KGU

Ихтисосҳо

     Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факултет соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:

1. 1-25 01 08 03 - «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ », касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3500 сомонӣ;
2. 1-25 01 04 - “Молия ва қарз - », касб: молия-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3300 сомонӣ;
3. 1-25 01 04 02 - «Кори бонкӣ», касб: иқтисодчӣ-бонкдор, шартномаи таҳсил – 3300 сомонӣ;
4. 1-25 01 04 03 - «Андоз ва андозбандӣ», касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3600 сомонӣ;
5. 1-25 01 03 - «Иқтисодиёти ҷаҳон», касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3600 сомонӣ;
6. 1-26 02 02 06 - «Менеҷменти иҷтимоӣ», касб: менеҷер-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3300 сомонӣ;
7. 1-26 02 03 - «Маркетинг», касб: маркетолог-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3300 сомонӣ;
8. 1-26 01 01 01 - «Идораи мақомоти маҳаллӣ», касб: иқтисодчӣ-менеҷер, шартномаи таҳсил – 3600 сомонӣ;
9. 1-25 01 07 - «Иқтисодиёт ва идора дар корхона», касб: иқтисодчӣ-менеҷер, шартномаи таҳсил – 3500 сомонӣ;
10. 1-25 01 07 15 - «Иқтисодиёт ва идора дар КАС», касб: иқтисодчӣ-менеҷер, шартномаи таҳсил – 3000 сомонӣ (мӯҳлати амал то соли 2019)*;
11. 1-25 01 07 28 - «Иқтисодиёт ва идора дар КХМ», касб: иқтисодчӣ-менеҷер, шартномаи таҳсил – 3000 сомонӣ (мӯҳлати амал то соли 2019)*;
12. 1-25 02 02 08 - «Менеҷменти инвеститсионӣ», касб: менеҷер-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3000 сомонӣ (мӯҳлати амал то соли 2019)*;

*Эзоҳ: Мӯҳлати литсензияи се ихтисосе, ки дар охири ҷадвал оварда шудаанд дар соли 2019 ба анҷом мерсад.

        Ихтисосҳои факултет ихтисосҳои замонавӣ буда, вобаста ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ дар соли 2010 дар заминаи собиқ факултети иқтисодӣ ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.