KGU

МУҲАММАДИҚБОЛИ ҚАЛЛОБ БО 430 000 ДОЛЛАР ДАР ПАЙГАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗОШТА ШУД!

21.10.2020

МУҲАММАДИҚБОЛИ ҚАЛЛОБ БО 430 000 ДОЛЛАР ДАР ПАЙГАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗОШТА ШУД!

     Чанд рӯзе пеш дар сомонаҳои интернетӣ хабаре нашр гардид, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ нисбат ба як фитнагари аблаҳи бесаводи тафриқаандоз Муҳаммадиқболи Садриддин парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд. Ба гуфтаи прокуратура Муҳаммадиқбол аз якчанд шаҳрвандони Тоҷикистон ба маблағи 430 000$ гирифта, то айни замон барнагардонидааст.
     Ин фитнаандоз чеҳраи аслиаш ба мардум маълум шуд. Кораш фақат иғвову дассисабозӣ мебошад. Ҳақиқат оҳиста-оҳиста рӯйи об мебарояд, ё беномуси Муҳамадиқбол охир дида истодаӣ, ки имони ту то куҷост. Тоҷикон як матал доранд, ки «Харро баранд Маккаву Мадина, орандаш ҳамон хари порина» ба ту тааллуқ дорад Муҳаммадиқболи касиф.
     Воқеан, ягона миллате, ки бар зидди ҳаммилати худ санги маломат ба воситаи шабакаҳои интернетӣ мезананд, ин баъзе тоҷикони зархариде, ки дар хизмати хочагони хориҷианд, мебошанд. Дигар ягон миллати рӯи дунё ин корро намекунанд. Ҳеҷ нафаре чун Кабирӣ, Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон бар ивази пул бар зидди Ватани худ баромад намекунанд. Дигар инҳоро тоҷик гуфтан хатост.
     Дигар халқ он халқи содда нест, ки аз думболи шумо равад. Шумо террорист ва бадхоҳони инсонҳоед. Террорист ватан, мазҳаб, дин, миллат надорад.
     Тоҷики асил бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст ҳеҷ гоҳ бар зидди миллати худ гап намезанад, онҳоро ба ҳар гуна муборизаҳо даъват намекунад, балки дилаш ба Ватан, Модар, миллаташ, фарзандаш месӯзад ва ҳеҷ гоҳ хостгори ҷангу бетартибӣ нест. Бояд кайд кард, ки тинҷии Ватани азизамон Тоҷикистон ва зиндагии арзандаи мардуми тоҷик хоинони миллати моро дар ташвиш гузоштааст.

     Симо Каромзод, таҳлилгар.


Back to the list