KGU

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ КОМПЮТЕРӢ ВА МУҲАНДИСИИ МАЛАЙЗИЯ БА ИМЗО РАСИД!

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ КОМПЮТЕРӢ ВА МУҲАНДИСИИ МАЛАЙЗИЯ БА ИМЗО РАСИД! 24.06.2021

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ КОМПЮТЕРӢ ВА МУҲАНДИСИИ МАЛАЙЗИЯ БА ИМЗО РАСИД!

Санаи 23.06.2021 вохӯрии онлайнии Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Раёсати Донишгоҳи хусусии илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия баргузор гардид.
Дар ин мулоқот баррасии масъалаҳо оид ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳҳо дар самти ҳамкориҳои илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, оид ба мубодилаи маълумот, нашри мавод ва нашрияҳои даврии таълимӣ сурат гирифт.
Ҷониби Малайзия қайд намуданд, ки самти асосии фаъолияти Донишгоҳи хусусии илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия илмҳои компютерӣ буда, аз рӯи шаш равия ба роҳ монда шудааст:
Компютеркунонии соҳавӣ - cloud computing;
Базаи маълумотҳо ва интелекти сунъӣ - big data and artificial intellect;
Амнияти иттилоотӣ (кибер безопасность) - cyber security;
Технологияи тиҷорат - business technology;
Рамзбандӣ ва барномасозӣ - CODING + DEVOPES & AGILE;
Шабакаи чизҳо (мошинҳо, таҷҳизот ва ғ.),
Дар ин росто, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Мирализода А.М. иброз доштанд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни донишгоҳҳо ба он мусоидат хоҳад намуд, ки дар базаи факултети физика, математика ва информатика аз рӯи ихтисоси информатика дар равияҳои
Информатика – Informatics;
WEB – дизайн ва графикаи компютерӣ – WEB-design & computer graphics;
Таъминоти барномавии низомҳои автоматизатсия – Software for automatic systems ҳамкориҳо вусъати тоза касб намоянд.
Вобаста ба ин, ректори муҳтарам А.М. Мирализода пешниҳод намуданд, ки дар пасманзари амалигардонии шартномаҳои ҳамкорӣ бо ДХИКММ табодули таҷрибаи омӯзгорон донишҷӯён, таъйин намудани роҳбарони илмии магистрантону докторантони PhD-и ДДК аз ҳисоби ҳайати профессорони ДХИКММ, фиристодани омӯзгорони фанни барномасозӣ ва WEB-дизайн аз Донишгоҳи Малайзия ба донишгоҳ, инчунин аз ДДК ба ДХИКММ фиристодани омӯзгорони фанни информатика бо мақсади омӯзиши фанҳои барномасозӣ, WEB-дизайн ва таъминоти барномавӣ ба Малайзия пешбинӣ гардидааст.
Дар суҳбат чунин пешниҳодҳо шуданд:
Таҳия ва дар амал тадбиқ намудани барномаҳои таълимии якҷоя ва додани дипломи дуҷониба;
Таъйин ва мусоидат намудан дар нашри мақолаву маводҳои таълимию методии ҳамҷояи омӯзгорону профессорони ду донишгоҳ;
Ташкил намудани конфронсу симпозиумҳои илмии якҷоя ҳам дар шакли онлайн ва ҳам офлайн;
Амалишавии бандҳои ба мувофиқарасида ҳадди ақал аз оғози соли таҳсили 2021-2022;

Возможно, это изображение (1 человек, стоит и в помещении)     Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и люди сидят)

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list