KGU

Дастовардҳои факултет

ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ

Дастовард1

Санаи 17.03.2020  ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар сатҳи донишгоҳ баргузор гардид ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ дар озмуни Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва оростани хони наврӯзӣ сазовори ҶОИ АВВАЛ гардида,  бо “ИФТИХОРНОМА”-и донишгоҳ сарфароз гардиданд.



Дастовард2


СИПОСНОМА-и донишгоҳ ба мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ н.и.и., дотсент Куганов Н.К. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсод дар соҳаи маориф ва саҳми муносиб гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 17.03.2020 сарфароз гардонида шуд.



Дастовард3

Санаи 26.11.2020 декани факултет н.и.и., дотсент Каҷкулоев А.Ф. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, таёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.


Дастовард8

Санаи 26.11.2020 омӯзгори кафедраи молия ва қарз, сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Гулов Р. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, таёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Дастовард4

Санаи 18.10.2020 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи вилоятӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид, ки ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Моҳираи Ҷурахон сазовори ҶОИ ЯКУМ ва Диплом гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.



Дастовард5

Санаи 26.11.2020 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ н.и.и., дотсент Куганов Н.К. бахшида ба 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо «ИФТИХОРНОМА»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.



Дастовард6

МОНОГРАФИЯИ н.и.и, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз Комилов Н.Б. зери унвони: “Такмили механизми танзими давлатии истифодаи захираҳои заминҳои кишоварзӣ” бо қарори Шӯрои илмӣ-методии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ аз 27.11.2020, №3-3/5 нашр шуд.



Дастовард7

КИТОБИ  Исмоилзода Муҳаммад Мустафо - донишҷӯи курси якум, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, гурӯҳи таълимии 110 зери унвони: “MOTIVATIONAL STORIES OF THE LIFE” (Қиссаҳои ҳавасмандкунонии ҳаёт) бо забони аглисӣ, зери таҳрири номзадони илмҳои филологӣ, дотсентон Холиқзода А. ва Ҷурақулов А., ва Раҷабов Ё. соли 2020 аз нашр баромад.

Китоб 100 мавзӯъ ва қиссаҳоеро дар бар мегирад, ки хонандаро барои хушбахтона зиндагӣ кардан ҳавасманд мегардонад.