KGU

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ 18.04.2022

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар асоси “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" санаи 19-уми апрел бо ташаббуси кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронсӣ илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Актуальные проблемы преподавания и изучения руского языка в Республике Таджикистана” баргузор гардид.

Дар конфронс Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия,Файзуллоева Фирӯза, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ, Ҷумаева Дилором, сардори шӯъбаи кор бо занон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Файзуллоева Фирӯза оғоз намуданд. Сипас, дотсент Шарофат Худойдодова дар мавзуи “Русский язык-язык международной культуры и науки”, дотсент Асоева Комила дар мавзуи “Особенности проведения массовых и индивидуальных форм внеклассной работы в школе”, саромӯзгор Ҷумаева Дилором дар мавзуи “Место лингвоаудиовизуальных материалов среди средств обучения” суханронӣ намуданд.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону омӯзгорон ба анҷом расид.


Back to the list