KGU

ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ ВА БОМАЪРИФАТ БАР ЗИДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ ВА БОМАЪРИФАТ БАР ЗИДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ 10.04.2022

ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ ВА БОМАЪРИФАТ БАР ЗИДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

“Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.”                                                                                                                                                                                                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё ҷаҳонӣ гирифтааст. Ҳар як аъзои ҷомеъа мебояд дар ин вазъият зиракии сиёсиро аз даст надода, зиди ин зуҳуроти номатлум муборизаи беамон барад. Алалхусус насли ҷавон, ки бисёртар қурбонии ин гурӯҳои ифроти мешаванд ва мо омӯзгорон бояд дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми худро гузорем. Агар насли ҷавони мо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбад ва чунин ҷавонони бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд, саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқл мегузоранд. Зеро истиқлолияте, ки бо талош ва ҷонбозиҳои фарзандони баруманди миллати тоҷик бадаст омадааст немати бебаҳост.

Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар шароити рӯзафзуни вазъи сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҷим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон, ки тамоми шароитҳо муҳайё шудааст, дури аз чунин гугӯҳои ифротӣ бошад ба омухтани илмҳои замонавӣ машғул гарданд тоинки бо дилу нияти соф дар пешрафти давлал саҳмгузор бошад.

Пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус, дар ҷумҳурии мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароён роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд ва бисёр вақт ҷавонони аз таълиму тарбия дур монда ба ин гурӯҳо шомил мешаванд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Мушкили асосии ҷавонони кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористи иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд. Ҳол он ки идеологияи аслии ифротгароён, пеш аз ҳама, бар зидди идеологияи миллӣ, Ватани аҷдодӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва мардуми мо равона шудааст.

Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод, ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад иброз дошт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва ин аз ҷониби кулли кишварҳои олам бояд ба инобат гирифта шаванд ва ба сифати як барномаи мушаххасу мукаммали мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ татбиқ гарданд.

Аз ин рӯ таъкид кардан ба маврид аст, ки терроризму ифротгароӣ маҳкум аст ва ҷавонон бояд дар доираи ҳақиқати суннату оятҳои Қуръон амал кунанду фирефтаи гурeҳҳои тундрав нашаванд. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд соласт, ки пайгирона аз ҷониби хукумати мамлакат ҳадафмандона татбиқ карда мешавад.

Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки ҳукумат нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон шароитҳои мусоид омода сохтааст. Ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро мебояд бо садоқат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ озодона барои давлату миллат хизмат намоянд. Ғанимат донистани тинҷию оромии кишвар ва ваҳдати миллӣ, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, тамоми кӯшишу ғайратро сарфи ободию шукуфоии ватани маҳбубмаон намудан ва оқилу ояндабин будан, вазифаи ҳар як фарди баору номус ва ватандӯсту хайрхоҳ аст.

                                                                     Ҳасанова Фарзона Шермадхоновна


Back to the list