KGU

НАҲЗАТ ДАР АВРУПО ОБРӮИ МИЛЛАТРО МЕРЕЗАД

11.11.2020

НАҲЗАТ ДАР АВРУПО ОБРӮИ МИЛЛАТРО МЕРЕЗАД

Нахуст пурсиш ба миён гузошта шуд, ки чаро мухолифин муттаҳид нестанд? Чаро мухолифин дар интихобот ширкат надоранд? Кабирӣ худ чунин савол дод ва чун аз рақибаш посухи дилхоҳ нагирифт, кушид то худаш посухе пайдо кунад. Кабирӣ ягон посухи поядоре надошт, чуз ин ки Ҳукумат дороии онҳоро гирифтааст, рӯзномаҳояшонро, ҳизбашонро мамнӯъ сохтааст ва монанди он. Гарчи ӯ гуфта натавонист, ки Ҳукумат барои чи ҳизбашонро мамнӯъ сохт, вале мо ҳама огоҳем, ки даст ба аслиҳа бурда, кушиши забти ҳокимият кардан ҳатто дар кишвари папуасҳои Африқо ҷинояти сахти экстремистӣ хонда мешавад. Бо ишора ба ин маънӣ Додоҷон Атовуллоев дар миёни гуфтугуяш ин гузаштаи Кабириро ба ёдаш овард: «Шумо бо ҳизбатон ду бор узви порлумон будед, сипас, ду нафаратон дар узвияти порлумон ҷой гирифта буданд, тиҷорати беҳтарини худро доштед ва муваффақ низ будед, акнун чӣ мегӯед?» (Яъне, ҳама имкониятҳо бароятон фароҳам буд, вале чаро даст ба аслиҳа бурдед?)
Кабирӣ дар атрофи ҳамкории мухолифин, ҳамчунон, гуфт: «Соли 2016 ман аз пеши худ аввалин бор ба Ҷаноби Додоҷон Атовуллоев занг зада, хоҳиши гуфтушунид кардам ва як - ду бор наздашон рафтам... Касе, ки дар ин муборизаи сиёсии мо шарик шавад, хурсанд мешавем ва касе, ки намехоҳад, ӯро маҷбур намекунем».
Додоҷон Атовуллоев дар посух суханеро баён кард, ки гумон мекунам, бо каме таваҷҷуҳ, бинанда метавонист ба сурхшавии рӯйи Кабирӣ аз шармандагиву ҳолати ногувораш пай бибарад. Зеро рақиби ӯ як ҷойи маҳрамона ва аз нигари ноогоҳон пушидаро намоён сохт. Додоҷон Атовуллоев гуфт: «Бо Шумо шарик шудан барои чӣ? Давлате бар пояи дин бунёд кардан? Мо наметавонем бо ҳизбе ҳамроҳ, шавем, ки дастнишондоди хориҷӣ бошаду аз номи миллат ҳарф занад».
Ба пурсиши барандаи барнома, ба сони «мухолифати Шумо бо «Паймон» дар чист?», Додоҷон Атовуллоев изҳор дошт, ки роҳи «Паймони милли» бозгашт ба асри миёна мебошад, рӯ ба ашёҳое оварда мешавад, ки бӯйи нафталин мекунанд. (Ва инҷониб - нигорандаи ин сатрҳо илова мекунам, ки Кабирӣ ва дастааш мехоҳанд тоҷиконро либосе бипӯшонанд, ки кирми кия (русиаш моль) дарун андарунашро хурдаву фарсуда кардааст.)
Дар ин гуфтумон рақиби ноумедгаштаи Кабирӣ идома медиҳад, ки «Паймони миллӣ» мисли як столу стул барои наҳзат аст. Кори «Паӣмон» мардумро ба дигар роҳ, бурдан аст, хоҳ, худӣ дастгирӣ мекунад, хоҳ, бегона дастгирӣ мекунад.»
Барандаи барномаи телевизионӣ, бо натиҳагирӣ аз гуфтаҳои Кабирӣ, пурсид: «Шумо мепиндоред, ки Ҳукумат дар миёнатон ихтилоф барангехтааст, яъне ҷанг андохтааст? Ин дуруст аст?»
Додоҷон Атовуллоев бо як лаҳни таҳқиромез ба Кабирӣ гуфт: «Шумо магар саг астед, ки шуморо ҷанг меандозанд. Фақат сагҳоро метавонанд ҷанг андозанд».
Кабирӣ ҷилави суханро ба даст гирифта, бо ҳасрат изҳор кард: «Дар назари ман, тасаввур мекунам, гуё, Телевизиони Тоҷикистонро мешунавам, ки барномаи филми «Хиёнат» - ро пахш мекунад».
Чуноне ба назар мерасид, сухангӯи барнома, ба хотири паст кардани шиддати ҳамдигарситезӣ, аз Додоҷон Атовуллоев пурсид: “Шумо боре ба пурсиши «аз баӣни Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳукумат кадомеро интихоб мекардед», гуфтед «ман Ҳукуматро интихоб мекардам». Ҳоло низ бар инед? Ӯ ҷавоб дод: То ба Аврупо расидани қадами рақиби ман, соли 2015 мушкилие набуд, баъди омадани наҳзатиҳо, ки мегуфтанд, як эътилофе месозем, гирифтанду ба дуруғу туҳмат бофтан машғул шуданд. Дар ҳамин се соли ахир онҳое ки ҳар руз ба самти мо сангнпартоӣ мекарданд, ҳамин намояндагони Ҳизби наҳзати ислом буданд. Шумо пештар гуфтед, ки чарогоҳи Аврупо барои ҳама кифоят мекунад. Дар Фаӣзобод чарогоҳро «кашар» меноманд, аммо бо омадани Шумо ба Аврупо обуруи тоҷик рехт. Аз он рузе, ки Шумо ба Аврупо омадаед, ман зидди наҳзати имрӯза буда, бартариро медиҳам ба Ҳукумати имрӯза.
Баъзан мепиндорам, ки рақиби ман - «Паӣмони миллӣ» - е ки имрӯз аст, мисли як харсангест дар сари роҳ. «Паӣмони миллӣ» мисли як столу стул барои наҳзат аст. «Паӣмони миллӣ» - ро Ҳукумат мисли як хӯсса медонад, ки чумчуқу парандаҳо наоянду ҳосили киштро барбод надиҳанд».
Кабирӣ дар ҷавоб ба ракҳои худ гуфт, ки «мо аз забони Шумо ва аз налами шумо бисёр таҳқирҳо шунидем. Аммо шумо роҳи муайяне надоред. Бо вуҷуди ин, ман ҳануз ҳам мунтазирам».
Додоҷон Атовуллоев якчанд иддаои наҳзатиҳоро ёдовар шуда, нуктаи хеле равшанро бозгӯ намуд, ки онро намешавад хӯрдагирӣ номид: «Ман дар аввал мепиндоштам, ки онҳо аз гузаштаҳои худ сабақ гирифтаанд, аммо баробари қадам гузоштан ба Аврупо, аввалин коре, ки карданд, аз саҳна баровардани Додоҳон Атовуллоев буд. Бигзор, чуноне ки онҳо мегӯянд, ки ман ин астам он астам, ҷосус астам, аммо бигӯянд, ки Ҳафиз Бобоёров, Исфандиёри Назар, Дӯстмуҳаммади Дуст, Ҳарамгули Қодир, Ганҷина Ганҷова ва даҳҳо нафари дигар, ки дар Аврупо ҳастанд, чаро ба «Паймон» напайвастанд? Чанд нафари дигаре, ки бо «Паймон» буданд, аз ҷумла Равшани Темуриён, Ҳакими Раҳимпур ва дигарон эълон доштанд, ки мо дигар бо «Паймон» нестем, зеро ки мароми онҳоро намепазирем (яъне, дар пушти онҳо неруҳои сияҳкори кишварҳои дигар ҷоӣ доранд).
«Гуруҳи 24» изҳор дошт, ки мо дар киштии шикастаи Наҳзат намешинем. Ин ҳама гувоҳӣ медиҳад, ки айб дар кист».
Кабирӣ сабаби ҷудо шудани «Гуруҳи 24» - ро на аз «Паймони миллӣ», балки аз Додоҷон Атовуллоев арзёбӣ карда, бо ифтихор солҳои ҳаракати мусаллаҳонаашонро чунин ба ёд овард: «Мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор мухолифини мусаллаҳи разманда доштем».
Чуноне пайдост, дар ҷараёни ин гуфтумонҳо мухолифони Ҳукумат, чи Кабирӣ ва чи Атовуллоев, гаҳе беихтиёр чеҳраи асили худро равшан мекарданд. Ҳамон гуна ки дар мубоҳисаҳо ҳадафи бузургихоҳӣ ва дастнишондеҳи дастгоҳҳои харобкори кишварҳои бегона буданашонро бо исломпарастӣ мепушонанд ва ҳамин ки дар пеши рақиби худ музтар монданд, ӯро ба таҳқири ислом гунаҳкор эълом медоранд. Ниҳоят Кабирӣ аз далелҳои овардаи Додоҷон Атовуллоев ба шикасти худ пай бурд, ки ҳамон усули аз камар поёнро (приём ниже пояса) ба кор бурд ва ба саволҳои дур аз сиёсат гузашт, ки ҳочати такрорашон нест.
Инҷониб пас аз шунидани гуфтумонҳои ин ду саркардаҳои мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар дарёфтам, ки барои ин ҳар ду арзишҳои давлатсозӣ ва миллатсозии точикон ҳеч аст. Инҳо ва фиребзадагони дигаре чун онҳо дар назди миллати тоҷик гуноҳи бузурге содир кардаанд. Гуноҳи аз ҳама калонашон ин аст, ки соли 1992, дар он рӯзгоре, ки сарнавишт бори дигар ба тоҷикон шанси зинда кардани ҳувияти миллӣ ва давлати миллии ҳазор сол аз даст додаашро фароҳам овард, онҳо дар он фурсати нозуку ҳассос зери шиорҳои дасисабарангези исломисозӣ ва демократисозии ҷомеаи точикон, мардумро зидди ҳам барангехта, сабабгори ба талаф додани 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардиданд. Ин кушторҳо аз талафоти тоҷикистониён дар замони Ҷанги дувуми чаҳонӣ бештар буд. Гузашта аз ин, миллати тоҷикро дар назди мардумони чаҳон бехираду камақл намоён сохт. Аммо пастии андешаи мухолифон то ҷоест, ки ҳанӯз ҳам намехоҳанд ба нуктае дарбираванд, ки барои дубора бознамоёндани хираду фарҳанги миллати тоҷик дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз ба сӯйи он шахсияте санги маломат мефиристанд, ки ибтикорманд ва раҳнамои давлатсозиву миллатсозии мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Акнун ин ду мухолифи (опозитсионери) пиндорҳои худро дар қуллаи маърифати худшиносии миллӣ дида ба мо мегуфтанд, ки дар роҳи донишиву фарҳангисозии тоҷикон ва баргашт ба ҳувияти миллӣ кадом кунишҳои Ҳукумати Тоҷикистон норост аст ва чӣ кор кунанд, ки миллати тоҷики бар асари таҳмили фарҳангу андешаи бегона ҳувияти худро бохта, гумкардаҳояшро бозёбад?
Албатта, мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари бадбинии то ба бемории ифротгароӣ расидаи худ ҳеҷ наметавонанд, ба дастовардҳои бузурги кишвар бо чашми нек бингаранд. Ба ростӣ, ҳам шахси дар мафкураи пуриштибоҳи худ чун кирми пилла печида, аз даруни торики лӯлак наметавонад бингарад, ки дар ватани гумкардаи онҳо тоҷикон дар риштаҳои илму маориф, нигаҳбонии тандурустӣ, хонасозиву шаҳрсозӣ, таъмини саросарии аҳолӣ бо барқ, об, бунёди роҳҳо, ҳазорон муассисаҳои маишӣ, маӣдонҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар риштаҳо корҳои ниҳоят бузургеро анҷом доданд ва акнун коргари тоҷик ба тавлиди оҳан, арзиз, сурб, семент, лӯлаҳои обрасонӣ, маводи гуногуни хонасозӣ ва бисёр олаву асбобҳои кору рӯзгор пардохтааст. Кабирӣ аз тамоми мардуми Тоҷикистон хафаву малол аст, ки онҳоро гунаҳкор донистаанд. Ӯ мегӯяд: «Ман гумон мекунам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон чун масъулияти худро намедонанд, гунаҳкоранд». Кабирӣ дар дил орзуи хом мепарварад, ки рӯзе дар интихоботе мардуми Тоҷикистон рӯи номи ҳама номзадҳо хати бутлон кашида, номи ӯро менависанд. Ҳастанд одамоне, ки орзуҳояшонро ба дунёи дигар мебаранд ва дар он дунё низ орзуҳояшон хом мемонанд.
Дар поёни ин навиштор мехоҳам як сухани Додоҷони Атовуллоевро аз гуфтумонаш бо Кабирӣ ёдовар шавам, ки оқилона ва ибратбахш аст: «Мо - ҳама ба як тавбаи миллӣ ниёз дорем».
Ин росту дуруст аст, модари ягонаи мо - Тоҷикистон ношукрии шуморо намебахшад, вале қарзи фарзандии ҳар тоҷики асил дар он аст, ки аз ӯ талаби омурзиш кунем.


Back to the list