KGU

Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Факултети таърих, ҳукук ва муносибатҳои байнамиллалӣ

Асоси.pngТАЪРИХ ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ.jpg








МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

     

  Факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз соли 1945-1946 дар назди факултети Забон ва адабиёт оғоз намуда буд. Шурӯъ аз соли 2014 факултет номи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалиро гирифт.

Ҳайати устодону омӯзгорони факултет, ки иборат аз 68 нафар, аз ҷумла 2 нафар доктори илм, 9 нафар дотсент, 3 нафар номзади илм муаллими калон, 16 нафар муаллимони калон, 33 нафар ассистент ва 5 нафар коргарони техникӣ мебошад, талош бар он намуданд, ки дар иҷрои масъулияти басо муҳим-таълиму тарбияи насли ҷавон, ки ояндаи давлат ва миллат ба ҳисоб мераванд саҳми хешро гузоранд.

Айни ҳол дар факултет 36 гурӯҳи таълимӣ (27 гурӯҳ дар таълими рӯзона ва 15 гурӯҳ дар таҳсилоти фосилавӣ) таҳсил менамоянд. Дар факултет маҷлисгоҳ, 6 аудитория бо тахтаи электронӣ ва проектор муҷаҳҳаз карда шуда 1 синфхонаи лингафонӣ ва 1 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 30 адад компютер мавриди истифода қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона, фосилавӣ аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ 4 кафедра фаъолият мекунад:

Ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кафедраҳои тахассусии факултет ба шумор рафта имрӯз вазифаи мудири кафедраро н.и.с дотсент Муродова Гулчеҳра ба душ дорад.

Таърих ва методикаи таълими таърих

Кафедраи таърихи умумӣ ва МТТ яке аз кафедраҳои тахассусии факултет ба шумор рафта имрӯз вазифаи мудири кафедраро н.и.т. Холмуродзода Меҳрафрӯз Бурӣ ба душ дорад.

Таърихи халқи тоҷик

Кафедраи таърихи халқи тоҷикро имрӯз вазифаи мудириашро муаллими калон Суфиев Садриддин Насриддинович ба душ дорад.

Сиёсатшиносӣ

Кафедраи сиёсатшиносиро имрӯз вазифаи мудириашро н.и.с дотсент Пирназаров Эмомназар ба душ дорад.

Дар факулта 5 маҳфил амал мекунад:

Маҳфили «Таърихшинос» аъзоёни он 23 нафар аз факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ.
Маҳфили «Ҳуқуқшинос» аъзоёни он 20 нафар аз факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ.
Маҳфили «Дипломатия» аъзоёни он 20 нафар аз факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ.
Маҳфили «Бостоншинос» аъзоёни он 25 нафар аз факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ.
Маҳфили «Дунёи сиёсат» аъзоёни он 22 нафар аз факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ.

Айни замон факултет дар таълими рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ магистратура ва докторант аз рӯи ихтисос, кадрҳоро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

  1. Таърих: 1-02 01 01 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  2. Таърих. Ҳуқуқ: 1-02 01 02 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  3. Муносибатҳои байналмилалӣ: 1-230101 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  4. Таърих. Диншиносӣ 1-02 01 02 05 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  5. Таърих. Таърихи дин 1-02 01 02 05 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  6. Идораи давлат ва ҳуқуқ 1-26 01 02 таълими рӯзона ва фосилавӣ
  7. Сиёсат ва идораи давлатӣ 1-23 01 06 01 03 таълими рӯзона ва фосилавӣ

ИХТИСОСҲО

Ихтисосҳои амалкунандаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисосҳои замонавӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Таърих

Ихтисоси “Таърих” дар факултет дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Таърих-ҳуқуқ

Ихтисоси “Таърих-ҳуқуқ” дар факултет дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мақомонҳои қудратӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Таърих. Диншиносӣ

Ихтисоси “Таърих. Диншиносӣ” дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанҳои таърих ва диншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корманди мақомотҳои ҳокимияти иҷроия кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Таърих. Таърихи дин

Ихтисоси “Таърих. Диншиносӣ” дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанҳои таърих ва диншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корманди мақомонҳои ҳокимияти иҷроия кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

Ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалӣ” дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур соҳаҳои рӯзмараи кишвар (Вазорати корҳои хориҷӣ, тарҷумон, мақомоти худидораи маҳалии давлатӣ) кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Идораи давлат ва ҳуқуқ

Ихтисоси “Идораи давлат ва ҳуқуқ” дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур соҳаҳои рӯзмараи кишвар (донишгоҳҳо, мақомотҳои қудратӣ, мақомоти худидораи маҳалии давлатӣ) кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Сиёсат ва идораи давлатӣ

Ихтисоси “Сиёсат ва идораи давлатӣ” дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур соҳаҳои рӯзмараи кишвар (донишгоҳҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия) кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-уми Май
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-54
E-mail: tarikh.huquq@kgu.tj