KGU

Навид

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов
  • 18.07.2019

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза дар Тоҷикистон талош намуда аз ҳар воқеву ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯх дода, росту дурӯғ “аз пашша фил” месозанд.

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»
  • 17.07.2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:

- Устод, хуш омадед ба идораи мо. Сараввал каме дар бораи худ нақл мекардед.

  • 12.07.2019

Неши ақраб на аз раҳи кин аст...

Тӯли  ду  рўзи охир  дар  бархе  аз  расонаҳо  ва  алалхусус дар фазои  маҷозӣ   баъзе  афрод ва  гурӯҳҳои сиёсие, ки бо ТЭТ ҲНИ иртибот доранд,  пиромуни  қазияи марги 14 нафар зиндониёни масмумшуда  ҳангома  барпо кардан  мехоҳанд. Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа  ин  иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани  мардум ва коҳиш додани ҳусни таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба ниҳодҳои давлатии мо  ҳадафмандона анҷом дода мешавад.
Айни замон аъзои ТЭТ ҲНИ  ва дигар бадхоҳону душманони кишварамон аз қазияи марги маҳбусон ба қавле истифодаи  абзорӣ карда, бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле сабаби марги  ин зиндониёнро мустақиман ба ниҳодҳои  давлатии Тоҷикистон иртибот додан мехоҳанд.  
Чунонки медонед, дар таърихи  7-уми июли соли 2019 аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи корӣ  128 нафар зиндониён, ки аз онҳо 120 нафар мард ва 8 нафар зан буданд, аз Муассисаҳои  ислоҳотии  №№ 3/3 ва 3/5-и  шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи ислоҳотии  № 9/2-и  шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ интиқол дода мешуданд. Ин маҳбусон дар 3 автомашинаи махсус  бо роҳбаладии дастаи посбонон  аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 дақиқа ба шаҳри Душанбе расида буданд.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи  Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон (хлеб)-еро, ки бо худ ҳамчун дастовез  оварда будаст, бо 16 нафар маҳбусони ҳамсафи худ тақсим карда додааст. Бо гузашти тақрибан ним соат  вазъи саломатии 13 нафар аз маҳбусоне, ки аз ин нон  истифодаи карда будаанд, ба тадриҷ тағйир ёфта, дар онҳо ҳолати далбеҳузурӣ, сарчархзанӣ ва қайкунӣ мушоҳида шудааст. Соати 18:20 дақиқа,  ҳангоме ки қатораи мошинҳо вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардида  будааст,  вазъи маҳбусоне, ки аз нони заҳролуд истифода карда будаанд, ба шиддат бад мешавад. Аксари онҳо аз ҳуш рафта будаанд.  Соати 18:25 дақиқа бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ барои кӯмак  меоянд. Аммо новобаста ба чораҷӯиҳои тиббӣ табибон фақат 2 нафар маҳбусро метавонанд наҷот диҳанд. 14 нафар аз маҳбусони масмумшуда фавтиданд.
Заҳролуд кардан ва ба қатл расондани маҳбусон албатта кори дасти душманон аст, ки мехоҳанд Ҳукуматро бадном кунанд ва мардумро ба шур оранд. Барои онҳо фарқ надорад, ки киро мекушанд. Муҳимаш ба мақсадҳои ифлоси худ расанд. Амали онҳо баёнгари разолату палидии онҳост. Инҳо мисли ҳамон ақрабанд, ки муқтазои табиаташон неш задан аст.
    Мутобиқи гузориши мазкур қазияи заҳролудшавии маҳбусон ва талаф ёфтани 14 нафар маҳбус  феълан аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дорад. Доир ба таҳқиқи ин масъала гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Мутмаинем, ки дар фурсати кутоҳтарин гунаҳкорон, онҳое ки маҳбусонро бо додани нони заҳролуд ба қатл расондаанд, пайдо мегарданд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Айни замон сабабҳои ин қазия ва омилҳои ин ҷиноят дақиқан ошкор нашудаанд, аммо тааҷҷуббарангез аст, ки бо вуҷуди  ҳанӯз норӯшан будани масъала баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ ва мухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯё маҳбусони мазкур ҳадафмандона аз тарафи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо зарби мушту лагад кушта шуда бошанд.  Бо мушоҳидаи ин гуна тавзеҳ додани қазияи ҳанӯз нокушода ва рафтори муғризонаи пайравони ТЭТ ҲНИ  метавон  ба чунин хулоса омад, ки онҳо аз мусибати  имрӯзи ҷомеаи  мо аслан ба нафъи худ ҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки сомонаҳои  интернетие чун “Ахборком”, “Паёмнет”, “Озодӣ” ва ашхосе чун Амруллои Низом  аз марги ин маҳбусон на фақат ғамгин нестанд, балки ин қазияро хурсандона ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, бар алайҳи рақибони худ истифода бурдан мехоҳанд.
Чунин ба назар мерасад, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯ ва фурсатталаб ҳастанд, ки аз ҳама чӣ ва ҳама лаҳза ба нафъи худ мехоҳанд фоида бибаранд. Ин қабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳои ҳамешагиашон дар бораи арзишҳои исломӣ наметавонанд ба ягон арзиши воло ва муқаддасоте сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар паи манфиатҷӯӣ ва ҷоҳу ҷалоли хешанд.
Бубинед, ки ин фурсатталабон мехоҳанд ҳатто аз марги маҳбусон ва мусибати хонаводагии онҳо ба нафъи худ истифода кунанд. Ба ин хотир ҳатто омодаанд, ки бидуни доштани ҳеҷ далеле як қазияи фоҷиавиро ҳамчун  саҳнаи тарроҳишуда тасвир карда, аз ин фоҷеаи зиндониён  саҳнаи  сиёсӣ созанд ва ба ин васила номи Ватани худро  дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ намоянд. Аз рӯи инсоф бигӯед, ки оё одами боимон чунин коре метавонад анҷом диҳад?
Имрӯз баъзе аз ин ашхоси фурсатталаб бо ҳангомасозиҳои  сиёсии худ ин маҳбусони фавтидаро  ҳатто дар гўр ҳам ором гузоштан намехоҳанд.
Дар хитоб ба ин наҳзатиҳои  ҳангомаҷӯ  гуфтанӣ ҳастем, ки монед ин бечорагонро  дар гӯрашон  ором бихобанд.  Аз мусибати онҳо манфиат наҷӯед!  Аз ҷанозаи мардум  барои худ василаи худнамоӣ насозед!  
Хусрави  Шерзод
08.07.2019


  • 08.07.2019

Маркази матбуоти СРИҶҶ ВА ҶТ хабар медиҳад

Санаи 07-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода мешуданд.

Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45 аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 ба шаҳри Душанбе расид.

Тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд.

Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузўрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд.

Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли  имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 14 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 114 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.

Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф  ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Руйхати маҳбусони фавтида:

Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т.10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
Буриев Далерҷон Бозорович, с.т.16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т.13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
Ҳайдаров Некрўз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.
Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён.
Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.





  • 04.07.2019

МИД Таджикистана обвинил «Радио Свобода» в пропаганде экстремизма

Министерство иностранных дел Таджикистана обвинило «Радио Свобода» и, в частности, ее таджикскую службу «Радио Озоди» в пропаганде экстремистской идеологии. Такое заявление опубликовано 3 июля на сайте внешнеполитического ведомства.
В заявлении говорится, что радиостанция в своих публикациях искажает реалии политической, экономической, социальной и культурной жизни Таджикистана, предлагая читателям информацию, «далекую от правды», а также пропагандирует идеологию лидеров и активистов оппозиционных Партии исламского возрождения Таджикистана (ПИВТ) и «Группы 24», которые запрещены в республике как террористические.
Публикации сайта радиостанции в заявлении МИДа называются «скандальными» и «провокационными», «необоснованными» и «противоречащими журналистской этике», хотя конкретные примеры дипломаты не приводят. «Журналисты обязаны распространять информацию, основанную на доказательствах, и предоставлять доступ к реальным новостям», — поучают в таджикском МИДе местную редакцию «Радио Свобода».
26 июня таджикский МИД отозвал аккредитацию журналиста и видеооператора «Озоди» Баротали Назарова (Барот Юсуфи), по объяснению представителя властей, из-за упоминания в репортажах ПИВТ.
За Юсуфи вступились ОБСЕ и Комитет по защите журналистов, а в редакции решение объяснили попыткой правительства страны установить контроль за независимой прессой. Еще четверо журналистов «Озоди» с 2017 года ждут решения МИДа о продлении аккредитации.
Отметим, что оценка информационной политики сайта официальными таджикскими властями изменилась после того, как поменялось руководство редакции «Озоди». Прежнего главного редактора Соджиду Джахфарову правозащитники и западные исследователи Центральной Азии обвинялив сотрудничестве с властями, что в апреле стало причиной смены руководителей программ Центральной Азии и таджикского бюро.
Головной офис в США решил, что под руководством Джахфаровой сайт «Озоди» стал ангажированным, превратился в инструмент поддержки таджикского правительства и перестал отвечать миссии обеспечения читателей объективной информацией и продвижения общечеловеческих ценностей, в том числе демократии и прав человека. Косвенным признаком взаимопонимания с властями стал переезд редакции в офис бизнес-центра «Созидание», принадлежащего алюминиевой компании ТАЛКО и коммерческим структурам бизнесмена Хасана Асадуллозода, шурина президента Таджикистана Эмомали Рахмона.
После Джахфаровой «Озоди» возглавил известный таджикский писатель и журналист, ветеран «Радио Свобода» Салим Аюбзод, который с 2015 года руководил центральноазиатской службой новостей.​