KGU

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ВАО

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ВАО 24.07.2020

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ВАО

        Рӯзи 21-уми июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2020 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

        Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оид ба ҷамъбасти соли 2019 тариқи   рӯнамоӣ (презентация), диаграмма ва омори дақиқу саҳеҳ пешниҳод намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар давраи ҳисоботӣ кору фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудан тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои назаррасу муҳимро анҷом додаанд.

        Ректори донишгоҳ бо таъкид ба захираҳои кадрӣ, чун сарвати арзишманди донишгоҳ қайд намуд, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ иқтидори бузурги кадрии соҳаи маорифи кишвар кору фаъолият менамояд ва боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 50 давлати дунё (Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Австрия, Туркия, Яман, ИДМ ва ғайра) кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун карда истодаанд ва донишгоҳ мавқеи байналмилалиро касб намудааст.

    

        Таъкид рафт, ки дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони соҳаи маориф ба мисли Рӯдакию Сино ва Фирдавсии бузург бошем, то ки кадрҳои баландихтисос тарбия намоем ва дар рушди илму инноватсия мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем

        Инчунин, профессор Мирализода А.М. иброз доштанд, ки дар донишгоҳ корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, биноҳои таълимӣ ва атрофи онҳо аз таъмири наву замонавӣ бароварда шуданд. Дар хобгоҳи №3 низ таъмири асосӣ гузаронида шуда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

        Дар фарҷоми нишасти хабарӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба саволҳои зиёди намояндагони ВАО ҷавобҳо мушаххас дода, онҳоро ба ҳамкоррии минбаъда баҳри пешрафт ва рушди таълиму тарбия ва илму инноватсия дар донишгоҳ даъват намуд.

    


Back to the list