KGU

ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ, ФАҲМИШИ МАФҲУМҲОИ «ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ» ДАР ЗАМОНИ КУНУНӢ

ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ, ФАҲМИШИ МАФҲУМҲОИ «ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ» ДАР ЗАМОНИ КУНУНӢ 11.12.2022

ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ, ФАҲМИШИ МАФҲУМҲОИ «ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ» ДАР ЗАМОНИ КУНУНӢ

ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ, ФАҲМИШИ МАФҲУМҲОИ «ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ» ДАР ЗАМОНИ КУНУНӢ

Терроризм ва эстремизм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ки таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як сокини сайёра аст.

Вазъи сиёсӣ дар аксари давлатҳои олам дар замони кунунӣ муташаниҷ шуда, истодааст. Даргириҳои ифротгароӣ, хушунату зуроварӣ, дар баробари ин экстремизм ва терроризм дар саросари олам хуруҷ карда истодааст, ки ин боиси нигаронии тамоми давлатҳои дунё гардидааст.

Миллати тоҷик аз қадим бо далерию шуҷоатмандӣ, фарзандони қаҳрамонаш, ки дар тули таърих бар зиддӣ истилогарони аҷнабӣ мубориза бурда, ватанро ҳифз намуданд, мефахранд. Корнамоиҳои Шераку Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва дигар абармардони тоҷикто ҳанӯз фаромуш нашуда, наслҳои имрӯзи халқи мо аз онҳо ибрат мегиранд. Мутаассифона дар рӯзгори мо низ хоинон ва ватанфурушоне вуҷуд дорад, ки довталабона муқаддасоту арзишҳои миллиро зери по мегузоранд, ба сафи душманон пайваста, ба муқобили ватан, миллат, оила ва хешу табори худ мубориза мебаранд.

Мисоли гуёи ин амали нангин Гулмурод Ҳалимо, собиқ сардори воҳиди таъиноти махсуси ВКД ҶТ (ОМОН) мебошад, ки бо мақсади мубориза бурдан ба муқобили ватан ва арзишҳои миллии тоҷикӣ аз Тоҷикистон ба Сурия фирор намуда, ба гурӯҳи террористӣ ДИИШ, ки бо қатли омавии занону кӯдакон ва ҳазорон мардуми бегуноҳ дар ҷаҳон даҳшатафканӣ мекунанд ҳамроҳ гардидааст.

Месазад қайд кард, ки худи мафҳуми «экстремизм» чист? Экстремизм ин ташкилотҳои ифротгароӣ мебошад, ки дар заминаи хушунату зуроварӣ асос меёбанд. Билохира ин мактаб аст. Ин мактабе аст, ки душманони дини мубини ислом худро мусулмони комил гирифта, барои бо роҳҳои таблиғотию тарғиботӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардани ҳокимият дар ин ё он давлат кӯшиш ба харҷ дода, ба ин васила дар ҷаҳони ислом, ба номи ислом иснод оварданӣ мешванд ва ҳоло низ оварда истодаанд. Ба ин мактаб бисёртар одамони гумроҳро, аз ҷумла ҷавонписарону ҷавондухтаронро васоити ваъдаҳои бардуруғ, аз қабили додани маблағи калони пул, мансаб, ҷоҳу ҷалол ва ғайраҳо ба дом меандозанд. Дар ин мактабҳои экстремистӣ ба онҳо машқҳои шадиди нораворо меомӯзонанд, ки хушунату зуроварӣ, надида гирифтани касеро, сарзанию сарбуриданҳо, худкушиҳо ва ғайраҳоро дар бар мегиранд.

Ногуфта намонад, ки ана ҳамин мактаб зинаи аввали терроризм буда, аз ҳамин мактабҳои экстремистӣ террористони ботаҷрибаи моҳияти ҷаҳонӣ баромаданд ва баромада истодаанд, ки дар маҷмуъ бисёр як хатари ҷиддиро дар аксари давлатҳо ба миён меоварад.

Акнун меоем ба сари мафҳуми «терроризм». Терроризм мафҳуми бисёр васеъро дар бар мегирад. Дар таркиби он ифротгароӣ ҳаст, хушунат ҳаст, исёнгароӣ, надида гирифтан ҳаст, ҳамеша аз чизе ё аз касе норози будан ҳаст, талоши ба сари қудрат ғайриқонунӣ омаданро ифода мекунад.

Террорист ба худ ватан надорад, сарҳад надорад, падару модар надорад, зану фарзанд надорад. Аз баҳри онҳо гузашиааст, баҳри чи мубориза мебарад, ҳадафашро намедонад. «Вале аз ҳадафҳои вайронкорӣ, валангорсозӣ, хушунату зуроварӣ, табадулот кардан, одамрабоӣ, одамони бегуноҳро ба қатл расонидан, худкушӣ кардан ва ба ин васила соҳибҷанату шуданро ба хубӣ омӯхта аз худ кардааст». Аммо дар асл гумон мекунам, ки ин тавр нест чункӣ худкушӣ кардану касеро ба қатл расонидан ин ғазаби Худовандро овардан аст, на шаҳид шудану на соҳибҷанат шудан аст. Онҳое, ки ба ин роҳҳо мераванд, дар ин ҷода иштибоҳи бузурге мекунанд.

Магар ба ин давлат ва ё ба он давлат рафта, ҷангидан, хуни касеро ноҳақ рехтан ба ягон қонуни башарият ва шариати ислом на рост меояду на раво аст.

Бино бар ин онҳое, ки ватани худро тарк карда, масалан, бо давлатҳои Ироқу Шом, Сурия, Афғонистон, Африқои ҷанубию марказӣ аз ҷумла ба Кения Сомалӣ, Нигерия ва дигар кишварҳои олам пайваста ҷустуҷуи шаҳид шудан, аз паи ҷустуҷуи соҳибҷаннат шудан ва аз пайи ҷустуҷӯи соҳибдавлат шудан мераванд. Онҳо ҳаргиз ин пайи ҷустуҷуи соҳибдавлат шудан мераванд, онҳо ҳаргиз ин роҳро дар намеёбанд, чунки сафари онҳо бо мақсади хун рехтани инсонҳо аст. Онҳо барои ватани худро ҳимоя кардан нарафтаанд, онҳо барои ҳимоя кардани волидайни хешу табори худ, қавми худ нарафтаанд, дар ҷангу муҳорибаҳои нобаробар шаҳид шаванду роҳи ҳақро пойдор сохта ба ин васила соҳибҷаннат ё соҳибдавлат бигарданд.

Яке аз масъалаҳои хурсандибахши ҷомеаи имрӯза ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳмурии Тоҷикистон будани Эмомалӣ Раҳмон, рисолати ӯ мебошад, тибқи Қонуни ҶТ Дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат» роҳандозӣ шуд.

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас, Пешвои миллат будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.

Нурматов Шарофиддин, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

           


Back to the list