KGU

ҶАШНИ САДА МУБОРАК!!!

ҶАШНИ САДА МУБОРАК!!! 26.01.2021

ҶАШНИ САДА МУБОРАК!!!

Боиси ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон се ҷашни муқаддаси миллии тоҷиконро (Меҳргон, Сада, Наврӯзро) ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои гиромидошти бошукӯҳи онҳо пайваста даъвати самимӣ ба амал меоваранд.
Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти вижае доштанду доранд, фарзонагону донишиёни мо дар ҳар давру замон пофишориҳои фаровон карда, гаҳе ҷон ба гарав гузоштаанд. Бузургоне чун Фирдавсии озармин, ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба Эрон, дар баробари таассуф доштан аз он ки “Эрон куноми палангону шерон” мешавад, дареғу дард дошт, ки ҷашнҳои Наврӯзу Сада тира хоҳанд гашт:

Аз ин зоғсорони беобу ранг
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Акнун, ки Пешвои мо бароямон имкони бознигарӣ ба сунатҳои бостониамон додаанд, боясти ба онҳо бо чашми хирад ва аз зовияи як донишӣ нигарист.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сайри ҷашни Сада корҳои илмӣ, китобхои ба чоп расондаашонро ба намоиш гузоштаанд. Як навгонӣ дар ҷашни имсолаи Сада он буд, ки самовари Донишгоҳ ҷӯш мезад ва донишгоҳиён ҳамаро ба чойнӯшию ширинихӯрӣ даъват мекарданд. Ин ташаббуси Донишгоҳро мебояд дар солҳои оянда такрор кард. То ҷӯшидани самовар дар Садаи оянда шоду сарбаланд бошед!

ҶАШНИ САДА ШОД БОШАТОН!

На изображении может находиться: 5 человек, люди стоят, растение, дерево и на улице     На изображении может находиться: 5 человек, люди стоят, небо, дерево, на улице и еда


Back to the list