KGU

Фармонҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА
ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.338)

Қонуни мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муқаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

     Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. муфассал...



ФАРМОНИ
ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 31 марти соли 2007, №394, ш. Душанбе

 Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ. муфассал...



ФАРМОНИ
ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 14 апрели соли 2006 № 322 ш. Душанбе

     Бо мақсади иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов аз 22 декабри соли 2005, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинию хештаншиносӣ ва дар рўҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. муфассал...




ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ  
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 17 қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 4 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :

1.Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад  (замима мегардад).

2.Вазорати маорифи ҷумҳурии тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд. муфассал...