KGU

Физика ва математика

Факултети Физика ва математика

ФАКУЛТАИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА.png САДОРАТ

     МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

15-августи соли 1945 ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар ибтидои кор донишкада дар ҳайати се факултет: таъриху филология, физика-математика ва табиатшиносию ҷуғрофия ташкил ёфт. Факултети физика ва математика яке аз аввалин факултетҳои донишкада ба ҳисоб мерафт, ки фаъолияташро бо ҳама мушкилотҳои мавҷуда ба роҳ монд.

Дар факултет 6 кафедра амал менамояд:

1.Кафедраи математика ва методикаи таълими он

Кафедра таҳти №13 аз 16-уми январи соли 2018 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов Ҷонмаҳмад Муродович ба уҳда дорад.

2.Кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо

Кафедра аз соли 1981 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физика ва математика,Каримова Назокат Шералиевна ба уҳда дорад.

3.Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ

Кафедра аз соли 2020 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро муаллимаи калон Акрамова Рухшона Ятимовна ба уҳда дорад.

4. Кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо

Кафедра аз соли 2020 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро доктори фалсафа, (PhD) аз рӯи ихтисоси Физика (Педагогика) Парвинаи Усмон Сафарзода ба уҳда дорад.

5. Кафедраи илмҳои компютерӣ

Кафедра таҳти №125 аз 12-уми июни соли 2013 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо Партоевич ба уҳда дорад.

6. Кафедраи методикаи таълими информатика

Кафедра таҳти №180 аз 17-уми августи соли 2021 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Сафаров Сайтоҷиддин Сайкамолович ба уҳда дорад.

Суроға:ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-30-08
E-mail: fizika.matematika@kgu.tj