KGU

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯК ПАЙКАРАНД

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯК ПАЙКАРАНД 15.06.2022

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯК ПАЙКАРАНД

Ҳамватанони азиз биёед, ба ҳама гуфтаҳои хоинони Ватани маҳбубамон бовар накарда тарафдори сулҳу амонӣ, тинҷию рафоқат бошем. Ақли солиму комили худро ба кор дарорем, чунки маҳс хоҳиш ва мақсади ифротгароёни мамлакатамон ин вайрон намудани сулҳу суботи мост. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як ҷавони бонангу номуси  шаҳри Хоруғ ҳақиқатро аз дуруғӯ ботил ҷудо намуда, тарафдори сулҳ ва рафоқат мешаванд.

     Хоруғ ҳам порае аз қалби Тоҷикистони азиз аст, ки бо захми гаштани он узвҳои дигар низ осеб мебинанд. Пас, моро месазад, ки баҳри аз газандҳо поку тоза нигоҳ доштани Ватани азизамон кӯмаки хешро дареғ надорем.

Бани одам аъзои як пайкаранд,           

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.


Back to the list