KGU

Шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ

Шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ

Шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 18.02.2019 №24 дар заминаи шуъбаи магистратура ва  докторантураи PhD таъсис дода шудааст. Магистратура ва  докторантураи PhD зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ таъмин кардан мебошад. Таъсис додани магистратура ва  докторантураи PhD - и таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намудан, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Магистратура ва  докторантураи PhD бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура доранд ва ё имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда мешавад, дар  зинаи докторантураи PhD се сол муқаррар гардидааст.


Ҳайати кормандон

Зулфиев Зулфиев Гадомад
Сардори шуъба   
номзади илмҳои филологӣ






Бадалов.pngБадалов Исфандиёр 

Сармутахассиси шуъбаи ТАКИП





НЕКРУЗҚурбонов Некрӯз 

Мутахассис 
 




Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, утоқи №302-304
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-59-63
E_mail:  aspirantura@kgu.tj