KGU

ЧОПИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ

ЧОПИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ 14.04.2021

ЧОПИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз китоб (маълумотнома)-и профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Ҷумъахон Алимӣ тавассути Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чопхонаи «Матбаа» дар ҳаҷми 39,54 ҷузъи чопӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.

Китоб фарогири маълумотҳо ва бобу фаслҳои зерини таърихӣ, ҷуғрофӣ, забонӣ, фарҳангӣ, этнологию этнографӣ мебошад: Пешгуфтор; Боби I: Империяҳои ориёиён: Империяи Пешдодиён; Империяи Каёниён; Империяи Ҳахоманишиён; Империяи Парфия; Империяи Кӯшониён; Империяи Сосониён; Боби II: Давлатҳо ва ҳудуду минтақаҳои ориёинишин; Месопотамия (Байнаннаҳрайн); Бобул ва Бобулистон; Мидия; Скифия; Давлати Селевкиҳо; Давлати Юнону Бохтар; Саразм; Осиёи Миёна; Осиёи Миёна дар асрҳои XI – XII; Олимону мутафаккирони бузурги Осиёи Миёнаи асрҳои IX-XII ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ; Тоҳириён; Саффориён; Ғазнавиён; Давлати Сомониён; Давлати Хоразмшоҳиён; Ӻуриён; Хуросони Бузург; Мовароуннаҳр; Балх; Тахористон; Аморати Бухоро; Бухоро; Самарқанд; Тоҷикистон; Суғд (Суғдиён); Бохтар; Чағониён; Помир; Бадахшони Афғонистон; Хатлон ва хатлониён; Боби III: Масойили таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ; Нахустватани ориёиҳо ва маълумотҳои генетикӣ; Ориёиҳо. Асосгузорони тамаддуни аврупоӣ; Нахустин давлатҳои ориёӣ дар Ориёно; Ориёиҳо; «Шоҳнома» ва империяҳои ориёиён; Сулолаҳои ориёӣ дар Месопотамия дар асри XV то милод; Олимону муҳаққиқони асрҳои IX-XII-и Осиёи Миёна   ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ; Шарқи асримиёнагӣ ва нақши он дар рушди илм; Шоҳроҳи Абрешим: моҳият, таъйинот ва аҳамият; Ташаккули давлатҳо дар Осиёи Марказӣ; Асрори Куруши Кабир; Ташкил ёфтани аввалин давлатҳо дар сарзамини қадимаи тоҷикнишин; Ҳақикати Фирдавсӣ ва воқеияти «Шоҳнома»; Турк кист ? Тӯрон чист? (муқовимати Ирону Тӯрон - муқовимати мазҳабӣ буд, на муқовимати миллию нажодӣ!); Хулоса; Феҳристи адабиёт.

Устодро бо нашри китоби навбатиашон табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушҳолӣ ва бурдбориҳо таманно мекунем!


Back to the list