KGU

ҶИНОЯТКОРРО ШАҲИД ГУФТАН УБОЛ АСТ!

ҶИНОЯТКОРРО ШАҲИД ГУФТАН УБОЛ АСТ! 04.06.2022

ҶИНОЯТКОРРО ШАҲИД ГУФТАН УБОЛ АСТ!

Дӯои сокинони обрӯманди вилояти Бадахшон имрӯз қабул гардид. Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ аз тарафи шогирдони худаш кушта шуд.

Тарафдоронаш ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро шаҳид ном бурда истодаанд, ки ин хандаовар аст. Шаҳид касеро мегӯянд, ки ватани худро аз аҷнабиён ҳифз мекунад, аммо ин бадбахт дар пайи ороми мардуми хеш буд. Чаро ӯро шаҳид мегӯед? Айб аст, айб!

Мардуми Бадахшон минбаъд бояд кӯшиш кунанд, ки ба доми фиреби чунин аблаҳон наафтанд ва мавриди истифода қарор нагиранд.

Бояд мо фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кунем!

Ҷанг ҳеҷ гоҳ ба манфиати ҳеҷ миллате нест!

Сулҳи Тоҷикистони азиз, ки намунаи беҳтарин барои тамоми давлатҳо эътироф шудааст, нигоҳ дошта шавад!


Back to the list