли ҷойи сеюм дар мусобиқаи варзишии нави «Волейбол» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон.

8. Сипосномаи Раиси кумитаи кор чавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон А. Раҳмонзода ба донишҷӯи курси сеюми ихтисоси дефектология Шукронаи Ҳасан барои ишғол намудани чойи якум дар мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба «Вазнбардорӣ»гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии чавонон, таквияти фаъолияти Иттифоқи чавонони Точикистон ва ба ҳамин васила мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии чавонон.

9. Гувоҳномаи Лоиҳаи рушди Тахсилоти Олӣ дар Ҷумҳурии Точикистон ба омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Рафиев Абдулҳамид омӯзиш мутобиқи барномаи «Созандаи бахшҳои (курсҳои) омӯзишӣ да LMS Moodle».

10. Аз чониби саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Ёрматов Алишер Ҷолматович китоб (монография) бо номи «Асосҳои педагогии фаъолияти якҷояи мактаб ва оила дар тарбияи худшиносии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ» дар ҳачми 6.5 ҷузъи чопӣ дар чопхонаи «Матбаа» ба табъ расид.

11. Аз ҷониби саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Ёрматов Алишер Ҷолматович китоб бо номи «Асосҳои педагогии хамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила дар тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии миллӣ» дар ҳачми 14 ҷузъи чопӣ дар чопхонаи «Матбаа» ба табъ расид.

12. Аз чониби н.и.п. саромузгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Мирзоева Бунафша Исмоиловна дастури таълимӣ бо номи «Истифодаи коғаз дар дарсҳои санъат ва меҳнат» дар ҳачми 3425 ҷузъи чопӣ дар чопхонаи «Матбаа» ба табъ расид.

13. Аз ҷониби д.и.ф., профессор Ҷ. Алимӣ ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Шералиева Садбарг Маҷидовна дастури илмӣ-методӣ бо номи «Методологияи рушди касбияти омӯзгорон» дар ҳаҷми 4 чузъи чопӣ дар чопхона «Матбаа» ба табъ расид.

14. Бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, н.и.педагогӣ Акбарова М.Н. барои дастовардҳои шоён дар корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, аз ҷумла сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ(13.00.02-методикаи таълими математика) дар соли 2020

15. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ мукофотонида шуд декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, н.и.педагогӣ Акбарова М.Н. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

16. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ мукофотонида шуд мудири кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ, н.и.филология, дотсент Шералиева С.М. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

17. Сипосномаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарама Маҷидова К.А. ба саромӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова З. барои хизматҳои шоиста дар татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

18. Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Мирализода А.М. ба дотсенти кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ Изатуллоев Куган барои иштироки фаъолона дар конференсияи илмӣ –назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли 2019 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040)

19. Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Мирализода А.М. барои иштироки фаъолонаи ҳайати кормандони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар озмуни «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба Ҷашни байналмиллалии Наврӯз

20. Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ба саромӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсии донишгоҳ 

21. Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, н.и.педагогӣ Бозоров Х. Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ ва саҳми муносиб гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкории донишгоҳ-бунёди “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода” ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон