KGU

ВОХӮРӢ БО САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРӢ БО САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 29.05.2021

ВОХӮРӢ БО САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУСИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии сармутахассиси кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмо ва сардори раёсати кадрҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон Навкарова Маърифат дар Донишгоҳ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ ва донишҷӯёни буҷавӣ, ки дар Донишгоҳ таҳсил намуда истодаанд доир гардид.
Нахуст суханро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом оғоз намуда, меҳмононро ба Донишгоҳ хушомадед гуфта, меҳмононро ба аҳли толор шинос намуданд.
Инчунин ҳамаи хатмкунандагонро барои бо мувафақият ба итмом расонидани таҳсил дар Донишгоҳ табрик намуданд.
Сипас сармутахассиси кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмо баромад намуда, ҳама паҳлуҳои ба кор таъмин намудани кадрҳои ҷавонро дар муассисаҳо фаҳмондадиҳи карданд.
Сардори раёсати кадрҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон Навкарова Маърифат барои ба кор таъмин намудани хатмкунадагон ҳамаи шароитҳоро ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ҳамаи хатмкунандагоне, ки тибқи квотаи Президентӣ ва буҷавӣ таҳсил намуданд, бо ҷои кор таъмин карда мешаванд.
Дар фарҷоми вохӯри хатмкунадагон суолҳои нофаҳмои худро ба намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, ҳама ба пурсишҳои худ ҷавобҳо шуниданд.
Бояд гуфт, аз Донишгоҳ ки имсол 402 нафар донишҷӯ, ки аз ин шумора 93 нафараш, ки тибқи квотаи Президентӣ дохил шуда буданд, бо намояндагони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои худ дар вохӯри ҳамсуҳбат шуда, ҳама бо ҷои кор таъмин гаштанд.

Возможно, это изображение (8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list