KGU

Иқтисод ва идора

Факултети иқтисод ва идора

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети Иқтисод ва идора як ҷузъи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои иқтисодии кишвар ҳиссаи арзанда дорад.

Факултети иқтисод ва идора 6-уми апрели соли 2014 бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти №57 таъсис дода шуда, яке аз факултаҳои калонтарини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Дар факултет айни замон 64 - нафар омӯзгорон ва кормандони техникӣ, аз ҷумла профессорон, докторони илм, дотсентон, номзадони илм, муаллимони калон ва ассистентон кору фаъолият мекунанд. Аз онҳо: 1- нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (ҳамкори беруна), 7- нафар н.и.и., дотсент, 3- нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 14- нафар муаллими калон 35 - нафар ассистент, 1- нафар мудири кабинет, 1- нафар лаборанти калон ва 1 – нафар коргузори факулта.

Шумораи умуми донишҷӯён дар факултет – 728 нафар буда, аз ин миқдор:

- 540 нафар донишҷӯ дар таълими рӯзона;
- 169 нафар донишҷӯ дар таълими фосилавӣ;                 
- 6 нафар дар зинаи магистратура;
- 15 нафар дар зинаи докторантураи PhD таҳсил намуда истодаанд.

Дар факултет синфхонаҳои муҷаҳаз бо технологияҳои инноватсионии муосир мавҷуд аст, аз ҷумла 4 - адад синфхонаи бо тахтаи электронӣ ва проектор ҷиҳозонидашуда, 1 – синфхонаи компютерӣ бо –20 адад компютер ва синфхонаҳои фаннӣ. Омӯзгорони факулта машғулиятҳои назариявӣ ва амалии худро бо истифода аз технологияҳои муосир ва воситаҳои аёнӣ дар ин синфхонаҳо ба роҳ монда, бо истифода аз шабакаи интернет маълумотҳои заруриро вобаста ба фанҳои таълимӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъолгардонии таълим ба донишҷӯён пешниҳод менамоянд. Инчунин дар кафедраҳои факулта адабиётҳои илмӣ, дастурҳои илмӣ – методӣ, дастур ва воситаҳои таълимӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва дигар маводҳои илмӣ мавҷуданд, ки омӯзгорон аз онҳо барои таҳияи бонки лексияҳо, таълифи мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмӣ ва донишҷӯён барои омода намудани КМД ва КМРО истифода менамоянд.

Дар самти таълиму тарбия ва илм факултаи иқтисод ва идора робитаҳои судманди илмӣ ва робитаро бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба роҳ монда, бо мақсади рушди касбӣ ва донишу малакаи донишҷӯён ҳамкориҳои муфидро бо шӯъбаҳои иқтисодии муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ месозад.

     ФАКУЛТЕТ АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН МУТАХАССИС ТАЙЁР МЕКУНАД:

Факултет аз рӯи се зинаи таҳсилот: бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD мутахассисони баландихтисосро вобаста ба талаботҳои бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:

  1. 1-26-02-02-06 Менеҷменти иҷтимоӣ;
  2. 1-26-02-02-08 Менеҷменти инноватсионӣ;
  3. 1-26-02-03 Маркетинг;
  4. 1-25-01-01-01 Идораи мақомоти маҳаллӣ
  5. 1-25-01-07 Иқтисодиёт ва идора дар корхона;
  6. 1-020402 География;
  7. 1-3102010203 Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат;
  8. 1-890101 Сайёҳат ва меҳмондорӣ;
  9. 1-020405-03 География ва иқтисодиёт.
  10. 6D 050600 – Иқисодиёт;
  11. 6D 051100 – Маркетинг;

Дар факултет айни замон се кафедра: кафедраи менеҷмент ва маркетинг (мудир н.и.п., дотсент Сафарзода М.В), кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ (мудир Ҳакимов А.С.) ва кафедраи география ва сайёҳӣ (мудир н.и.г., дотсент Гадоев Ш.Д.) амал мекунад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3
Телефони корӣ: (+992) 987 22 11 88
E-mail:  r.lutfiya@mail.ru