KGU

Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ

ШӮЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА КОР БО МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сохтори қисми таълим ба ҳисоб рафта, моҳият ва фаъолияти он барои мустаҳкам намудани донишҳои илмӣ-назарӣ ва амалии аз рӯйи ихтисос азбарнамудаи донишҷӯён, инчунин донишҳои андухтаашон дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар раванди таълиму тарбия дар кори мактаб ва дар амал эҷодкорона истифода бурдану такмилу инкишоф додани онҳо равона гардидааст.

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолияти худро тибқи «Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиннома» ва «Низомнома»-и донишгоҳ ба роҳ монда, дар амалӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ саҳмгузор аст.

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ҳамчун сохтори қисми таълим ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- Ҷалби донишҷӯён ба раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ;

- Фароҳам овардани шароит ҷиҳати истифодаи эҷодкоронаи дониш ва рушди маҳорату қобилияти касбии донишҷӯён;

- Мусоидат ба ташаккули ақидаҳои шахсии донишҷӯён оид ба консепсияҳои муосири таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

- Ташаккули қобилияти донишҷӯён барои фаъолияти мустақилона дар самти рушд ва худинкишофдиҳии шахсияти хонандагон, омода намудани онҳо барои фаъолияти навоварӣ (иноватсионӣ) дар соҳаи таҳсилот ва дуруст истифода кардани воситаҳои он;

- Рушди маҳорат ва малакаи донишҷӯён ҷиҳати татбиқи муваффақонаи раванди таълиму тарбия;

- Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ғоявии донишҷӯён, аз худ намудани шаклҳои маъмули фаъолияти тарбияи ғоявӣ;

- Бадастовардани сифатҳои касбии омӯзгори оянда, ки ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ бошанд;

- Тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбат ба касби омӯзгорӣ;

- Ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбии онҳо ҷиҳати аз бар намудани усулҳои муосири таълиму тарбия;

- Татбиқи амалӣ ва таҳкими донишҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд;

- Ба роҳ мондани муносибати педагогии донишҷӯён бо хонандагон ва омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо;

- Коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ ва коркарди натиҷаҳои бадастомада;

-  Мувофиқа намудани муассисаҳои таълимие, ки ҳамчун пойгоҳи баргузории таҷрибаомӯзии педагогӣ муқаррар карда шудаанд, бо раёсати Донишгоҳ;

- Ба тасвиб расонидани шартномаи тарафайн ҷиҳати баргузории тамоми шаклҳои таҷрибаомӯзӣ бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ;

- Таҳия ва тартиб додани нақшаи умумӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ. таълимӣ. истеҳсолӣ, сайёҳӣ ва пешаздипломӣ Донишгоҳ;

-  Ташикилу баргузор намудани конференсияҳои ифтитоҳӣ ва ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар донишгоҳ ва иштирок дар рафти онҳо;

- Назорати фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзии педагогии факултетҳо ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар ин самт;

- Иштироки фаъолона дар баррасии масъалаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ, такмили таҷриба, ташкил ва гузаронидани он дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯроҳои олимони факултетҳо;

- Таҳияи ҳисоботи умумии донишгоҳ оид ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ва ба раёсат пешниҳод намудани он.

Мақсади таҷрибаомӯзӣ

Таҷрибомӯзии педагогии донишҷӯён дар факултетҳои мухталифи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (омӯзгорӣ ва фарҳанг,  филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ, филологияи рус, физика ва математика, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ) аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон- омӯзгорӣ  ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.

Таҷрибаомӯзии педагогӣ заминаи онро фаро меорад, ки донишҷӯён бо иштироки фаъолонаи худ дар корҳои таълимию тарбиявӣ бо хонандагони мактаб иштирок дошта бошанд, бори нахуст аз сирру асрори касби омӯзгорӣ огоҳ шаванд, таҷрибаи омӯзгорони пешқадамро омӯзанд, дар амал татбиқ намудани усулу методҳои фаъол ва технологияи муосири таълимро ёд гиранд ва бо иҷрои чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ дар бешбурди фаъолияти  муассисаҳои таълимӣ саҳми худро гузоранд.

Мақсад ва аҳдофи асосии таҷрибаомӯзии педагогӣ- ҳосил намудани маҳорат ва рушду ташкил додани он, малака ва салоҳияти касбии омӯзгор дар донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Барои ноил гардидан ба чунин мақсад ҳаллу фасли вазифаҳои зерин лозим аст (вазифагузории зерин иқтибос аз Барномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ. – Душанбе: ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2017. - 25 с., мураттибон Алиев С., Нӯъмонов М., Умаров У., Сайфуллоев Х., Холиқов У., Самиев Б.):

1. Фаъолиятро мутобиқи Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондану қоидаҳои тартиботи дохилии онро пурра риоя ва супоришҳои маъмурият ва роҳбарони таҷрибаомӯзиро иҷро намудан;

2. Таҳким бахшидани донишҳои назариявии донишҷӯён, ки дар мактаби олӣ ҳосил кардаанд ва истифода бурда тавонистани онҳо дар ҳалли вазифаҳои мушаххаси педагогӣ ҷиҳати таълиму тарбияи хонандагон;

3. Ташаккул ва инкишоф додани сифатҳои беҳтарини касбии шахсият, малакаву маҳоратҳои педагогӣ ва салоҳияти касбӣ дар зеҳни донишҷӯён (омӯзгорони оянда);

4. Тарбия намудани шавқу рағбат, меҳру муҳаббати доимӣ ва эҳтиром ба касби омӯзгорӣ, эҳтиёҷ ба худомӯзӣ ва муносибати эҷодию таҳқиқӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ дар тафаккури донишҷӯён;

5. Ҷалб намудани донишҷӯён ба фаъолияти амалии педагогӣ, ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои касбие, ки барои самаранок ба роҳ мондани корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва азхуд намудани методикаи таълим ва тарбия заруранд;

6. Азхуд намудани малакаҳои арзёбию баҳодиҳӣ ба фаъолияти педагогии худ (рефлексия), таҳлили танқидии натиҷаҳои кори худ ва мустақилона бартараф кардани нуқсонҳои ҷойдошта;

7. Азхуд кардани мундариҷаи фанни таълимӣ, маҳорату малакаҳои ташкили раванди таълим, шаклҳои мухталифи кори таълимӣ, корҳои беруназсинфӣ, беруназмактабӣ ва тарбиявӣ аз фанни тахассусӣ;

8. Таваҷҷӯҳ ба рушду ташаккули маҳорати ташкили корҳои мустақилонаи хонандагон ҳангоми истифодаи воситаҳои техникии таълим, Интернет ва почтаҳои электронӣ, воситаю маводҳои таълимӣ ва малакаҳои кор бо китоб;

9. Банақшагирии кори роҳбари синф, иҷро намудани вазифаҳои ӯ, кор бо аҳли синф, расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои талабагӣ, гузаронидани корҳои инфиродӣ бо хонандагон ва падару модари онҳо.

10. Омӯхтани кори синфхонаи фаннӣ (кабинет), таҷҳизоти он ва истифодаи онҳо бо мақсади гузаронидани дарс, машғулиятҳои беруназсинфӣ ва дигар корҳои таълимию тарбиявӣ марбут ба фанни тахассусӣ.

11. Омӯхтани таҷрибаи беҳтарин ва пешқадами муаллимони фаннии мактабҳо ва роҳбарони синфҳо.

12. Бо масъулияти баланд муносибат кардан ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун зинаи муҳими омодагии касбӣ-омӯзгорӣ.

________________________________________________________________________________________________________________________________________

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: