KGU

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1-и ВМИҶТ-РО СОҲИБ ГАШТ!

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1-и ВМИҶТ-РО СОҲИБ ГАШТ! 30.11.2018

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1-и ВМИҶТ-РО СОҲИБ ГАШТ!

     Ҳамасола аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” гузаронида мешавад. Имсол озмуни мазкур ба муносибати “Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷашни “27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гурӯҳи донишҷӯён иштирок карданд, ва ин озмун 19-сентябр ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа донишҷӯи курси 2-юми факултаи физика ва математика Латифов Манучеҳр ҷойи 1-умро ишғол намуд. Донишҷӯ бо дипломи дараҷаи 1-уми ВМ ва илми ҶТ сарфароз гардид. Ва аз тарафи раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.


Back to the list