KGU

БИСТУ ҲАФТ СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШАРАФМАНДОНА ДАР РОҲИ ХИЗМАТ БА МАРДУМ

БИСТУ ҲАФТ СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШАРАФМАНДОНА ДАР РОҲИ ХИЗМАТ БА МАРДУМ 09.12.2021

БИСТУ ҲАФТ СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШАРАФМАНДОНА ДАР РОҲИ ХИЗМАТ БА МАРДУМ

(ба ифтихори Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

Ба ҷомеаи мутамаддин мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон башарият дар ҷодаи давлатдориву давлатсозӣ ба маҷмӯи андешаҳои созандаву бунёдкор ва таҳрикдиҳанда ба суйи пешрафт ва фардои дурахшон зарурат дорад. Хурсандибахш аст, ки мардуми шарфманди тоҷик чунин андешаҳои созандаро дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ва азму талшоҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, ки роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва давлати милливу ваҳдати пойдор, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ пайваста равшан мегардонад.

Бо ифтихор ва шарафмандӣ халқи иззатманди Тоҷикистони азиз имрӯз 27-умин солгарди таъсисёбии «нерӯи созанда, қувваи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоду муттакои ҳамешагии мардум- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро дар замони гулгулшукуфоии ватани соҳибистиқлол таҷлил намуда истода, зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳамдилию ҳамбастагии сартосарӣ дар роҳи расидан ба аҳдофи бузурги миллатсозиву давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Дар воқеъ, ҲХДТ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои бемислу монанд ноил мегардад. Аз самари фаъолияти густурда ва заковатмандонаи роҳбарияти олӣ ва ҳизбиён сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ҳамин сиёсати созандаву бунёдкорона сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.

Талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаи мардум дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонии Нақшаву Барномҳои бузурги созандагиву бунёдгаронаи ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ин ҳизб, ҳизби созанда, бунёдкор, раиятпарвар ва дар умум ҳизби мардумист. Ҳамонгуна, ки Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”

Афзудани ин нукта ба маврид аст, ки дар бисту ҳафт соли хизмати шарафмандона ба мардум ҲХДТ бо сиёсати фаромиллии худ исбот карда тавонист, ки созандаи ояндаи босаодати давлати тоҷикон ва амалигардонандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати бузурги тоҷик бошад.

Воқеан ҳам, мардуми шарафманди Тоҷикистон бешак дарёфтаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Пешвои миллат, ояндаи худ ва фарзандонашонро ба дастони эътимодбахш супурда, аз хурд то бузурги кишвар сарввари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро маҳбуби қалбҳои худ медонанд. Ин садоқат ва маҳбубиятро ҳар лаҳза, дар мисоли “тифлакон акси Ӯро рӯи оинаи нилгун дида, бо муҳаббат “бобоҷон” гуфтан, мардони солманд ва таҷрибаи рӯзгордида ҳангоми сафарҳо ба истиқболашон баромада, барояшон самимона “дуои нек” намудан, ба ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат дурдастарин гӯшаи диёр қабл аз омаданашон гулистону мардумаш хушҳол гардидан, насли ятим бо ифтихор падарашон хонадан” мушоҳида менамоем. Ӯ барои ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос намунаи беҳтарини ҷавонмардӣ ва инсони комил аст. Ӯ аз ҳар каси дигар дида бештар дар фикри имрӯзу фардои дурахшони миллат аст ва барои ҳаёти шоистаи мардум пайи тадбир аст.

Бо камоли мамнунияту ифтихор ва муҳаббату садоқати фарзандӣ 27–умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба кулли ҳамсафон, алалхусус ба раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбиёни гиромӣ шодбош мегуем!

МУҲАММАДҶОНИ АБДУВОҲИД- муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДК, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

 


Back to the list