KGU

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ҚАРОР 10.06.2022

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №290

ш. Душанбе Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин намудани Раҳмон Д.С. 

                            Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Дилшод Сафарбек ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин карда шавад.

                                    Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раҳмон Дилшод Сафарбек 7-уми декабри соли 1985 дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи №28-и шаҳри Кўлоб оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар мактаби миёнаи №54-и шаҳри Душанбе, солҳои 1999-2000 дар литсей-интернати президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи №55-и шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2001-2006 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил намудааст. Ҳамчун, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2006-2014), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2014), муовини мудири шуъбаи кафолатњои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015), мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кўдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2016) фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 ба сифати декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият менамуд. Муаллифи зиёда аз 100 маводи интишорист. Мавзўи асосии таҳқиқот ва пажўҳишҳои илмии ўро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд.


Back to the list