KGU

ХАРОБИҲОИ ФИКРӢ ВА ЭЪТИҚОДӢ АЗ ҲАМА ХАРОБИҲО БАДТАР АСТ.

09.11.2020

ХАРОБИҲОИ ФИКРӢ ВА ЭЪТИҚОДӢ АЗ ҲАМА ХАРОБИҲО БАДТАР АСТ.

Андеша ва қобилияти фикрронии инсон мутобиқи назари файласуфон ҳамеша ба ду ҷабҳа, яке ақл ва дигаре дониш пайвастагӣ дорад. Инро пай бурдан душворӣ надорад, ки бар асари ин ду арзиш инсон метавонад ба бузургтарин мақом ва қудрат комёб гардад. Таърихи башар чӣ дар Ғарб ва ҳамзамон дар Шарқ чунин намунаҳои арзёбии ҳамрадифии ақлу донишро бо назари андеша ва таҳавули назар мушоҳида ва баррасӣ кардааст. Ақлро ба сифати қудрати табиӣ, ҷисмию руҳӣ ва мабдаи илоҳӣ (осмонӣ) донанд ва донишро натиҷаи амали фардӣ, алоқаманд ба ҷустуҷӯй ва кӯшиши инсон. Маҳз ҳамин ду омил таъсири амиқ баҳри рушди нерӯи зеҳнии инсон мебахшад, ки дар натиҷа иқтидормандию барӯмандии фард дар ҷомеа ва дар назари дигар барои ташакули шахсият мусоидат менамояд. Чунин ибрози назар ҳамзамон дар меҳвари фалсафаи дин ва махсус дини ислом низ қарор мегирад, ки мақому шоистагӣ ва арзишмандии пайравони худро арзёбӣ мекунад.       Матлаб аз пешниҳоди мавзӯи мазкур бар асоси назар ва андешаи фикрӣ ва эътиқодиӣ як зумра пайравони динии ислом қарор мегирад, ки бо назардошти хусусияти эътиқодмандии хеш ҷонибдорӣ аз гароиш ба як навъ каҷравии исломӣ ва узвият ба ҳаракати ифротиро барои худ касб менамоянд.
Воқеаҳои марҳалаи шикасти давлати шӯравӣ ва ибтидои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон возеҳу равшан собит менамояд, ки чунин ашхос дар байни пайравони дину оийини ислом ба назар мерасиданд, ки минбаъд дар марҳалаи буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон бо роҳи ҷонибдорӣ аз ҳаракати мамнӯи наҳзатиҳо дар қатори исломиёни бунёдӣ(фундаменталӣ) қарор гирифта, сабабгори нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардиданд.
Ба ин кадом омилҳо боис гардид ва чӣ гуна оқибат ба бор овард? Масъалаест, ки то ба ин замон дар мадди назари муҳақиқони бахши фанҳои ҷомеашиносӣ қарор мегирад.
Ин ҳаводисро бо як нуқтаи назар таъсири амали ҳаракати наҳзатиҳо донистан асоси воқеӣ дошт. Зеро сарчашмаҳои муътамад аз он шаҳодат медиҳад, ки нахуст ибтидои фаъолияти наҳзатиҳо бо унвонии «Ҷунбиши Ҳаракати Наҳзати Исломии ҷавонон» дар Тоҷикистони шӯравӣ солҳои 70 – уми асри XX дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон оғоз ёфта буд. Баъдтар дар замири сиёсати озодандешии горбачовии замони шӯравӣ, дар соли 1986 ин ҳаракат вусъати тоза пайдо намуда, ба фаъолияти ошкоро махсус дар ин минтақа оғоз менамояд. Онҳо аз ҷумлаи шахсоне буданд, ки донишҳои казоии илмӣ надоштанд ва пинҳонӣ дар мактабҳои таълимотии наҳзатиҳои минтақаи Қурғонтеппа таълим гирифта буданд. Наҳзатиҳо ҳамеша дар баромадҳояшон дар бораи «озодӣ», «демократия» ва «ислом» гап мезаданд ва пайваста даъват ба амал меоварданд, ки кори онҳо ҳақ мебошад. Мушкилотҳои ҳаёти иқтисодии давлатро ба сиёсат ва идоракунии коммунистон алоқаманд менамуданд. Бо истифода аз усулҳои тарғиботии хеш аввалин душманони худро дар байни коммунистон, роҳбарони ҳизбию давлатӣ ва омӯзгорон медиданд. Дар мақоми «душмани ислом» қарор додани ин гуруҳҳои иҷтимоӣ асосҳои муътамад дошт, бо он нуқтаи назар, ки аввалан ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ аҳли зиё буданд ва моҳияти аслии амалҳои реаксионии наҳзатиҳо хуб дарк менамуданд ва бедодгариҳои онҳоро дар ҳама ҷо маҳкум менамуданд. Бо назардошти ин бо ҳар дасисаю фитна кӯшиш мекарданд онҳоро бадном намоянд ва ҳатто дар барномаҳои ниҳоии амалҳои минбаъдаи хеш барои ташкили «давлати исломӣ», кӯшишҳои ба қатлу ҷазо гирифтор намудани онҳоро низ дар сар доштанд. Асосгузори ҳизби мамнӯи реаксионӣ (собиқ ҲНИТ) - марҳум Саид Абдуллои Нурӣ зимни яке аз баромадҳояш иброз намуда буд: «Ҳаракати сиёсии исломии мо ҳеҷ гуна ҷангу хунрезӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро на дар барномаамон пешбинӣ карда буд ва на ба ягон қувваи беруние, ки дар ҷанг манфиатдор бошад иртибот дошта, баръакс аз аввали лаҳзаҳои ба вуҷуд омадани гирудорҳо роҳбарияти ҲНИТ ҳамеша парчами сулҳ дар даст дошт».
Воқеаҳои таърихи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки дар ҳеҷ давраи фаъолияти худ ва то дами марг Саид Абдуллои Нурӣ дар ин ибрози назари худ содиқ намонд ва дар хунрезиҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он даст дошт. Минбаъд ҳомиёни ин ҳизби реаксионӣ дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки имрӯзҳо берун аз кишвар дар Аврупо ба иғво ва ҷорандозии хеш бар сари Ҳукумати Тоҷикистон буҳтону туҳмат мезанад, ин амали риёкоронаи наҳзатиҳоро идома медиҳанд.
Ҳомиёни ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломи Тоҷикистон новобаста аз кирдорҳои реаксионии худ, ки дар мавқеи душманӣ ба ҳокимияти конститутсионӣ қарор мегирифтанд ва худи онҳо оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барафрухтанд шарм надошта, дар баромадҳои сиёсиашон дастовардҳои бузурги миллати мо озодию демократия ва расидан ба сулҳро моли наҳзатиҳо эълон менамуданд. Аз ҷумла дар як баромади дигари худ Саид Абдуллои Нурӣ таъкид ба амал оварда буд, ки мо «ду кори бузургеро, яке дар овардани демократияву озодӣ ба кишвар ва дигаре берун овардани кабутарони сулҳ ва ҳифзи он аз алангаи оташи ҷанг» - ро анҷом додаем.
Пайравони наҳзатиҳо дар ибтидо пеш аз ҳама дар доираи хешовандон, ёру дӯстон ва шогирдонашон қарор мегирифтанд, ки бо истифода аз тую маросимҳои дигари ҷаноза ва азодориҳо, ки дар он марҳала хеле бошукӯҳ ва бодабдаба, бо харҷу исрофкориҳо баргузор мегардиданд, бо ҳар восита бо амалҳои тарғиботии исломгароӣ аз роҳи ташкили зӯрӣ ва иғвогароӣ мардуми оддиро ба ҷангу хушунат ва душманию, ҷудоиандозӣ даъват менамуданд. Ин дар ҳоле, ки аксари аҳолии минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандӣ аз ин минтақа оғоз гардида буд, новобаста аз миллату забони худ ҷонибдорӣ аз давлати конститутсиониро доштанд.
Амали наҳзатиҳо дар он замон барои ҳамаи мардуми минтақа хиёнат ва разолатро мемонд. Вақто, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз меёбад наҳзатиҳо аз Тоҷикистон фирор намуданд. Қисме аз онҳо бо аҳли байт ва хешовандони наздикашон ба Афғонистон мегурезанд. Танҳо баъди баста шудани Созишномаи сулҳ ва ташкили Комиссияи оштии миллӣ ба ватан бармегарданд. Баъди бозгашт наҳзатиҳо дар доираи имкониятҳои давлат ва иҷозаи бисёрақидагӣ худро расман дар ҲНИТ аз нав номнавис менамоянд ва ба фаъолияти озоди сиёсӣ мебароянд. Наҳзатиҳо бо истифода аз имкониятҳои Комиссияи оштии миллӣ ва минбаъд дастгирии хоҷагони хориҷии хеш дар маъракаҳои интихоботии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии солҳои 2005, 2010, 2015 ҷаҳду талошҳои зиёд барои ноил гардидан ба мавқеи курсии вакилиро мекарданд. Онҳо дар баромадҳои тарғиботии хеш бо истифода аз яроқи идеологии худ арзишмандии соҳибистиқлолӣ ва комёбию музафариятҳои моро нодида мегирифтанд ва аз болоравии нуфӯзи сиёсии худ ҳарф зада, барномаҳои «осмонӣ» - и баромадан аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро рӯи кор овардани мешуданд, вале дар байни мардум нуфӯзи пасти сиёсиро соҳиб мегардиданд.
Мардуми тоҷик, ки аз оғози буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз давлати конститутсиониро мекарданд, дар сарнавишти таърихии худ воҷиаи хунини ҷанги шаҳрвандиро дар хотир доштанд ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекарданд, ки сабабгори асосии муноқишаҳои сиёсии Тоҷикистон дар дохили кишвар маҳз наҳзатиҳо буданд. Соли 2015 дар ҷараёни маъракаи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ зери шиори «Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама» иқдомҳои охирини авомфиребонаи худро барои устувор гардонидани мавқеи сиёсии ҳизб равона намуда, кӯшиш мекарданд намояндагони худро дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дошта бошанд. Вале дар ин маврид низ онҳо комёб намегарданд.
Моҳи сентябри соли соли 2015 фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон қатъ гардид ва ин ҳизби реаксионӣ – диннӣ эълон гардид. Қисме аз аъзоёни ин ҳизб бо хоҳиши худ аз узвияти ҳизб берун рафтанд ва қисми радикалии онҳо бошад маҳкум ба ҳабс гардиданд.
Ҳамин тариқ айён мегардад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияти сиёсии худ то ба давраи қатъ гардидани фаъолияташ дар воқеъ ҳизби реаксионӣ- терористӣ буд. Факту далелҳои зиёд ва муътамад аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз қувваҳои бузурги сиёсӣ, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барафрухт, ин фаъолияти бевоситаи ҳизби мазкур буд, ки бо дастгирии ҳомиёни хориҷии худ аз давлатҳои Эрон, Афғонистон ва Покистон бо мақсади бунёди давлати исломӣ барномаи мазкурро таҳрезӣ намуда буданд. Бо назардошти пурра муқарар намудани фаъолияти реаксионии ин ҳизб моро зарур аст заминаҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ ва таърихии таъсиси ячейкаҳои марказӣ ва ибтидоии ҷараёни фаъолияти ҲНИТ- ро ба пуррагӣ омӯзем. Вале ин ҷо метавон омилҳои зерини дастёбӣ ва устуворшавии мавқеи сиёсии наҳзатиҳоро дар Тоҷикистон ишора кард:
Ҳизби реаксионии Наҳзати Исломи Тоҷикистон ба мисли дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва асҳобҳои сиёсӣ дар охири солҳои 80 - уми асри XX аз имкониятҳои замони бозсозӣ ва гуногунандешии сиёсӣ марҳалаи охири замони шӯравӣ васеъ истифода карда ба арсаи сиёсат ворид гардид.
Нуфузу эътибор пайдо намудани ин ҳизб дар ибтидо аз бисёр ҷиҳат ба он вобастагӣ дошт, ки нахуст аз номи дини ислом баромад мекард, ки вобаста ба маҷмӯи кори идеологии замони шӯравӣ диндории аҳолӣ ба сифати озодии эътиқот зери сиёсати сахт қарор дошт ва маҳз дар шароити нав бо дастёбӣ аз музафарияти озодандешии замони горбачовӣ расидан ба ҳадафҳои эътиқодӣ ва динӣ имконпазир мегардид. Ба дигар маъно арзишмандии мероси ахлоқӣ ва динии исломро махсус онҳое, хуб пазироӣ менамуданд, ки пайравӣ ва эътиқотмандиашон дар нисбати дин вобаста ба тарбияи авлодӣ хонаводагиашон зиёда буд. Чунин пайравон ва эътиқодмандон махсус дар минтақаи Ғарм ва Қурғонтеппа бештар ба назар мерасиданд. Барои аксари дигари аҳолии Тоҷикистон новобаста аз миллаташон эътибори сиёсӣ пайдо намудани Ҳизби реаксионии Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва ба ин монанд дигар ҳизбу ҳаракатҳо дар ибтидо, то оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ як навъ падидаи арзишмандии озодандешӣ фаҳмида мешуд.
Ҳаёту зиндагии воқеии асосгузорон ва ҳомиёни аввалини наҳзатиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари онҳо дар синни ҷавонӣ новобаста аз таъсири сиёсату идеологияи замони шӯравӣ таҳсилоти пурра ва комили замони шӯравиро қариб, ки нагирифтаанд ва бо таъсири миссионерҳои хориҷии худ аз давлатҳои исломии Эрон, Афғонистон, Арабистон ва Покистон аз мактаби нахустини амали реаксионии диннии исломӣ дар маҳбасҳо ва пинҳонӣ гузаштаанд. Бинобарон хизмат дар ин ҳизб барои онҳо ваъдаҳое буд, ки баъди ғалаба ва ғасби ҳокимият дар давлати бо ном «исломӣ»-и таъсис додаашон соҳибмансаб мегардиданд. Аз ҷониби дигар хизмат накардан ба хоҷагони хориҷиашон бошад барои онҳо маргро мемонд.
Воқеаҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ, куштору хунрезиҳо ва мушкилотҳои дигари зиндагӣ то андозае чеҳраи сиёсии ин ҳизб ва дигар ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистонро аз назарҳо дур мекард. Аҳолии кишвар дар набарди маргу зиндагӣ қарор мегирифтанд. Муҳим аз ҳама масъалаи хомӯш нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар ин марҳала нақши кумандонони саҳроӣ, ки пайваста дар набард аз ҷониби қувваҳои мухолифин баромад менамуданд, меафзуд. Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав қудрати сиёсӣ ба даст меоварад ва роҳи хомӯш нишондани ин ҷангро пеш мегирифт. Маҳз дар ҳалли проблемаи мазкур сарварони ҲНИТ берун аз Тоҷикистон ба сифати пешвоёни сиёсии қувваҳои мухолифин бо ҳайати гурезагони тоҷик дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон роҳбарӣ мекарданд ва худ низ аз мактабҳои терористӣ – диверсионӣ мегузаштанд. Чандин куштор ва терорҳои марҳалаи давраи ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳбарии пешвоёни наҳзатиҳо ба вуҷуд омада буд. Вале дар сурат сарварон ва намояндагони ин ҳизб аз номи қувваҳои мухолифини тоҷик ба шартномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд ва бо ин боз нуфузи сиёсии худро баланд бардоштанд. Бо дастёбӣ аз сулҳу ризоият ва ташкили Коммисияи оштии миллӣ, инчунин мустаҳкам гардидани принсипҳои демократӣ дар соли 1998, ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо аз нав ба фаъолият оғоз намуданд.
Ҳаракатҳои ҳомиёни ин ҳизб аз ибтидо то интиҳои амалашон дар Тоҷикистон бар асоси сиёсати шикасти мазҳаби ҳанафия ва тарғибу дастгирии ҷараёни шиа қарор мегирифт, ки далелҳои муътамад аз он шаҳодат медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин хатар ва ҳифзи мероси динии мазҳаби ҳанафия Соли 2009 - ро Соли Эмоми Аъзам эълон дошт.
Барои устуворшавии ҲНИТ ҳамзамон рӯи кор омадани сиёсати мукаламаи давлату дин ва сиёсигароии ислом дар тамоми марҳалаи солҳои 2000 - ум то қатъ гардидани фаъолияти ҳизб дар соли 2015 мусоидат намуд. Дар ин марҳала наҳзатиҳо дар Парламент ва ҳукуматҳои маҳаллӣ намояндагони худро доштанд. Имкониятҳои пурзуршавӣ ва дастёбии онҳо аз ҳисоби шарикони худ дар созмонҳои байналмиллалӣ боз ҳам меафзуд. Ин ҳизб аз ҳисоби намунаи нахустини ҳизби сиёсии хислати дини исломиро доштаи Осиёи Маркази эътибори сиёсии ҷаҳониро соҳиб мегардид. Ин дар ҳоле буд, ки чунин ҳизбҳои сиёсии динии исломи ба мисли Ал - қоида, Ҳизб-ут-таҳрир аз ҷониби ҷамеаи ҷаҳонӣ реаксионӣ эълон гардиданд. Дар бардошти сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Тоҷикистон то кадом андоза амалҳои реаксиониро анҷом додани ҳизб маълум буд. Вале воқеаи кӯшиши табадулоти нави дастпарвари ин ҳизб генерал Назарзода дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат 4 сентябри соли 2015 симои реаксионии ин ҳизбро ба аҳолии Тоҷикистон ва ҷаҳон пурра нишон дод, ки баъди ин амал фаъолияти он реаксионӣ шинохта шуд ва дар қаламрави кишвар манъ гардид. Сарварон ва намояндагони ин ҳизб онҳое, ки дар ҳаракатҳои реаксионии ҳизб даст доштанд гирифтори маҳкамаҳо гардиданд ва танҳо қисме аз онҳо, аз ҷумла роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар фирор қарор доранд.
Имрӯзҳо қисме аз намояндагони ин ҳизб, ки дар хориҷи Тоҷикистон қарор доранд ва бо дастгирии ҳомиёни хориҷии худ бо ҳар роҳу дасиса бар сари давлати мо санги маломат мезананд, ки ҳуқуқҳои сиёсии аъзоёни ҳизбро поймол намудааст. Дар Тоҷикистон гӯё ҳуқӯқҳои сиёсӣ ва озодии эътиқод эътибор надорад ва ба ин монанд дигар буҳтонҳо. Вале ҳақиқат он аст, ки амалҳои реаксионии ин ҳизбро ба сифати як навъ харобиҳои фикрӣ ва эътиқодӣ мо тавониста бошем ба ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеъбинона нишон диҳем ва бо истифода аз ин дар кишварамон амнияти бештареро барои шаҳрвандон таъмин намуда, ҷомеаи ҷаҳонро аз хатари чунин ҳизби реаксионӣ - динӣ огаҳ намоем.

Пирали НАЗАРЗОДА.
Мудири кафедраи таърих ва методикаи таълим, н.и. сиёсӣ, дотсент.


Back to the list