KGU

ПЕШВОИ САОДАТМАНД

21.10.2020

ПЕШВОИ САОДАТМАНД

     Соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ва соҳиби давлати озод шудани миллати тамаддунофари тоҷик башорат дод.
     Ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифтанҳои Сарвари ҷавону диловари Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешонгашта 5 соли дароз давом карда бошад ҳам, сиёсати сулҳҷӯёна ва ба ҳамдигарбахшӣ равона гаштаи ӯ аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирӣ қарор гирифта ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон. Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шумораи ҳарчи бештари давлатҳо ба расмият шиносанд.
     Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
     Мавқеи устувору хулосагириҳои амиқан асосноки Сардори давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар менамуд.
     Ҳарчанд сиёсати роҳбарияти олии кишвар дар шахси Пешвои миллат, Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар дидгоҳу мавқеъ барои коршиносони махсус ва муҳаққиқони сиёсати ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу барассӣ ва арзёбию эътироф қарор гирифта аст, ин падидаю зуҳурот қабл аз ҳама мансуб ба шахсияту фардияти барҷастаи худи Пешвои миллат мансуб ва мутаалиқ аст, ки имрӯз барои мардуми мудамиддину кӯҳантаърихи мо ба сифати як раҳнамо ва дастуру ҳидояти зисту зиндагӣ ва фаъолияти амалӣ мавриди истифода қарор гирифта аст. Агар ба таърихи дуюним даҳсолаи соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва давлатдории шаклан ва мазмунан нави Тоҷикистон воқеъбинона назар дӯзем, равшану айён мешавад, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаёқат, шоистагӣ арзишмандии худро дар мартабаю манзалат ва мақому мавқеъи Пешвоии миллат кайҳо боз собит намудаанд.
     Тасдиқу исботи ифтихормандии ин мақому манзалат ба Президенти мамлакат он нуқта аст, ки мардуми кишвар Ӯро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат хеле барвақт пазирфта будаанд.
     Мусаллам аст,ки ҳама мардуми миллатҳо иборат аз кишварҳои ҷомеъа ва мардумони шаҳрвандони мухталиф соҳибу молики одобу фарҳанг ва суннатҳои гуногун иборат мебошанд ва ҳастиву бақою пойдории давлту миллатро фақат ваҳдату якпорчагии ин ҷомеъа ва мардум метавонад мусоидат ва таъмин кунад. Муҳимтарин омил он аст, ки агар мардумон ва ҷомеъаҳо мисли Пешвои миллати мо шахсияти нотакрори созанда, сулҳофарину саодатфарин дошта бошад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шурӯи кору пайкори худ ба сифати роҳбари олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал бо гирдоби муноқишаю мулоҳизаҳои мусаллаҳона, ки дар маҷмуъ ҷанги шаҳрвандӣ номида мешавад, рӯ ба рӯ шуда, бо такя бо нерӯҳои солими ҷомеъа ва хирадмандии таърихи тоҷикон аз минбари Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ба мардуми кишвар бо масъулияти тамом ваъдаи сулҳ ва оромию осоиш намудан ва ҷасуронаю, далеронаю собитқадамона ин саодатмандиро дар мӯҳлати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба мардуми худ расонидаанд. Бо ваъдаи додаи худ ҳам вафо кардаанд. Мардум ҳам афкору андешаҳои созандаю супоришҳои Сарвари давлати худро сармашқи кору фаъолият ва зисту зиндагии худ намуда, бо такя ба дастуру раҳнамоиҳои хирадмандонаи роҳбари давлат мутаҳид гаштанду ба дастоварду пешрафтҳое ҳам муасару муваффақ гаштнд, ки ҳатто 70-соли салтанати Шӯравӣ мувафақ гаштан ба онҳо хаёле ҳам набуд.
     Хатми ҷангӣ шаҳрванди,пойдории сулҳу суббот ва оромию осоиш, пешрафту комёбиҳо дар тамоми самту соҳаҳои зиндаги маҳз ҳосилу натиҷаи хидматҳои бесобиқаи ин шахсияти барҷаста мебошанд, ки ва бояд арз кард, ки имрӯз давлати моро қариб аксари давлатҳои олам ба тариқи расми эътироф мекунанд. Ҳарчанд тоҷикон дар тулии тахрих чандин маротиба ба хатарҳои маҳвшавӣ рӯ ба рӯ гашта, чандин маротиба давлати худро аз даст дода бошанд, ҳам хушбахтона ин дафъа хавфу хатари пешомадаро дар як муддати кӯтоҳи таърихи роҳбари ҷасуру далер дар шахси мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки рафъ созад. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист соҳиихтиёру мустақил, демократӣ, дунявӣ ва ягона гардид, душманони дохилию хориҷие дар байн зур кардаанд, ки мехостанд раванди сулҳу суботро барҳам зада, халалдор созанд, ин бору чандин маротибаи дигар ҳам тавонист нияту ѓаразҳои нопоки онҳоро рафъ созад.
     Интихоби сарвари давлати мо чандин амротиба ба сифати пешбар ва раиси ҷаласҳои Созмони Миллалӣ Мутаҳид, Раиси тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, созмондеҳи Симпозиуми байналмиллалии ҷаҳонӣ бахшида ба зодрӯзи Имоми Аъзам ва садҳо чорабиниҳои дигарӣ ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ шаҳодат аз хирадмандӣ ва иродаи қавии сиёсии пешвои миллати мо медиҳад. Агар ба ёд оварем ин ҷо зикр кунем, ки ӯ тавонист кору пайкори шабонарӯзи намуда, солҳои нахустии сарварии худ тамоми фирориёни тоҷикро аз Афѓонистон ва дигар кишварҳо ба ватан баргардонида, Агар ба ёд оварем сулҳу суботро дар як муддати кӯтоҳ таъмин намуд, дар арсаи байналмиллалӣ сиёсати дарҳои кушодро расман эълон намуда, бо аксари кишварҳои дунё муносибатҳои дустонаю рафиқонаро барқарор намуд, новобаста ба он ки аксари ҳудуди кишвари моро кӯҳо ташкил мекунанд, синаи кӯҳро шикофта ба чор тараф нақбу роҳоро ҳамчун ҷараёни рагҳои хунгарди чумҳурӣ боз намуд, садҳо муассисаҳои таълими ва олии касбӣ, фарҳангию варзишӣ, фурудгоҳҳои байналмиллалӣ кушода шудаанд, ҳазорон заминҳои бекорхобида ба кишту парвариши маҳсулоти кишварзӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ба мардум тақсим карда дода шудаанд, Сарқонуне, ки коркард ва тасдиқ карда шуд, ки ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро пурра ва мукамалан кафолат дода, таъмин мекунад, аксари муассисаҳои таълимию тандурустӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосиртарин таъмин шуда, дар сиёсати давлат афзалиятнокии соҳаи маориф расман эълон дошта шуд, барои омӯзиши касбу корҳои муосир ва фаро гирифтани ҷавонон бо таҳсил ва аз худ кардани илмҳои муосир ҳазорон ҷавонондухтарону ҷавононпмсарон ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷа сафарбар карда шудаанд, пас ин номгӯм кутоҳтарин ва мухтасартарини кору пайкор ва пешрафтҳои назаррасе ҳстанд, ки ҳатто тӯли салтанати шӯравӣ ҳам ба онҳо муясар ва мувафақ нагашта будем.
     Фаъолияти сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил дар китобҳо, матбуот, барномаҳои радиову телевизион тавзеҳ дода шудааст.
     Тоҷикистониён бо Президенти худ ва корҳои мушаххасеро, ки ӯ тайи 20 соли охир, аз солҳои барои кишвар ва халқ вазнину фоҷеабор сар карда, то давраи рушди босуботи он анҷом дод, хеле хуб медонанд.
     Ҳадафи ман на маълумотдиҳи,балки равшанӣ андохтан ба бархе аз рӯйдодҳои алоҳидаи фаъолияти махсусан самараноки Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми олии кишвар баҳри Тоҷикистони азиз ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дилшод АБДУЛОВ.
И. в. мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, муаллими калон.


Back to the list