KGU

Қоидаҳо

ҚОИДАҲОИ ДОНИШҶӮӢ
БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ
МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори мушовараи Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 октябри соли 2006 № 32/3
тасдиқ шудааст.

ҚОИДАҲОИ
донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯ шаҳрвандест, ки дар асоси тартиби муқарраршудаба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул гардида, дар шӯъбаи рӯзона, шабона ва ғоибона бо мақсади ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил менамояд.

Донишҷӯ бояд тамоми қувваи созандаи хешро баҳри ҳифзи комёбиҳои даврони истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, муттаҳидӣ, сулҳу осоиш, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешравии минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти Тоҷикистони азиз сафарбар намояд. муфассал...




ҚОИДАҲОИ
ТАРТИБОТИ ДОХИЛӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Боби I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 17 майи соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 марти соли 2006 тасдиқ карда шудааст, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд Донишгоҳ) қабул карда шудааст.

1.2. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд Қоидаҳо) бо мақсади таъмини талаботи меъёрҳои қонунгузории соҳаи маориф, мӯътадил ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар Донишгоҳ, мустаҳкам намудани тартибу интизом, дар рӯҳияи ватандӯстиву одоби ҳамида тарбия намудани донишҷӯён таҳия ва қабул карда шудааст.   муфассал...