KGU

Парки технологӣ

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Маълумоти умумӣ 

       Парки технологии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ба даст  овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи ватанию хориҷӣ фаъолият менамояд. Парки технологии назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кори худ бевосита ба ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия итоат мекунад.

        Парки технологии  Донишгоҳ ба кори худ аз сентябри соли 2012 оғоз бахшида, шуруъ аз оғози соли таҳсили 2017 фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ (Низомномаи парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ аз 28.01.2013, №6/5-14) ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид менамояд: 

1. Курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ;
2. Устохонаи таъмири мизу курсиҳо;
3. Сехи дӯзандагӣ;
4. Ошхонаҳо;
5. Марказҳои хизматрасонӣ;
6. Муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзӣ;
7. Боғи таълимӣ-таҷрибавии «Истиқлол»;
8. Маркази «Ихтирокори ҷавон»;
9. Осоишгоҳи табобатӣ;
10. Корхонаи рассомӣ; 

Ҳайати кормандон

ЗАФАР


Директори парки технологӣ:

Саъдуллоев Зафархон

Маълумот: Олӣ




2.png



Мирзоева Бунафша Исмоиловна
           Мутахассис
E-mail: ddkmb@mail.ru


Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
аз « 28». 01. 2013 № 6/5-14 
тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮДУЛЛОҲИ  РӮДАКӢ

                                 1.  Муқарароти умумӣ

1.1 Низомномаи Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки (минбаъд- Донишгоҳ) дар асоси Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Низомномаи намунавӣ оид ба ташкил ва фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст

1.2 Парки технологӣ (минбаъд – Парк) шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ ё муассисаи хурд дар сохтори Донишгоҳ буда, дар ҳудуди донишгоҳ барои ӯ қитъаи замин, иншооти ёрирасон ҷудо гардида, дар зери назорати Донишгоҳ бо мақсади рушди илм ва инноватсия, истифодаи самараноки технологияи аълосифат, барои қонеъ гардонидани талабот ба  истеҳсолот дар истифодаи технологияи навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият мекунад.

1.3 Парк шакли ташкилии фаъолияти инноватсионии муассисаҳои илмӣ, бюроҳои лоиҳавӣ-банақшагирӣ буда, бо қарори шӯрои олимон ва фармоиши Ректори Донишгоҳ таъсис дода мешавад.

                                 2. Самтҳои фаъолияти Парк

2.1 Парки технологии Донишгоҳ метавонад фаъолияти худро тибқи  шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбию техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо воситаи истифодаи  қувваи  корӣ аз ҳисоби  хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд  лоиҳаҳои инноватсиониро ба роҳ монда,ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.

2.2.Барои истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии илмталаб Парк бо муассисаҳои таҳсилоти касбии дигар, тибқи шартнома ҳамкорӣ намуда, бо истифода аз нерӯи пуриқтидори илмию тадқиқотии муттаҳидгардида, лоиҳаҳои ҳалталаби соҳаи инноватсиониро,ки ба техналогияи муосир ниёз дорад, ҳаллу фасл менамояд.

2.3.Фаъолиятҳое,ки барои онҳо литсензия (иҷозатномаи махсус)лозим аст, баъд аз ба даст овардани литсензия  ба тартибе,ки қонунгузорӣ муайян намудааст,ба амал мебарорад. муфассал...

Сохтори Парки технологӣ

Сохтор.png

Фаъолияти парки технологӣ

    Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мувофиқи нақшаи солона амал намуда, дар як қатор самтҳо фаъолияти мунтазамро ба роҳ монда корҳои назаррасеро ба сомон  расонидааст.

     Сехи коркарди оҳан таи соли равон бисёр корҳоро ба анҷом расонид: зиёда аз 780 адад курсӣ, 275 адад мизи хатнависӣ, 73 адад курсии ниммулоим, 61 адад курсии сахт, 92 адад ҷои нишасти ниммулоим, 16 адад либосовезак таъмир намуда, ба факултаҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ баргардонид.  Аз маводҳои корношоям 6 адад гулдонҳо тайёр карда шуда ба намоиш бароварда шуд. Дар синфхонаҳои навташкил 26 адад мизи хатнависӣ рост карда шуд. Курсиҳои  утоқҳои лингофонӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.  Дар соли нави таҳсили 2017-2018 барои синфхонаи нави шуъбаи тайёрӣ 25 ҷойи нишаст ва 12 миз тайёр карда шуд. Дар  биноҳои таълимӣ дарҳои даромаду тирезаҳо таъмир карда шуда, қисмашон чармпеч карда шуданд. Дар девори саҳнаи толори фарҳангӣ телевизорҳо насб карда шуданд. Ғайр аз ин дар давоми сол панҷарю симтурҳои майдони  варзишӣ таъмир ва ранг карда шуданд. Бо иштироки кормандони сехи мазкур тунукаҳои боми ҳоҷатхона иваз карда шудаанд.  

     Сехи дузандагии «Парки технологӣ»-и донишгоҳро Мирзоева Бунафша сарварӣ менамояд, кормандони синфхонаи таълимии дӯзандагии парки технологӣ дар соли равон чунин корҳоро ба анҷом расониданд: 

-Парчами Тоҷикистон 4 адад 84-метр барои бинои 7 ошёна.

-Байрақи хурд 50-дона.
-Рамкаи гулдӯзӣ 12-дона.
-Рамкаи зардӯзӣ 3-дона.     

       

                Имрӯзҳо донишҷӯён таҳти роҳбарии муаллима Мирзоева Бунафша  ҳунари дӯзандагиро аз худ менамоянд. Маҳсули дасти кормандони сехи мазкур дар чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ ва шаҳрӣ   истифода бурда шуданд. Дар сех туҳфаҳои хотиравӣ истеҳсол менамоянд. Кормандони сехи дузандагӣ дар ҳамкорӣ бо созмони Ҷавонони донишгоҳ бахшида ба ҷашнҳо куртаҳои ласу адрас, чакан ва либоси корӣ духта тайёр карданд. Дар озмуни бонуи сол, ҷашни модарон маводҳо тайёр намуда ва либосҳои    духтаи  худро ба намоиш бароварданд.

              Ошхонаҳои «Парки технологӣ» дар давоми соли равон корро мувофиқи  талаботи  рӯз ба роҳ монда, ба меъёрҳои бехатарӣ аз сӯхтор, санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ фаъолият менамояд. Дар як рӯз се маротиба хӯрокҳои гарми босифат тайёр менамоянд. Ҳамзамон ба донишҷӯёни факултаи омӯзгорӣ нозукиҳои касби ошпазиро  меомӯзонанд. 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Телефони корӣ: (+992) 984445351
E-mail: tekhnopark@kgu.tj