KGU

Шурои диссертатсионӣ

Шурои диссертатсионӣ

Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2021, №348 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шурои диссертатсионӣ бо рамзи 6D.КОА-002 аз рӯи 2 равия ва 3 ихтисос таъсис ёфтааст.   

Шурои диссертатсионӣ довталабонро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08.02 - Назария ва методикаи фанҳои табиӣ, таҳсилоти касбӣ ва 19.00.07- Равоншиносии педагогӣ қабул менамояд.  

Ҳамзамон, довталабон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D010301-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф, 6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ) ва 6D050307 - Равоншиносии педагогӣ метавонанд ба Шурои диссертатсионб муроҷиат намоянд.   

Ҳайати Шурои диссертатсионӣ 15 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 12 нафар доктори илм ва 3 нафар номзади илм мебошанд. Аз 15 нафар аъзои Шуро 9 нафарашон кормандони доимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд.