KGU

Навид



  • 26.06.2019

Фирори модари тоҷик аз “дӯзах”-и ДИИШ

Нооромиҳо дар Шарқи Наздик ҳазорҳо сокинони кишварҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба коми худ фурӯ бурдааст. Бисёриҳо бо сабаби ҷаҳлу бесаводӣ, ҳирси молу ба даст овардани маблағи ҳангуфт фирефта шуда, аввал ба Ҷумҳурии Туркия аз он ҷо ба хоки Шому Ироқ бурда шудаанд. Қаҳрамони мусоҳибаи мо Зайнура Толибова низ аз он зумра мебошад, ки азобу уқубати майдонҳои ҷанг, зулму ситами ба ном мусулмонон ва ҳомиёни шариатро, даҳшати терроризму террористонро бо чашми  сар дидааст.
Бовар дорем, он чи ки Зайнура нақл мекунад, ҳар яки моро бори дигар ба андеша мебарад, то фикри осоиштагии диёр, шукри тинҷиву осудагии Тоҷикистонро кунем. Инак фишурдае аз рӯзгори мудҳиши як зани тоҷик дар минтақаҳои таҳти идораи ДИИШ.

- Зайнура, бигӯед, ки ҳамааш аз чи сар шуд?

- Ман соли 2009 баъди хатми мактаби миёна ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт - ¬Петербург рафта, дар мағозаи бародарам машғули кор шудам. Қисмат будааст, бо Абдулбек ном ҷавони чечен, ки дар шафати дӯкони мо мевафурӯшї мекард, шинос шуда, баъдан издивоҷ кардем.
Шавҳарам инсони хубу меҳрубон ва мусалмони муқаррарї буд. Дар зиндагию рӯзгор мушкиле надоштем, то он замоне, ки шавҳарам бо ду шаҳрванди Тоҷикистон - Илҳом ва Насим шинос шуд. Онҳо Абдулбекро ба масҷиди дохили бозори «Апраксин двор» бурда, ба ҷамъияти «Таблиғ» ҷалб карданд. Тадриҷан дар ҳаёти шавҳарам тағйирот пайдо шудан гирифт. Риш гузошт ва ба пӯшидани либосҳои  мазҳабї, омӯзишї маромномаи ҷамъияти мазкур сар кард. Муносибаташ бо атрофиён рӯз аз рӯз дурушт мегардид. Бо ин сабаб дар ягон ҷо кори муносиб дарёфт карда наметавонист. Абдулбек ба фурӯши атриёт дар масҷидҳо ва истгоҳҳои метро шуруъ кард, ба хона кам меомадагї шуд. Волидонаш, ки дар шаҳри Грозний зиндагӣ мекарданд пайваста ба ӯ насиҳат менамуданд, ки аз чунин рафтор худдорӣ намояд.


- Ба Сурияву Ироқ чи хел афтодед?

- Дӯстони шавҳарам Илҳом ва Насим соли 2013 ба Ҷумҳурии Туркия рафта, Абдулбекро низ пайваста даъват мекарданд, ки ба Туркия равад. Ваъда медоданд, ки дар Истанбул ҷойи кори муносиб мутобиқ ба аркони шариат зиёд мебошад. Бо кӯмаки молии Илҳом ва Насим шавҳарам аввал ману ду фарзандамро тариқи хатсайри Санкт-Петербург - Киев - Истамбул ба Туркия фиристод худаш пасон баъд аз ҳал кардани баъзе мушкилоти олилавӣ омад. Давоми якчанд моҳ дар хонаи иҷоранамудаи Илҳом ва Насим, ки бо ҳамсаронашон мезистанд, истиқомат кардем. Шавҳарам бо шаҳрвандони Узбекистон дар маркази аъзои ДИИШ бо номи «Дернек» пайваста вохӯрӣ карда, бобати сафарбар шудан ба Сурия маслиҳат менамуд. Аз масъалаи мазкур ман ҳам тавассути дугонаҳоям воқиф шудам. Баъди чанде Илҳому Насим оилавӣ ба Сурия рафтанд. Шавҳарамро низ пайваста даъват менамуданд.
Баъди даъватҳои зиёд шавҳарам барои рафтан ба Сурия моил шуд. Ба ман ҳам таъкид менамуд, ки дар Сурия зиндагии хубу ширин тибқи меъёрҳои шариати ислом сохта шудааст ва пешниҳод менамуд, ки ба он давлати “хилофат” рафта тибқи талаботи шариат ҳаёт ба сар барем. Бовар мекунонд, ки дар сурати мавҷуд будани шароити бад, дубора ба Туркия баргашта, зистамонро идома медиҳем. Ман пешниҳодҳои ӯро рад мекардам. Баъдан шавҳарам ба таҳдид кардан гузашт. Бори охир гуфт, ки дар сурати ҳамроҳи ӯ нарафтанам, фарзандонро бо худ гирифта мебарад. Илоҷе наёфта, тақрибан моҳи январи соли 2014 бо мусоидати Илҳом ва Насим ба шаҳри Идлиби Сурия рафтем.

- Шуморо дар он ҷо кӣ қабул кард, ҳамон Илҳом ва Насим?

- Дар он ҷо моро ҷангиёни мусаллаҳ ба минтақаи Риф-Муҳандисини Идлиб бурданд. Дар ин мавзеъ шаҳрвандони тоҷик зиёд буданд. Бештари онҳо аъзои собиқ ҲНИ мебошанд, ки бо роҳбарии Табаров Амриддин аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, ба ташкилоти террористии “Ансоруллоҳ” шомил шудаанд. Онҳо баъдан бо тавсияи роҳбари кунунии ин ташкилот аз Афғонистон тариқи Эрон ва Ироқ ба Сурия омада, ба сафи ТБТ ДИИШ пайвастанд. Ҷангиёни тоҷики «Ансоруллоҳ» ба «Ҷабҳат-ан-Нусра», ки қаноти ДИИШ буд, итоат мекарданд.

- Кай пушаймон шудед?

- Бо якчанд зани тоҷик ҳамсуҳбат гаштам. Онҳо маро сарзаниш мекарданд, ки чи хел гумроҳ шуда ба ин сарзамини ҷангзада ворид шудаам. Яке аз занҳои тоҷик бо номи Фотима аз ноҳияи Исфара зикр намуд, ки шавҳараш аъзои “Ансоруллоҳ” буд, бо супориши Табаров А. хост дар Тоҷикистон амали террористӣ анҷом диҳад, аммо аз ҷониби қувваҳои амниятӣ кушта шуд. Баъди ҳалокати шавҳар оилааш парешон шуда, фарзандони ноболиғаш, ки ҳамаги 12 ва 14 сол доранд дар сафи ташкилоти Ҷабҳат­ан­Нусра маҷбуран меҷанганд.
Баъди шунидани нақлҳои даҳшатноки ин модарон дилам то чанд аз ин кишвари “хилофат” сард шудан гирифт. Аммо аллакай дер шуда буд, зеро шавҳарамро дар минтақаи Риф-Муҳандисини Идлиби Сурия ба курси якмоҳаи тайёрии ҷангӣ (муаскара) даъват карда, ба ДИИШ «байъат» намуд. Баъди гузаштани курсҳои мазкур ва шоҳид шудани якчанд ноадолатиҳо дили шавҳарам низ аз ин кишвари бо ном исломӣ куллан монд.
Фанду фиреб байни мусалмонон, ноадолатӣ, ваҳшоният, қатлу куштори кӯдакону модарони бегуноҳ, маҷбуркунонӣ ва дигар рафтори бо ном “исломиҳо”, ки аз гуфтанаш шарм мекунам ман ва шавҳарамро куллан дилсард намуд. Бояд эътироф намоям, ки ҳама он тоҷиконе, ки дар Сурия бо мо қарор доштанд баъди гузаштани андаке вақт пӯшаймон шуда, мақсади бозгашт ба Ватанро мекарданд, аммо роҳбарони ДИИШ онҳоро таҳдид ба қатл ва ҳукми зиндон намуда, аз фирор кардан бозмедоштанд.

- Нияти фирор аз он макони ҷангзадаву мудҳишро накардед?

- Шавҳарам мақсади фирор намуданро дошт. Дар ин хусус танҳо бо ман маслиҳат кард. Ва худро мариз вонамуд карда, аз иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ худдорӣ намуд. Сипас, ба ҳайси барқчӣ ва тақсимгари хӯрока ба кор ҷалб шуд.
Баъди чанде байни гуруҳҳои террористии «Ҷабҳат – ¬ан - ¬Нусра» ва ДИИШ ихтилоф сар зад. «Ҷабҳат - ан-Нусра» аъзоёни ДИИШ -ро «хавориҷ» ва ДИИШ онҳоро «муртад» меномид.
Бо пешниҳоди шавҳарам моҳи апрели 2014 кӯшиши фирор ба Туркияро намудем. Аммо ба дасти ҷангиёни «Ҷабҳат¬-ан¬-Нусра» афтодем. Моро мавриди шиканҷа қарор доданд. Маротибаи дуюм моҳи ноябри соли 2014 бо ёрии сокинони таҳҷоии Риф–Муҳандисин бо 10 оилаи чун мо фиребхӯрда ба шаҳри Раққаи Сурия, ки дар ихтиёри ДИИШ буд, фирор кардем ва мехостем, ки баъдан, аз минтақаи Талавияти Сурия ба Туркия гузарем. Дар минтақаи Талавият моро аъзои ДИИШ дастгир карда, ба шаҳри Раққа бурданд ва дар таҳхона ҷой карда, гуфтанд, ки агар ба ин ташкилот аъзо шавем ва дар минтақаҳои зери нуфузи он тақсим гардида, бо хона  ва маош таъмин мегардем. Аз ноилоҷї ба пешниҳоди онҳо розӣ шуда, баъди ҳафтае ба деҳаи Табқаи шаҳри Раққа интиқол ёфтем. Дар ҳамин шаҳр 21 апрели соли 2015 фарзанди сеюмам Асия ба дунё омад.

- Тоҷикони бо номи Илҳом ва Насимро, ки сабабгори ин ҳама саргардонии шумо буданд, дигар вонахӯрдед?

- Танҳо Илҳомро вохӯрдем. Дар минтақаи Табқаи Сурия бештар тоҷикон истиқомат мекарданд. Илҳом амири тоҷикони шаҳри Раққа интихоб шуда буд. Ҷонибдоронаш дар минтақаи Табқа ва маҳаллаи Қадисияи Раққа мезистанд. Дар он минтақа тоҷикон як биноро ба ихтиёри худ гирифта буданд. Тобистони соли 2015 дар натиҷаи бомбапартоиҳо Илҳом ҳамроҳи ҷонибдоронаш дар он бино кушта шуданд.
Соли 2015 бо ёрии як араби муқими Сурия, ки бо маблағи 200 доллари ИМА шаҳрвандони хоҳишмандро аз як минтақа ба дигар ҷой мерасонд, кӯшиши гурехтанро кардем. Дар роҳ то ба минтақаи Бисейраи Раққа норасида, аз ҷониби амниятиҳои ДИИШ дастгир гардидем. Моро ба хонаамон баргардонида шавҳарамро муддати 3 рӯз зиндонӣ карданд ва огоҳӣ доданд, ки дар сурати такрор ёфтани амалаш ба қатл хоҳанд расонид.

- Ҳуқуқи шумо мувофиқи қонунҳои шариат риоя мешуд ё..?

- Ду солу шаш моҳ дар шаҳри Табқа истиқомат кардем. Ҳаёт ба мисли як маҳбасхона буд. Ҳуқуқи шахс умуман риоя намегардид. Ҳар он чизе ки бо ном «амири мусалмонон» фармоиш медиҳад, онро бояд анҷом бидиҳӣ. Кӯдакон аз таҳсил дур монда, бо аҳолӣ ба монанди як тӯдаи ҳайвонҳо муомила сурат мегирифт. Ҳама масъала аз нигоҳи танг баҳогузорӣ мешуд. Касе сабаби ҷорӣ гардидани чунин қонуну қоидаҳои мавҷударо пурсида наметавонист. Дар гармии тобистон занонро маҷбур месохтанд, ки ҳиҷоб (хамар) ва дастпуш (фуф) пушанд.
То соли 2016 дар Табқа беморхонаҳо, шуъбаҳои пулис, амният аз ҷониби аъзои ДИИШ фаъолият мекарданд. Вазифаҳои баланду сердаромадро арабҳо соҳиб буда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусан тоҷикон ба ҳайси маргталаб, ҷанговар истифода мешуданд.
Амирони ДИИШ дар муҳорибаҳо иштирок накарда, аз утоқи  худ амалиётро назорат мекарданду фармон медоданд. Ин ҳама боиси шубҳаю норозигии бархе ҷангиён аз ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон нисбат ба ДИИШ мегардид. Роҳбарияти ДИИШ шахсонеро, ки бо қарорҳои онҳо мухолифат макарданд пинҳонӣ ба қатл расонида, ба наздиконашон мегуфатанд, ки зимни амалиёти ҷангӣ шаҳид гардидаст.
Моҳи августи соли 2016 шавҳарам низ аз ҷониби террористони ДИИШ кушта шуд, аммо ба ман хабар доданд, ки ӯ дар натиҷаи бомбапартоиҳои тайёраҳои ҷангӣ кушта шудааст. Шавҳарамро бидуни шӯстан ва ҷаноза бурда гуронданд.

- Зиндагии баъди ҳалокати шавҳар чи гуна буд?

- Ҳаёти оилавии баъди вафоти шавҳарам мушкил гардидан гирифт. Роҳбарияти ДИИШ хонаҳои махсус «Мактабу шуҳадо»­ро ташкил карда буданд, ки дар он бевазанҳо истиқомат мекарданд. Ман низ маҷбуран ба он аъзо шудам.
Мардҳои безан ба он хонаҳо омада занҳои ба худ маъқулро интихоб ва бо никоҳи муваққатӣ ба занӣ мегирифтанд. Бо сабаби бад будани шароити зист дар хонаҳои мазкур, набудани маводи хурока духтарони ҷавон ба мардони пири арабу африқоӣ ба занӣ дода мешуданд. Баъдан маълум гардид, ки баъзе аз духтарони ҷавони 13­16 соларо роҳбарияти ДИИШ ба ҷангиёни хориҷӣ бо нархҳои гарон мефурӯхатааст.
Дар «Мактабу шуҳадо» бевазанҳо дар шакли гурӯҳҳои 20-нафарї истиқомат менамудем. Роҳбарии хонаро як мард ба уҳда мегирифт. Роҳбари мо шаҳрванди Узбекистон бо номи Мустафо буд. Ӯ худро дар ҳузури омма шахси имондор вонамуд карда, дар хилват тамоми аъмоли фаҳшро бо занон раво медид. Мегуфт, ки тамоми ҳуқуқи шавҳар ба ӯ аз ҷониби худи «халифа» Абӯбакр – ал - Бағдодӣ дода шудааст. Бо сабаби пайваста мавриди шиканҷаи шаҳвонӣ қарор гирифтани занон, кӯшиш менамудем, ки ба ягон мард издивоҷ карда аз ин ваҳшоният халос гарем. Баъди даҳ моҳи марги шавҳарам, ноилоҷ бо Бақит ном шаҳрванди қиргиз издивоҷ кардам. Якҷо бо ӯ низ кӯшиши гурехтанро барномарезӣ кардем.
Соли 2017 низомиёни ИМА муштаракан бо ҷангиёни курд дар ш.Табқа амалиёти низомӣ оғоз карданд. Бо истифода аз фурсати қулай ҳамроҳ бо дигар сокинони шаҳр ба минтақаи Кишмаи Дайр-уз-зор кӯч бастем. Зуд-зуд бар асари ҳуҷумҳо ҷои иқомат тағйир дода, ақибнишинӣ менамудем.

- Дар чунин шароит вазъи хурду хӯрокатон чи гуна буд?

- Занону кӯдакон аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Ҳафтаҳо ғизое намеёфтем. Дар ҳоле ки дар анборҳои ДИИШ халтаҳои орд, қуттиҳои равған ва дигар маводи хӯрока фаровон  буданд ва аз сӯи арабҳои Ироқ назорат мешуданд.
Бо муташшаниҷ шудани вазъ дар шаҳри Кишма, нархи маводҳои хӯрокворӣ бениҳоят гарон шуда, қимати як кило шакар ба 50 доллари амрикоӣ, як халта орд то 1500, як кило хурмо 40, 4 литр равған 150, биринҷ 30-50-доллари ИМА боло рафт. Маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба мардум дода намешуд ва ба маблағҳои гарон ба шахсони пулдор фурӯхта мешуданд.
Дар Кишма 35 ноболиғ аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд. Шахсан, бо фарзандонам аз набуди ғизо алаф ва сабӯс истеъмол менамудем. Фарзанди чаҳорумам, ки дар батнам буд, рӯзҳои дароз аз гуруснагӣ азият мекашид.
Азбаски Бақит мақсади фирор дошт, ӯ низ соли 2018 аз ҷониби террористони ДИИШ дар бозори вилояти Дайр-уз-Зор кушта шуд.
Ҳаётам дучанд мушкил шудан гирифт. Ҳамарӯза аз як минтақа ба минтақаи дигар гурехтан бо 3 фарзанди ноболиғ бароям мушкил буд. Касе ба додам намерасид. Роҳбарияти ДИИШ занони арабро ҳамарӯза ба минтақаҳои амн интиқол медод, аммо занони ғайриараб ҳамарӯза зери бомбаҳо монда ҷон медоданд. Маҷбур шудам, бисотамро бо 2 мошини сабукраве, ки аз шавҳарам монда буд, фурӯхта, 10 ҳазор доллари ИМА ҷамъоварӣ намоям.
- Кай ва чи хел нияти ба Ватан баргаштанро кардед?

Тавассути интернет маълумот ёфтам, ки Президенти кишвар шаҳрвандони гумроҳшудаи Тоҷикистонро агар сидқан изҳори пушаймонӣ кунанд, мебахшад. Ман ки саропо пушаймон будам, ба ин муждаи нек, ба ин ғамхории Роҳбари мушфиқ умед бастам.
Ин буд ки бо мақсади ба Тоҷикистон баргаштан 26 декабри соли 2018 тавассути миёнаравҳо бо пардохти 10 000 доллари ИМА аз минтақаи Шаъфа ба минтақаи курднишини Сиҷо ва аз ин ҷо бо кӯмаки пулисҳои курд ба Минбичи Сурия омада расидам. Ду рӯз дар яке аз назоратхонаҳо пурсуҷӯ шудам. Аз он ҷо ба минтақаи «Мактаб сафора»-и музофоти Азаз интиқолам доданд. 2 феврали 2019 бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки маро ба Тоҷикистон баргардонанд. 23 феврали соли 2019 фарзанди чорумам дар марзи Сурия бо Туркия таваллуд шуд.
Бо мадади Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия марти 2019 бо ҳамроҳии 4 фарзандам ба Туркия ва аз онҷо бо хатсайри Истанбул-Душанбе ба Тоҷикистон баргаштам.

Хонандагони азиз! Зайнура баробари фуруд омадан ба хоки Тоҷикистон аввал замини муқаддаси Ватанро бӯса зада, нафаси чуқур мекашад. Ҳавои соф, фазои ороми бидуни овози тиру тупро басе пазмон шуда буд, ки ашки шодӣ мерезад. Худро комилан дар амну осоиштагӣ эҳсос мекунад. Зеро ӯ аллакай дар Ватан аст. Ватани ором. Ватане, ки бо ваҳадати ҳамдиёрон ва шабзиндадории фарзандони меҳрубонаш сокинон оромона мехобанд.
Зайнура аз тамоми модарон ва падарон хоҳиш менамояд, ки чашми хиради худро кушода, шукри осудагии диёр ва дуои ҷони роҳбари ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кунанд. Ӯ таъкид медорад, ки беҳтарин ҷиҳод барои волидон бо илм ва ирфон муҷаҳҳаз кардани фарзандон мебошад, ки дар муқобили душмани асосӣ ­ ҷаҳолат тавонанд мубориза баранд.
Ӯ миннатдории худро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳама он шахсоне, ки барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани Зайнура ва фарзандонаш саҳм гузоштаанд, изҳор медорад.




  • 26.06.2019

РУҶУЪ БА ШАРҚ

(Ҳечгароии шарқӣ дар мисоли инқилоби рус)

Муҳаммад Мурсӣ ва ҳечгароии инқилобии Шарқ

Марги ногаҳонии Президенти собиқи Миср - Муҳаммад Мурсӣ дар пайи муомилаи зиддиинсонӣ ба ӯ дар зиндон рух дод. Куштори ҳар инсон, новобаста ба тааллуқият ва бовариаш, бахусус ҳангоме ки дар шароити мармуз ва зулму ситам воқеъ мегардад, бояд маҳкум шавад.

Бадбахтона, аз чунин ҳодисаҳои ҳассос низ неруҳои исломи сиёсии тоҷик мекӯшанд сӯду баҳраи сиёсӣ баранд. Тӯли ду рӯз аст, ки онҳо бо баҳонаи марги Мурсӣ ҳақиқатро таҳриф карда, ӯ ва ҳаракати Ихвон ул Муслиминро чун ҳомии ҳуқуқи башар ва адолати сиёсию иҷтимоӣ баҳогузорӣ доранд. Муҳлати раёсати ҷумҳурии Мурсӣ хеле кӯтоҳ буд, ки аз он дар мавриди ҳадафҳо ва натиҷаҳои фаъолияти ӯ қазоват кардан нокифоя ва номумкин аст. Бо вуҷуди ин, нахустин корҳояш нишон медод, ки ӯ ба самти худкомагӣ (авторитаризм), шариатмадорӣ ва саркӯбии мухолифону дигарандешон гом бардошта буд, ки ҳамин гуна рафтор боиси эътирози саросарии мардум ва билохира сарнагуниаш гардид.

Баъд аз он ки Муҳаммад Мурсӣ тобистони соли 2012 ба сари қудрат омад, яке аз нахустин иқдомҳояш Эъломияи конститутсионии муваққатӣ дар моҳи ноябри ҳамон сол буд. Ин бар хилофи ваъдаи интихоботияш буд, ки Конститутсияи мавҷудаи Мисрро эҳтиром гузошта, новобаста ба мавқеи исломияш ба он итоат мекунад. Эъломия дар ихтиёри ӯ қудрати номаҳдуд, аз он ҷумла қудрати қонунгузорӣ бе дахолату назорат аз тарафи шохаи додгустарӣ (судӣ) мегузошт. Муҳаммад Ал-Барадаӣ, ҳуқуқшиноси мисрӣ, ин гуна кӯшиши Мурсиро чун барқарор кардани ҳокимияти Фиръавн қаламдод кард. Ҳамчунин, Эъломия дар назар дошт, ки Шариат ба қонуни конститутсионӣ табдил ёбад. Ин тағйироти авторитарӣ ба хотири он буд, ки дигар шохаҳои ҳокимият пеши роҳи амру фармонҳояшро нагиранд ва ӯ ба як ҳокими мутлақи исломӣ табдил ёбад. Бо ҳамин мақсад, лоиҳаи Конститутсияи нав саросемавор аз тарафи парлумоне, ки аксарияти намояндагонаш исломгароён буданд, таҳия гардид ва аз тарафи Президент Мурсӣ ба ҳамапурсии мардуми Миср гузошта шуд. Онҳо ҳатто имкон надоданд, ки Додгоҳи олии конститутсионӣ баҳои ҳуқуқии худро ба ин лоиҳа диҳад, ки то чӣ андоза ҷавобгӯи аслҳои конститутсионӣ аст. Созмонҳои ҳуқуқи башар, чун Авфи байналмилал, Дидбони ҳуқуқи башар ва Хонаи озодӣ ин гуна кӯшиши таҳаввулоти зиддиконститутсионӣ аз тарафи Мурсиро маҳкум карданд. Расонаҳои мустақили Миср онро чун “табаддулоти давлатии исломгароён” ном ниҳоданд. Ин ва дигар ҳодисаҳо, бахусус таъқибу пайгирии рӯзноманигорон, ҳуҷум ва пахши гирдиҳамоиҳои сулҳомези мардум, ваъдаи озод кардани баъзе нафароне, ки дар амалҳои террористӣ, аз он ҷумла дар ҳуҷуми террористии 9/11 ба Амрико даст доштанд ва таъйини худсарона ва худхоҳонаи кадрҳо, боиси эътирозҳои густарда гардид. Гарчанде Мурсӣ аз фармонҳои авторитарии худ даст кашид, вале ҳамапурсӣ Конститутсияи навро қабул кард. Эътирозҳои густарда дар тобистони соли 2013 боиси ба поён расидани раёсати ҷумҳурии Мурсӣ дар натиҷаи табадуллоти ҳарбӣ ва қатли омми беш аз 800 нафар тарафдорони Мурсӣ аз тарафи низомиён гардид.

19 октябри соли 2012 Мурсӣ дар сафари худ дар Матруҳ дар байни намозгузорон баромад кард ва баъд аз он дар намози ҷамоа иштирок намуда, ба чунин даъвати имомхатиб “Омин” гуфт: “Чораи яҳудиён ва тарафдорони онҳоро биёб. Эй Оллоҳ, онҳоро парешон ва пора-пора бикун. Эй Оллоҳ, қудрату бузургии худро ба онҳо нишон бидеҳ. Ба мо тавононии фарогири худро бознамо.” Дар мавриди муносибаташ ба Исроил маълумоти пуртаззод зиёд аст.

15 июни соли 2013 Мурсӣ дар ҳамоиши исломгароён иштирок дошт, ки рӯҳониёни салафӣ ба ҷиҳод бар зидди “кофирон” дар Сурия даъват карданд. Худи Мурси сафорати Сурияро дар Қоҳира баст ва сафирро аз кишвар берун кард.

Баъди боздошт, Мурсӣ ба як қатор ҷиноятҳо гунаҳкор дониста шуд, аз он ҷумла ҷосусӣ ба нафъи ҳизбу ҳаракатҳои исломии хориҷӣ чун Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ҷосусӣ ба нафъи давлати Қатар ва ғайра.

Нозирони байналмилалӣ шароити будубоши Мурсиро дар зиндон ва ҷараёни муҳокимаи ӯро “бераҳмона, зиддиинсонӣ ва пастзанандаи шарафи инсонӣ” меномиданд. Чунин муносибат боиси марги ӯ ҳангоми мурофиа гардид.

https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/2652477611446811





  • 25.06.2019

Доналд Тускнинг Тожикистонга расмий ташрифи – дипломатик муҳим ютуқ

Жорий йилнинг 29-30 май кунлари Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Тожикистон Республикасига расмий сафар билан келди ҳамда давлат олий органлари билан фойдали суҳбатлар бараварида, Сарез кӯли ва Дарвоз ноҳиясига ҳам ташриф буюрди. Доналд Тускнинг расмий ташрифи Тожикистон Республикасининг Европа Иттифоқи билан фойдали муносабатлари йӯлини янги тарихий босқичда кенгайтирди. Журналист Бахтиёри Қутбиддин сиёсий ва ижтимоий масалалар эксперти, Тожикистон Миллий университети халқаро муносабатлар факултети декани Холмаҳмад Самиев билан Европа Кенгаши президенти Доналд Тускнинг Тожикистонга расмий сафари ҳошиясида суҳбат ӯтказди.
- Европа Кенгаши президенти Доналд Тускнинг расмий ташрифини Тожикистон сиёсий ва дипломатик тарихида янги саҳифа, дея аташ мумкинми?
- Албатта, янги тарихий босқичда Европа Кенгаши президенти муҳтарам Доналд Тускнинг расмий сафари тожик дипломатияси тарихида янги саҳифани очди. Гарчанд Европа мамлакатлари расмий намояндалари ва халқаро ташкилотлар раҳбарияти мустақилликнинг 27 йили мобайнида Тожикистон Республикасига кӯп марта ташриф буюришган бӯлишса-да, бироқ охирги сафар ҳассос геосиёсий босқичда дипломатик муносабатлар мустаҳкамланишида муҳимроқдир. Устига-устак, ушбу сафар доирасида Доналд Туск Тожикистон Республикаси Ҳукумати душманларининг ахборот ҳужумлари оқибатида бошқача кӯринган кӯпгина ички сиёсий, ижтимоий, маданий, мафкуравий воқеиятларни яқиндан мушоҳада қилди ва вазиятни тӯғри англаб етди. Шу сабабли, бу ташрифни, шубҳасиз, Тожикистоннинг Европа Иттифоқи билан дипломатик муносабатида янги саҳифа, дея аташ мумкин.
- Доналд Тускнинг Тожикистонга сафари воқеиятини қандай баҳолайсиз?
- Доналд Туск матбуот анжуманида сафари Европа Иттифоқининг Марказий Осиё мамлакатлари учун янги стратегияси қабул қилиниши доирасига тӯғри келгани ҳамда Тожикистон Республикасига ташриф буюрган Европа Кенгашининг биринчи президенти сирасига киришини таъкидлади. Шу туфайли Доналд Тускнинг расмий ташрифи Европа Кенгашининг Тожикистон Республикаси билан мустаҳкам ҳамкорликларини баён этади. Дарвоқе, Тожикистон Республикаси Европа Иттифоқи, бошқа нуфузли минтақавий ва халқаро ташкилотлар билан мустаҳкам ҳамкорликка эга ҳамда очиқ сиёсат доирасида дунёнинг барча мамлакатлари билан ҳамкорлик қилади. Жумладан, Европа Иттифоқи Тожикистон Республикасининг муҳим шерикларидан саналади. Бу нуқтани Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Тожикистон Республикаси Президенти муҳтарам Эмомали Раҳмон билан мулоқотдан кейин матбуот анжуманида аниқ тарзда баён этди: «Тожикистон Европа Иттифоқи учун муҳим ва стратегик шерик сифатида сақланиб қолади». Шунингдек, Европа Кенгаши президенти Тожикистоннинг минтақавий жойлашуви стратегик нуқтаи назардан муҳим бӯлиб, Тожикистон Республикасининг Европа ва Осиё ӯртасидаги роли замонавий шериклик учун янги йӯлларни очишини айтди. Шу сабабли, Тожикистоннинг Европа Иттифоқи билан ҳамкорликлари янгича босқичга чиқмоқда ҳамда бу янги асосда кейинги ӯзгаришларни кутиш мумкин.
- Сизнингча, Тожикистон Республикаси Президенти Эмомали Раҳмоннинг Европа Кенгаши президенти Доналд Туск билан мулоқоти доирасида миллий давлатчилик ташқи сиёсати истиқболига таъсир этувчи қандай муҳим масалалар муҳокама қилинди?
- Дастлаб шуни эслатиб ӯтиш жоизки, Тинчлик ва миллий бирлик асосчиси – Миллат пешвоси, Тожикистон Республикаси Президенти муҳтарам Эмомали Раҳмон Европа Кенгаши президенти Доналд Тускни самимияту ҳамжиҳатлик фазосида кутиб олиб, меҳмонни кутиб олиш маросимини давлат сафари талаблари ва таомилларига кӯра амалга оширди. Яъни кутиб олиш маросими Фахрий горд қӯмондони рапорти, миллий мадҳиялар янграши, аскарлар сафи ёнидан ӯтиш, олиймақом меҳмоннинг Тожикистон давлат байроғига эҳтиром кӯрсатиши, икки томон расмий ҳайъатлари билан танишувдан бошланиб, Фахрий горд қисму бӯлинмалари ҳарбий паради билан якунига етди. Сӯнгра олий даражадаги мулоқот Тожикистон Республикаси Президенти Эмомали Раҳмон ва Доналд Тускнинг ӯзига хос учрашуви ҳамда кейин Тожикистону Европа Иттифоқи ҳайъатлари кенг музокаралари билан давом этди. Мулоқот чоғида Тожикистон Республикаси ва Европа Иттифоқи ӯртасидаги муносабатлар ҳозирги ҳолати ва истиқболлари муҳокама қилинди. Мулоқот чоғида томонлар бир қатор масалалар, жумладан, Тожикистону Европа Иттифоқи сиёсий, иқтисодий ва ижтимоий ҳамкорликлари муҳим масалалари, аввал имзоланган ҳужжатлар татбиқи, жумладан, Тожикистон ва Европа Иттифоқи ӯртасида ҳамкорлик ва шериклик келишувини муҳокама қилишиб, Ҳамкорлик Кенгаши, Ҳамкорлик комитети ва уни ривожлантириш подкомитетлари, Сиёсий ва хавфсизлик диалоги, Инсон ҳуқуқи диалогининг муносабатларни мустаҳкамлашдаги ролини ижобий баҳолашди.
- Албатта, минтақавий хавфсизлик ва барқарорлик масалалари бугунги куннинг муҳим мавзулари сифатида суҳбат доирасидан четда қолмади…
- Ҳа, мулоқот жараёнида минтақавий хавфсизлик ва барқарорлик масалалари, жумладан, терроризмнинг салбий кӯринишлари, унинг даҳшатли оқибатлари, минтақа ва жаҳонда диний-мазҳабий терроризму экстремизм тарқалиши, наркоик моддалар ноқонуний муомаласи хатари ва қурол-яроқлар контрабандасига қарши биргаликда курашиш ҳақида фикр алмашинди. Бундан ташқари, Европа Иттифоқи, хусусан, БОМКА ва КАДАП билан Афғонистон чегарасидаги давлат чегараларини ҳимоялаш иқтидорини мустаҳкамлаш йӯналишидаги ҳамкорликлар алоҳида зикр этилиб, Афғонистон шимолида террорчи гуруҳларнинг йиғилиши, Европа Иттифоқининг янада кӯпроқ ёрдамлари воситасида чегара чизиқларини мустаҳкамлаш тадбирлари бундан кейин ҳам давом этишига ишонч билдирилди.
Ҳаммадан муҳими, Европа Иттифоқи ва Европа Кенгаши президенти Доналд Туск турли таҳдиду хатарлар билан юзма-юз турган минтақавий хавфсизлик ва барқарорлик масалалари жиддийлигини яхши англаб етди ҳамда хавфсизлик мушкулликларини ҳал этиш ва давлат чегараларини ҳимоялаш йӯлида устувор қадам ташлади.
- Кечирасиз, учрашув чоғида минтақадаги сиёсий исломдан ибтидо олувчи диний-мазҳабий экстремизм ва терроризм мавзуси томонларнинг (Доналд Туск ва Тожикистон Республикаси Ҳукумати назарда тутиляпти) бевосита диққат марказида бӯлдими?
- Минтақадаги диний-мазҳабий экстремизм ва терроризм кӯпроқ сиёсий исломга алоқадор бӯлган бугунги куннинг ҳассос мавзуси сифатида минтақа хавфсизлигу барқарорлиги масалалари ҳошиясида муҳокама қилиб ӯтилди. Европа Кенгаши президенти минтақада сиёсий ислом ниқоби остида пайдо бӯлган ва нуфузга эга бӯлишни истовчи диний-мазҳабий терроризму экстремизм масалаларига доир жиддий маълумотга эга ҳамда баъзи минтақавий ва халқаро қудратлар томонидан йӯлга қӯйиладиган сиёсий дастурлардан хабардор эканлиги аниқ. Бундан ташқари, сиёсий ислом ниқоби остида минтақалар хавфсизлиги ва барқарорлигини савол остида қолдираётган мазҳабий жаҳолатпараст ва экстремистик гуруҳларга қарши кураш ҳам Европа Кенгаши президенти иш дастурида ӯз ӯрнига эга ҳамдаЕвропа Кенгашининг юқори органларининг бу йӯналишда биргаликдаги курашни минтақа ва жаҳон барқарорлиги омили билишлари Доналд Тускнинг расмий сафари ютуқлари сирасига киради.
- Маълумки, Европа Кенгаши президентининг Тожикистонга расмий сафари оммавий ахборот ҳамдамустақил ахборот-таҳлилий воситаларида кӯп муҳокама қилинди. Бу ҳақда қандай фикр билдирасиз?
- Европа Кенгаши президенти сафари натижаларидан маълумки, Европанинг Ҳукумат ва дипломатик тузилмалари бу сафардан қониқиш изҳор этиб, унинг натижаларини ҳар иккала томон учун ижобий баҳолашди. Бошқа доиралар ва хусусан, наҳзат террорчи ташкилоти ниқоби остида яширинган баъзи экстремистик ахборот воситалари учун европалик сиёсатчи Доналд Тускнинг сафари ташвиш боисига айлангани табиийдир. Улар бу сафардан бошқа нарсани кутишганди, аммо уларнинг ниятлари амалга ошмади. Шу сабабли, ахборот агентликлари ва ижтимоий тармоқларда кескин танқидий мақолалар пайдо бӯлди. баъзи сайтлар, экстремистик ахборот агентликлари ва ижтимоий тармоқлари мақолаларида Доналд Туск Тожикистонда инсон ҳуқуқи ҳолатини ошкору танқидий муҳокамасини киришмагани ва куннинг бу доғли масаласини эътиборга олмагани ҳақида сӯз юритилди. Европа сиёсий раҳбарининг бу турдаги мулоқотини хорижий танқидчилар, жумладан, наҳзатчилар Марказий Осиёда Европа мавқеини мустаҳкамлаш мавзусига алоқадор деб билишади ҳамда шу асосда Туск Марказиё Осиёда муносабатларни мустаҳкамлаш учун эркинликларни поймол этувчи раҳбарлар билан муносабатни ёмонлашни истамайди, деган хулосага келишди. Шу тартибда Европа Кенгаши президенти Доналд Тускнинг Тожикистонга ташрифини миллатга қарши гуруҳлар ғаразли, дея баҳолашди.
- Наҳзат (Тожикистонда фаолияти тақиқланган Ислом тикланиш партияси назарда тутиляпти), менимча, бу масалада бошқалардан кӯпроқ ранжиган, шундай эмасми?
- Албатта, наҳзат раҳбарияти ва унга тегишли доиралар мулоқотнинг бундай тус олишидан шок ҳолатига тушишди ҳамда улар Европа Кенгаши президенти Доналд Тускнинг расмий сафари Тожикистон Республикаси давлати ва Ҳукумати учун самарали охирига етишига асло ишонишмаганди. Тожикистон миллий паймони ӯзбошимча ташкилотини ташкил қилган наҳзат элитаси ва унинг маслакдошлари Европа сиёсий раҳбари улар истакларини амалга оширишлари ва минтақада нуфуз пайдо этиш йӯлини кенгайтираётганлигидан қониқиш билдиришарди. «Демократик», «парламентаризм», «секуляризм», «либерализм» ва бошқка тушунчалардан суиистеъмол қилиш Тожикистон Республикаси Ҳукуматига қарши бӯлган баъзи хорижий сиёсий гуруҳлару ташкилотларнинг ҳар кунлик ишига айланиб қолган. Юқоридаги тушунчалар ниқоби остида улар Европада ӯзларини демократик тузум тарафдори қилиб кӯрсатиш ҳамда ғарбнинг қудратли ташкилоту давлатлари уларни қӯллаб-қувватлашини исташади. Жумладан, Европа Иттифоқи ва ЕХҲТга шикоят қилиш Европада тожик мухолифларининг силсила дастурларидан ҳисобланади. Бироқ, мушоҳада қилганимиздек, Тускнинг сафари манфаатпараст гуруҳлар фойдасига иш бермади ва Европа сиёсий раҳбари Тожикистондан Европага яхши таассуротлар билан қайтди. Хорижий мустақил ахборот агентликлари Тожикистон Ҳукуматига мухолиф у ёки бу гуруҳ манфаатига Доналд Туск сафари ҳақида анқидий мақолаларни ёритгани ҳамда уни демократияни ривожлантириш ва умуминсоний қадриятларни ҳимоялашга аҳамият берилмаган ташриф сифатида баҳолаётганликлари воқеий кӯзга ташланади. Эҳтиёжлар қондирилмагандан кейин танқидлар кӯпаяди. Бизнингча, мамлакат ташқарисида ӯзларини мухолифлар, дея атайдиган манфаатпараст тожик гуруҳларининг кескин танқидлари формуласи шудир.
- Наҳзат ва ҳозир зикр этилган гуруҳлар халқаро ташкилотлар, Европа Иттифоқи ва Европа Кенгаши президенти шахси ҳимоясига таянишадими?
- Аслида, Тожикистон миллий паймони ёлғон коалицияси бошида турган Тожикистон Республикаси Ҳукуматига қарши мухолиф номли гуруҳлар нуфузли халқаро ташкилотлар ва таъсир ӯтказувчи ғарб сиёсий иттифоқлари ҳимоясига эҳтиёжлари бор ҳамда хорижий қӯллаб-қувватлашлар доирасида ӯз фаолиятларини жонлантиришади. Бундан ташқари, улар ғарблик юксак мақомли идоралар сиймосида демократия армонларини ушатувчи ҳомийларни кӯришади ва бу ғарбликлар уларнинг тӯсиқларсиз фаолият юритишлари, инсон ҳуқуқлари таъмини, қонунлар ижроси ва эркинлари йӯлида сиёсий паёмлар, изҳоротлар тарқатишларига кӯмаклашиб турадилар. Аслида наҳзат мухолифларининг мафкураси демократик қадриятларга қарама-қарши бӯлиб, наҳзат раҳбарияти либерал ва демократик қадриятлардан сиёсий маъракаларда мафкуравий ва сиёсий қурол сифатида фойдаланишади ҳамда эркин фикрлилик ва дунёвийликни мадҳ этиш фақатгина мухолифлар мақсадига етиш воситасидир, холос. Шу сабабли, нуфузли халқаро ташкилотларга таяниш мухолиф гуруҳлар учун жудаям зарур. Афсуски, баъзи нуфузли халқаро ташкилотларнинг икки стандартли сиёсати радикал гуруҳлар минтақада нуфуз пайдо қилиши ва хатару беқарорлик кенгайиши боисига айланган.
- Хориж инсон ҳуқуқи масалалари бӯйича баъзи экспертлари Тожикистонда 2015 йилдан кейин демократик қадриятлар сусайиши ва эркинликлар чекланиши кӯзга ташланади, деган фикрдадирлар. Бироқ Европа Кенгаши президенти Доналд Тускнинг суҳбатлари уларнинг бу иддаоларини шубҳали кӯрсатади. Шундай эмасми?
- Фикрингизга қӯшиламан. Бундай дунёқараш ва фикр-андишага эга бӯлган шахслар наҳзатни етакчи куч сифатида кӯрсатмоқчи бӯлишади ва уни мамлакатдан ташқарида реклама қилишади. Бу янгилик эмас. Йиллар мобайнида мамлакат ичкариси ва хориждаги бир қатор мустақил экспертлар ушбу нуқтаи назарда эдилар ва ҳозир ҳам шундай. Мамлакат сиёсий фазосида наҳзатнинг бӯлиши Тожикистонда фикрий тартибсизликлар, мазҳабий иддаолар пайдо бӯлиши ва ижтимоий тармоқларда таассубнинг нуфуз пайдо қилишидан бошқа қандай мушкулни ҳал қилди? Наҳзатнинг мамлакат сиёсий саҳнасидан йироқлашишига наҳзатнинг ӯзи сабабчи бӯлди. Ӯзини билимдон кӯрсатишлар, ӯтакетган иддаолар, риёкорлик ва ниҳоят давлат тӯнтарувига уриниш наҳзат партиясини эгри йӯлга бошлади ҳамда фаолиятининг тақиқланишига сабаб бӯлди. Сайловлар ва улар шаффофлиги ҳақида шуни айтиш жоизки, тӯрт йил илгари парламент сайловида наҳзат партияси зарурий овозни ололмади ва парламентдаги ӯз ӯрнини қӯлдан чиқарди. Сайлов жараёнини минтақа ва халқаро нозирлар назорат қилишди ҳамда ӯша даврда республика сиёсий маъракаларини демократик воқеий сайловлар меъёрлари талабларига мувофиқ, дея баҳолашди. Албатта, сиёсий тадбир (парламент сайлови назарда тутиляпти) ӯтказилиши чоғида камчиликлар ҳам мавжуд бӯлиб, бу табиий ҳолдир. Аммо, умуман, Тожикистондаги сайлов яхши ӯтди ва халқ ва сайловчиларнинг зарурий овозларини олган шахслар мамлакат парламентига йӯл топишди. Агар наҳзат номзодлари мажлисга йӯл тополмаган бӯлса, бунда ким айбдор?
- Европа сиёсий раҳбари ӯз расмий сафари доирасида Сарез кӯлини бориб кӯрди ва диёримизнинг бетакрор табиати билан танишди. Шунингдек, Европа Кенгаши президенти хушманзара Дарвоз ноҳиясига ташриф буюриб, турли ижтимоий табақа намояндалари билан самимий мулоқот ӯтказди. Бундай учрашувлар Европа сиёсий раҳбарининг Тожикистон халқи ва унинг бетакрор табиатига нисбатан фикрини ӯзгартириши шубҳасиз…
- Албатта, ӯзгартиради. Доналд Туск нафақат Сарез кӯлини бориб кӯрди, балки дунёда тоза сувнинг энг катта манбаларидан бӯлиб, бетакрор табиатга эга бӯлган Сарез кӯлига ташриф чоғида Тожикистоннинг катта сув захираларига юқори баҳо бериб, диёримизнинг гӯзал ва бетакрор табиатини табиатнинг буюк хазинаси, дея атади. Доналд Тускнинг расмий сафарига асосланган батафсил телевизион дастурда Европа сиёсий раҳбарининг диёримиз бетакрор табиати, Тожикистоннинг мусаффо сув манбаи эканлиги, Давлат бошлиғининг сайёрада сув муаммоларига тегишли масалалардаги ташаббуслари ва халқни ичимлик суви билан таъминлаш ҳақидаги таассуротлари изҳор этилди. У Сарез кӯли томошасидан кейин ӯз таассуротларини шундай баён қилди: «Агар бу нодир кӯлга назар ташласак, энг аввало, табиатнинг бебаҳо неъмати – сувни кӯрамиз. Биз сувдан самарали, устувор фойдаланишимиз ва истеъмол қилишимиз керак. Зеро, табиатнинг бу неъмати муҳим бойлик ҳисобланади. Ҳақиқатдан ҳам, Тожикистоннинг бу бойлиги дунёнинг бошқа биронта давлатида йӯқ. Тоза-ю мусаффо сув ва хушманзара табиат, албатта, ҳар бир томошабинни ӯзига жалб этади. Тоғлар орасида яширин хазина бӯлиб, инсониятга нажот бағишлайди…»
Сафар давомида Европа Кенгаши президенти Доналд Туск Дарвоз ноҳиясининг Аёллар қасри ва «Чорчаман» истироҳатгоҳини бориб кӯрди. Аёллар қасрида ҳунармандлар фаолияти ва улар қӯл меҳнатлари маҳсулоти таништирилди. «Чорчаман» истироҳатгоҳида бӯлса, миллий таомлар ва мамлакатнинг ушбу тоғли ноҳияси аҳолиси ҳунарлари кӯргазмаси ташкил қилинган эди. Ташриф чоғида меҳмонлар ҳайъати мамлакатнинг бу минтақасининг кӯркам мавзелари-ю чашмалари томошасидан ҳаловат олишиб, жаннатмакон Тожикистон ва унинг заҳматкаш халқи ҳақидаги таассуротлари ӯзгарди. Мамлакат сиёсий, ижтимоий, маънавий, ҳунармандчилик, ижодий ва маданий вазиятини ӯз кӯзи билан кӯриш ташриф буюрувчиларнинг давлатимизга нисбатан фикрини ӯзгартирди. Ахборот воситалари ва телевидение дастурларида Европа сиёсий раҳбарининг фикри ӯзгарганини аниқ кӯриш мумкин эди.
- Баъзан оммавий ахборот воситаларида Тожикистон Ҳукумати ва халқаро ташкилотлар ӯртасидаги келишмовчиликлар ҳақида гап кетади. Бу келишмовчиликлар Европа Иттифоқи ва европалик сиёсий раҳбарлар билан ҳам боғлиқ бӯладими?
- Қайд қилиш жоизки, оғзаки келишмовчиликлар баъзан пайдо бӯлади, бироқ Тожикистон ва Европа Иттифоқи ӯртасида ҳеч қандай муаммо мавжуд эмас. Сӯнгра муҳим масалалар билан боғлиқ фикр алмашишлар ва мунозара-ю суҳбатлар ҳамиша халқаро ташкилотлар ва давлатлар раҳбариятлари фаолияти асосида турган ҳамда бугунги шароит ҳам бу қоидадан истисно эмас. Баҳсу мунозаралар ва танқидлар демократиянинг ривожланишига ҳисса қӯшади. Бундан ташқари, Европа сиёсий раҳбари Доналд Туск жанобларининг ташрифи мавзусига бағишланган матбуот анжуманида ОАВ намояндалари олдида Давлат бошлиғи Эмомали Раҳмон Тожикистон Республикаси ва Европа Иттифоқининг яхши ва дӯстона алоқалар давлатимиз мустақиллиги даврида тенгҳуқуқлилик, ӯзаро тушуниш, бир-бирига эҳтирому ишонч ва томонлар манфаатларига риоя этиш асосида йӯлга қӯйилиб, жаҳоннинг бу нуфузли ташкилоти бугун Тожикистоннинг халқаро майдондаги муҳим шерикларидан бири ҳисобланишини таъкидлади. Шунингдек, Тожикистон ва Европа Иттифоқи ӯртасида бир ӯн йил илгари имзоланган ҳамкорлик ва шерикчилик келишуви асосида томонлар робиталари мустаҳкамланиб, кенгайиб бормоқда. Тожикистон узоқ муддатли ва устувор тараққиёту йӯл ва воситаларини белгиловчи 2030 йилгача давр учун миллий тараққиёт стратегияси доирасида Тожикистон Республикаси Европа Иттифоқини Бирлашган Миллатлар Ташкилоти Тараққиёт дастури бараварида муҳим шерик сифатида бу стратегия татбиқида кӯришни истайди. Бошқача қилиб айтганда, Тожикистон давлати Европа Иттифоқининг Марказий Осиё мамлакатлари учун жорий йилда қабул қилинадиган янги стратегиясини самимий қабул қилади.
Масъулият билан шуни айтиш мумкинки, Европа Иттифоқи ва Тожикистон Республикаси Ҳукумати ӯртасида ҳеч қандай тушунмовчилик мавжуд эмас. Европа сиёсий раҳбари мулоқоти ва мамлакатимизга ташрифи бу нуқтани яна бир марта исботлаб, Тожикистон давлати ва Европа Иттифоқи бирдамлиги масалаларида ӯзаро тушунишларини кучайтиради.
- Мухолиф томон Тожикистонда инсон ҳуқуқий поймол этилиши, сӯз ва виждон эркинлиги заминасида чекловлар кӯзга ташланишини иддао қилади. Мухолифлар Европа Кенгаши президенти Туск жанобларидан айнан шу масалада қӯллаб-қувватловни кутишганди. Уларнинг бу фикрлари қай даражада тӯғри?
- Номигина мухолиф бӯлганлар хорижда сиёсий имиж пайдо қилиш ва фаол сиёсий куч сифатида танилишлари учун сӯз эркинлиги ва инсон ҳуқуқи мавзусига эътибор қаратишади. Чунки Европада инсон ҳуқуқи ва инсон эркинликлари заминасида жиддий дастурлар амалга оширилиши ҳамда бу йӯналишда катта маблағлар ӯтказилишини билганликлари учун бундай мавзуларни кӯтаришни интилишади ва шу ҳисобдан кун кӯришади. Аммо Тожикистонда инсон ҳуқуқи ва эркинликлари ҳолатини Европа сиёсий раҳбари ӯз кӯзи билан кӯрди. Албатта, ушбу масалада Тожикистон ҳеч қандай муаммога эга эмас ва қонун юз фоиз ижро этилади, демаймиз. Мушкуллик ҳам мавжуд ва Ҳукумат бу йӯналишдаги камчиликларни бартараф этиш учун ҳаракат қилмоқда. Бошқа нуқта шуки, жамиятимиз муаммони ҳал этишда Ҳукумат билан жуда кам ҳамкорлик қилади ва баъзан фуқаролар томонидан бетарафлик ушбу муаммони оширади. Агар мухолифлар виждон эркинлиги деб бир нечта ноқонуний масжиднинг ёпилиши ва ё бир неча нафар наҳзатчи жиноятчининг маҳкамага тортилганини назарда тутишган бӯлса, қаттиқ хато қилишади. Виждон эркинлиги шу маънодаки, бир инсон мавжуд қонунлар доирасида алоқаси бӯлган ҳар бир ақида ва мазҳабга эргашади ва бошқа ақидага мажбурлаш асло мумкин эмас. Аммо мазҳабий доираларимиз ва хусусан, муҳофизакор ва мутаассиб руҳонийларимиз ӯз ақидаларини сингдиришга уриншади ҳамда уларга қарши ақидада бӯлган шахсларни кофир, дея ёмонотлиқ қилишади. Виждон эркинлиги шуми? Ёки виждон эркинлиги фақат мусулмонлар ва ҳанафий мазҳабига татбиқ этиладими? Бошқа мазҳабу ақидаларга майли бӯлганлар мавжуд қонун доирасида тенг ҳуқуқдан баҳраманддирлар. Шунинг учун, Тожикистон Республикаси Конституцияси мартаба-ю мақоми, дину мазҳаби ва миллатидан қатъий назар, барча фуқароларна баравар билади. Ёлғондан диндорлик ва тақводорлик қилмасдан, ушбу меъёрларга амал қилиш керак эди. Афсуски, бизнинг муҳитимизда диндорлик риёкорлик билан эгизак маъно касб этиб, ҳар риёкор диндордир ва ӯзини бошқалардан устун кӯради.
Бахтимизга Европа Кенгаши президенти Доналд Туск давлатимиз ва мамлакатимиз воқеиятидан яхши хабардор бӯлиб, бундан кейин ҳақиқатни бузиб кӯрсатувчиларнит яхши танийди.
- Сизнинг суҳбатингиздан Европа Кенгаши президентининг Тожикистон Республикасига расмий сафари омадли бӯлди, деган маъно келиб чиқади…
- Ҳа, Европа Кенгаши президентининг Тожикистонга расмий сафари омадли бӯлди. Меҳмонни юқори даражада кутиб олиш, мулоқоту учрашувлар ташкил этиш, Сарез кӯлига сафар, Дарвоз ноҳиясига ташриф, халқ ҳунармандчилиги маҳсулотлари, маданий жамоатчилик намояндалари билан танишув, диёрнинг бетакрор табиатини томоша қилиш ва ниҳоят, расмий сафардан ажойиб таассурот Европа Кенгаши президентини Тожикистоннинг ёрқин келажагига ишонтирди. Бундан ташқари, Туск жаноблари омадли дипломат сифатида Тожикистон Республикасига самарали сафар уюштирди ҳамда сиёсий раҳбарият ва ижтимоий табақалар билан мулоқоту учрашувларини узоқ вақт эслаб юради. Бунинг ортидан, ушбу сафар янги тарихий босқичда Тожикистон ва Европа Иттифоқининг икки томонлама муносабатларини ривожлантириш учун қулай асос яратади.
- Мазмунли суҳбатингиз учун миннатдорман.
- Раҳмат.
2019 йил 7 июн.