KGU

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ 05.04.2022

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ

Санаи 6-уми апрел дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 3-юми апрели соли 2022 таҳти рақами №62 идома ёфт.

Дар ҷаласа Амиров Файзуллохуҷа, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Назарзода Бахтиёр сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Ҳусейзода Аминҷон, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ баромад намуда, мутахассисони ҷавонро ба вазифаву ӯҳдадориҳояшон ҷиҳати ба ҷои кор ҳозиршавӣ аз рӯи роҳхат тибқи талаботи қонунгузории Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми кишвар шинос намуданд.


Back to the list