KGU

Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ

Дабирхонаи донишгоҳ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомнома ва Оинномаи Донишгоҳ фаъолият мекунад.

Шӯъбаи дабирхона яке аз қисмҳои асосии сохтори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз инҳо иборат аст:

-  қабулу ирсоли ҳуҷҷатҳо ва мактубҳо;

- бақайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намудани ҳуҷҷату  аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон, назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо;

- бо фармону дастурҳо шинос намудани кормандони донишгоҳ;

- ба роҳбарият пешниҳод намудани маълумот оид ба коргузорӣ ва назорат аз болои иҷрои он;

- кӯмаки методӣ оид ба тарзи коргузорӣ дар сохторҳои дигари донишгоҳ;

- пешниҳоди мушаххас оид ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи  нав дар шуъба;

- такмили ихтисос таҳияи дастурҳо оид ба вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилӣ ва бойгонӣ. 

Ҳамарӯза дабирхона кори худро аз бақайдгирии хуҷҷатхои  дохилии донишгоҳ ва мактубҳои воридотию содиротӣ ва инчунин,  фармонҳои аз ҷониби ректори донишгоҳ ба шуъба воридшуда  оғоз менамояд. Баъди пешниҳод  ба ректори донишгоҳ  ин ҳуҷҷатҳо ба шуъбаҳо  ирсол гардида  ба шахсони муттасадӣ бурда расонида мешаванд. 

Мудири шуъбаи умумӣ

Вазифаҳои хизматӣ: Ба вазифаи мудири шуъбаи умумӣ номзади илм ва корманде, ки 3 соли охир дар ҳамин Донишгоҳ кору фаъолият кардааст, бо фармони Ректори Донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

1. Ба рох мондан ва такмил додани коргузорӣ дар шуъба;
2. Ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо;
3. Назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатхо ва фармоишҳои ташкилоти болоӣ, фармонҳои роҳбарияти донишгоҳ ва аризаю пешниҳодҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон;
4. Ташкил ва ба рох мондани тарзи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва нигохдории ҳуҷҷатҳои муҳлатҳои истифодабариашон ба итмомрасида;
5. Шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири шуъбаи таъмини ҳуҷҷатхо, назорати дохилӣ аз тарафи ректори донишгох ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
6. Ташкил ва зери назорат гирифтани масъалахое, ки пурра ҳаллу фасл шудаанд ва муҳлати иҷроишашон ба итмом расидааства пешниҳоди маълумотнома ба ректори донишгоҳ оид ба воридот ва содироти мактубҳо;

                                                               Мудири шуъба ҳуқуқ дорад: 

- масъалахои коргузориро ба рох монда, иҷрои ҳуҷҷатҳоро назорат намояд;
- аз дигар шуъбаҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо. пешниҳоду аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд.

                                                               Ӯҳдадориҳои мудири шуъба:

- қабулу ирсоли ҳуҷҷатҳо ва мактубҳо:

- ба қайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба рохбарияти Донишгоҳ пешниҳод намудани ҳуҷҷату аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон, назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо:

- бо фармону дастурҳо шинос намудани кормандони донишгоҳ;

- ба роҳбарият пешниҳод намудани маълумот оид ба коргузорӣ ва назорат аз болои иҷрои он:

- кумаки методӣоид ба тарзи коргузорӣ дар сохторҳои дигари донишгоҳ;

- пешниходи мушаххас оид ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи нав дар шуъба;

- такмили ихтисос, таҳияи дастурҳо оид ба вазифахои хидматии кормандони шуъбаи таъмини ҳуҷҷатхо, назорати дохилӣ.

Эзоҳ: иҷрои пурра ин ё он масъаларо иҷрокунандаи супориш дар мувофиқа ба мудири шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилӣ  ба ректори донишгох пешниход менамояд. Дар мавриди ҳалли масъала бо супориши ректор масъала аз назорат гирифта шуда, ба бойгонӣ супорида мешавад.

Бояд донад: қоидаҳои асосии ҳуҷҷатгузорӣ, дастурамалҳо доир ба ҳуҷҷатгузорӣ, сохтори донишгох.

Талаботи тахассусӣ: маълумоти олӣ, собиқаи корӣ дар сохторҳои донишгоҳ, курси махсуси компютерӣ.

                                                               Мутахассис 

- вазифаҳои техникиро доир ба таъмини кори пурмаҳсули рек­тори донишгоҳ ичро менамояд:

- бо компютер ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ карда ба шуъбахои дахлдор мерасонад;

- ҳуҷҷатҳоро ҷобаҷо карда ба бойгонии донишгоҳ месупорад:

- ҳуччатҳои доимо истифодабарандаи шуъбаро дар бойгонии ҷорӣ ба танзим дароварда,  амнияти онҳоро ҳифз менамояд:

Бояд донад: қоидаи ҳуччатгузории донишгоҳро пурра донад.

Талаботи тахассусй: маълумоти олӣ, собикаи корӣ дар вазифахои дигар доир ба кори ҳуҷҷатгузорӣ, курси махсуси компютерӣ.

                                                               Хаткашон

- ҳуҷҷатҳои лозимиро сари вакт ба суроғаҳои лозимӣ расонад;

- аз шуъбаи алоқа мактубҳои арзишнокро бо имзо гирифта метавонад:

- мактубҳои содиротиро ба қайдгирифта, ба шуъбаи алока мефиристонад:

- ҳуҷҷатҳои лозимиро ба мутахассисҳои дахлдори болоӣ  расонад:

- мактубҳои ба донишгоҳ воридшударо ба танзим дароварда, онҳоро ба шуъбаҳои дахлдор сари вақт расонад:

Ҳоло дар шуъбаи умумӣ 3 нафар корманд кор ва фаъолият доранд: 

1. Мудири шуъба: Носирова Оламбӣ

2. Хаткашон: Сиҷоатова Адолат Зикриёевна

2. Ҳуҷҷатгузор: Одинаева Давлатбӣ Ҳабибовна


Ҳайати кормандон

Носирова

Носирова Оламбӣ 
   мудири шуъба

 



Сичоатова.png



Сиҷоатова Адолат 
    хаткашон







Одинаева.png

Одинаева Давлатбӣ 
     ҳуҷҷатгузор

  

Реҷаи корӣ:

Душанбе                     аз 08:00   то 17:00
Сешанбе                     аз 08:00   то 17:00
Чоршанбе                   аз 08:00   то 17:00
Панҷшанбе                 аз 08:00   то 17:00
Ҷумъа                          аз 08:00   то 17:00
Шанбе                          аз 08:00   то 14:00
Хуроки нисфирӯзӣ:     аз 12:00 то 13:00
Рӯзи истироҳат:           якшанбе

            

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи якум, утоқи 108.
Тел: (+992 8 33 22) 2-36-26
E-mail: dabirkhona@kgu.tj