KGU

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ 09.06.2022

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Зимни сафари хеш муҳтарам вазир фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод намудани Мирализода Абдусалом Мустафо ва ба ин вазифа таъин намудани Раҳмон Дилшод Сафарбекро ба Раёсати донишгоҳ ироа намуданд. Зимни суханронии хеш муҳтарам вазир қайд намуданд, ки устод Мирализода дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши бориз доранд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ донишоҳ ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Ҳамчунин вазири муҳтарам Раҳмон Дилшод Сафарбекро ба вазифаи нав таъин гардиданашон табрику таҳният гуфта дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.


Back to the list