KGU

БИГЗОР МУХОЛИФОН ОЙИНИ ҶАВОНМАРДӢ БИОМӮЗАНД

18.05.2020

БИГЗОР МУХОЛИФОН ОЙИНИ ҶАВОНМАРДӢ БИОМӮЗАНД

Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойли сиёсӣ

         Тайи чанд моҳи ахир ҳар нафаре, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон дар дил бухсу кинаи деринае дошт, бо борони туҳмат резонд тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҳар ниҳоде, ки замоне шояд, “дархӯраш”-он нашуда буд. Ба ҳамаи ин сабаб чӣ буд? -Пандемияи коронавирус

         Ҳатто баъзе бешарафони беҳаё, ки худро то ин замон мусалмони асил мепиндоранд, хабару овозаҳои бардурӯғро рӯи саҳифа овардаанд, ки ин хеши Президенту он ёвару дигару дигар ба беморӣ гирифтор шудаанд.

Эй, номусулмонон, охир ин пандемия ҳаст ва дар нӯги як сӯзан 1000 вируси ноайён аст, ки метавонад Шумову хешовандони Шуморо низ сироят кунад?!

Магар аснои бемориву пандемия таънаву маломат кардани инсонҳо ин ҷавонмардист? Магар бар марги касе шод шудан, ин инсонгарист? Магар дар бадбахтии дигарон таблу нақора задан одамгарист?

Вале, ҳайфо, ки Шумо мухолифон, ин корҳоро дар ин рӯзҳои барои башарият хеле гарон, ба худ раво дидед, бехабар аз он, ки аз боло, аз ҷониби он Худои ломакон назорат мешаведу Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаволаи Шуморо ба Худо кардаасту чун “меҷакеду мелақед”, ҳеҷ як гуфтааатонро мисли ҷаве ҳам баҳо намедиҳад ва бо роҳи интихобнамудаи худ- дастгирии афроди ниёзманду табибон, анҷоми амалҳои хайру савоб дар ин моҳи мубораки рамазон ва андешидани чораҳои пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба нестӣ бурдани ин вируси ҳамагир қарор дорад.

Дар ин рӯзҳо соҳибкорони ватанӣ ба афроди ниёзманд, аз ҷумла ба он табибони ҳозиқе, ки шабонарӯзӣ дар хидмати аҳолӣ мебошанд, маводи хӯрок, лавозимоти тиббӣ, маводи доруворӣ дастрас намуда истодаанд.

Дар ин радиф, на фақат соҳибкорон, балки шахсони алоҳида низ барои дарёфти савобу самараи ин моҳи хайру сахо бо имконоти мавҷудаи хеш амалҳои хайр анҷом медиҳанд.

Шумо, мухолифони дур аз Ватан, худро мард мегӯед, вале ба нохуни пои як зане аз вилояти Суғд расида наметавонед, ки аз боғи ҳавлиаш барои баланд бардоштаини иммунитети беморону ҳамдиёрон дирӯз 300 кг меваи гелос ба беморхонаҳо, ҳамсояҳо ва хешу табор кӯмак кардасту боз ният дорад ҳамин миқдор меваи тарро то охири моҳ ба ҳамдиёрон пешкаш кунад.

Акнун аз чашматон оташ резад ҳам, вуруди кумакҳои моддӣ аз ҷониби Президенти кишвар бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат шуруъ шуд.

Шумо дидед, албатта, ва яқин, ки талхакаф ҳам шудед?!!!

Нахуст корвони чунин кӯмак ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад. Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст. Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ маводи зарурии доруворӣ ва ба беморхонаи марказии вилоят 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ тӯҳфаи Президенти мамлакат фиристода шуд. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда шуд.

Чунин кӯмакҳо ба ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯзҳои наздик мерасанд, ки нишонаи олии ҳамбастагиву иттиҳод ва ҷавонмардиву дасти ҳам бигрифтани миллати тоҷик мебошад.

Муродам аз ин барчидаҳо он аст, ки Шумо мухолифони пастфират, бубинеду ойни ҷавонмардиву хирад биомӯзед, зеро ки маҳз ҳамин сифатҳо дар Шумо намерасанду вируси кина, ғурур, рашку ҳасад дар вуҷудатон хона кардаасту дарун –дарун харобатон мекунад.

Фирк мекунам, ки аз коронавирус дида вирусҳои шумо табобатнашаванда аст ва ваксинаи он “одам” шудан аст. Дар ҳар сурат:

“Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳавола-т бар Худо кардему рафтем”

Боқӣ қазоват аз Шумо ва ба имону виҷдондории Шумо вобаста аст!


Back to the list