KGU

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН 05.12.2022

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон дар сар то сари мамлакат як қатор озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар таърихи  5-уми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ даври донишгоҳии “Олимпиадаи фаннӣ” аз фанни педагогика, ки ҳадаф аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои лаёқатманду донандаи хуби фанни педагогика мебошад, гузаронида шуд.

Дар олимпиада мудири кафедраи педагогика, номзади илмҳои педагогика Лоиқов Парвиз, ассистенти кафедраи мазкур Абдуллоҷони Ҳамрохон, муаллимаи кафедра Расуллова Нодира ва донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, такмили захираи луғавӣ, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир мегардад.

Дар озмун зиёда аз 34 нафар донишҷӯ ширкат намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд.


Back to the list