KGU

ТЕРРОРИЗМ: МОҲИЯТ, ХУСУСИЯТҲО ВА ОМИЛҲОИ АСОСИИ САР ЗАДАНИ ОН.

ТЕРРОРИЗМ: МОҲИЯТ, ХУСУСИЯТҲО ВА ОМИЛҲОИ АСОСИИ САР ЗАДАНИ ОН. 04.06.2022

ТЕРРОРИЗМ: МОҲИЯТ, ХУСУСИЯТҲО ВА ОМИЛҲОИ АСОСИИ САР ЗАДАНИ ОН.

Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст, ки баъзеи ин падидаҳо худ омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли ратсизм, шовинизм, генотсид, сеанизм, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷӯ ва саркӯбсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро соҳиб аст.

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд ,аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бар- меояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад. Имрӯзҳо ҳолати фаъоляити терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад. Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ - бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи зудтар маҳв ё паст намудани сатҳи фаъолияти он меистад.

Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуногунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омӯхта мешаванд, аммо таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз саҳми ягонаро доро нест.

Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ як аз он умумиэътирофшуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Террорист- субъект, терроризм – сиёсат ва террор –воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Аммо бо вуҷуди ин наметавон ҳадафу мақсад ва воситаеро, ки терроризм онро дар фаъоляти худ истифода мекунад, мутлақо аз террор ва даҳшатфиканӣ иборат донист. Зеро тамоми навъи амалиёти мусаллаҳона ва барқасдона хоҳу нохоҳ ҷониби муқобилро гирифтори тарс ва даҳшат месозад.Бинобар ин даҳшатафкани мақсади асосии терорризм набуда,ҳадафи муайян ва ё як навъ ниқоргирие фаъолияти онро ташкил медиҳад. Шояд «Ал-Қоида» бо ба амал баровардани ҳодисаи 11- сентябр касеро тарсонидан намехост. Зеро моҳияти тарсонидан касе ё чизеро аз раъяш гардонидан ва монеъ шуданро дорад. Аммо ин ҳодиса Амрикоро рӯҳшикаста нанамуд, баръакс, мубориза ва таъсиррасониашро ба муқобили терроризм тезонид ва шояд «Ал-Қоида» дар асоси ҳадафу ба дастории манфиате ин амалро содир накарда буд,ки гӯё фаъолияти ӯ баёнгари пуштибонӣ аз ислом бошад. Чунки баъди ин ҳодиса давлатҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил менамуданд, бахусус давлатҳои мусулмонӣ гирифтори амашиёти харобиовари зиддитеррористӣ ва сиёсати геополитикии давлатҳои қудратманд, аз ҷумла ИМА гардида, ҳолати ноороми низоми сиёсии дохилидавлатиро соҳиб гардиданд. Пас хулосаи охирини ин амалиётро на тарсонидан, балки як навъ ниқоргирӣ метавон номид.

Тарс дар бештари ҳолатҳо хоси нотавонон ё зердастон буда,истифодаи террор чун воситаи баамалбарории сиёсат,бештар аз ҷониби барандагони сиёсат (синфи ҳукмрон) аст. Террор дар нисбати халқ маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад.Терроризм бошад як навъ эътирозест алайҳи террор.

Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда,ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд) метавон чунин шарҳ дод:

- террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо режими тотолитарии идоракунӣ асосёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;

- терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид.

Террорро беш аз ҳама дар навъи муносибатҳои зер, ки гузашта ва замони имрӯзаро дар бар мегиранд, метавон нишон дод:

- истилокориҳои шоҳон;

- ҳокимон (мансабдорон) ва субъектҳои дохилӣ (халқ);

Дар навъи муносибати аввал истилокориҳоро бо террор омехта сохтан ва ҳар дуро як шуморидан набуда, баръакс террорро аз таркиби истилокорӣ ҷудо намудан аст, яъне байни онҳо фарқият ҷой дорад. Пайдоши терроризм ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ пайваста мебошад. Ба омили дохилӣ маҳдудияти иштирок ва фаъолияти мардум дар ҳаёти сиёсӣ ,иҷтимоӣ ва маданӣ ва ба омилҳои берунӣ таъсири давлатҳои пурзӯр,ва кӯшиши онҳо дар роҳи дар зери таъсири худ нигоҳ доштани давлати дигар дохил мешаванд.

Пешрафти техника, ташаккули воситаҳои информатсионӣ, модернизатсия ва глобализатсия барин падидаҳо   дар паҳнгардии терроризм   боис гаштаанд ки ҳар яки ин маънидоднамоии махсусро талаб манамояд. Инкишофи техника ба мураккабгардии дараҷаи амалиёти террористӣ (террористон бо яроқҳои наву хатаровар мусаллаҳ гардида доираи таъсиррасониашон аз доираи як давлат берун мебарояд).

Омӯзиши терроризм ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охири он терроризм чунон шакл гирифтааст,ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳураш ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷманбузург гаштаанд.

 

Омӯзгорони кафедраи Ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Сабурова И.Ғ, Нозимова Ф.А.


Back to the list