KGU

БАДКОР БА РӮЗИ БАДАШ РАСИД!

БАДКОР БА РӮЗИ БАДАШ РАСИД! 04.06.2022

БАДКОР БА РӮЗИ БАДАШ РАСИД!

Бузургон гуфтаанд:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Санаи 22-уми майи соли равон соати 17:30 дар шаҳри Хорӯғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шуд. Ин бадкор ба рӯзи бадаш расид.

Ҳар касе, ки ба мардум душманӣ мекунад, ҳоли табоҳ ӯро интизор аст. Дар тамоми давлабҳо ҷинояткор агар таслим нашавад, безарар гардонида мешавад.

Боқир, ки ҳадафҳои нопок дошт, аз тарафи ҳаммаслакони худ кушта шуд. Ҳеҷ гоҳ бояд ҳадафи ноором кардани ҷамъиятро накунем. Тоҷикистон давлати пуриқтидор аст ва амнияташро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, одамони касифро худи ҳамроҳонашон мекушанд.

Зинда бод, сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон!


Back to the list