KGU

Натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли 2019

Натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли 2019 25.04.2020

Натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли 2019

Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имсол ба санаҳои муҳиму барои миллати тоҷик сарнавиштсоз – эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва тақвияти иқдомҳои созандаву ободкорона ҷиҳати истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бахшида шуда, дар барномаи конференсия равия ва проблемаҳои илмии кафедраҳо ва тахассусҳои амалкунандаи донишгоҳ масъалагузорӣ карда мешаванд.

Дар ин рӯзи наку, сараввал, зарур медонем, ки аз дастовардҳои илмию таълимии ҳайати олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли сипаришуда ёдрас шавем.

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии қабули Конститутсия ва      «400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ» таҷлил гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати бузургдошти ин санаҳои пурифтихор фаъолияти назаррас нишон доданд.

Маҳз ба хотири ин заҳмату талошҳо ҳайати омӯзгорон бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ ва ифтихорномаҳо, аз ҷумла 1 нафар омӯзгор ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ мегардад, дар даҳгонаи дуюм қарор гирифт.

Алҳол дар 28 кафедраи донишгоҳ 588 нафар омӯзгорон (206 нафараш занон), аз ҷумла 1 нафар академик, 8 нафар доктори илм, 64 нафар номзади илм ба фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин, 98 нафар омӯзгорон ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.

Бо назардошти саҳми назаррас гузоштан дар рушду такомули илм, дар 28 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯйи 18 равия, 23 проблема ва 27 мавзӯъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғул мебошанд. Аз 588 нафар ҳайати омӯзгорон 498 нафарашон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд, ки ин ба 87,6%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар аст ва нисбат ба соли 2018 6% зиёд мебошад. Нисбати рушди илм ва вазъи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмию методии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон 10 маротиба, дар ШИМ 5 маротиба ва ҷаласаҳои ректорат 6 маротиба мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифта оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гаштаанд.

Ҳамасола маблағгузории самти илм аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Дар партави ин, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои пешрафти соҳаҳои илм ва омодакардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шурӯъ аз соли таҳсили 2013-2014 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ омӯзгоронро барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ бо маблағи 3000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ҳавасманд мегардонад.

Фаъолияти нашрии омӯзгорони донишгоҳ нисбат ба соли 2018 62,3 ҷузъи чопӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, 5 китоби дарсӣ, 10 монография ва 53 васоити таълимӣ-методӣ рӯи чоп омадаанд. Дар ин самт академик Каримов С.К., профессорон Ғуломов И.Н., Ҷумъахон Алимӣ, Ибодов М.О., Мирзоев С., Аъзамов Х., Изатова М.; дотсентон – Иброҳимов Г., Маҳмудов Т., Бозоров Х., Пирназаров Э., Исоева Д.; омӯзгорон – Зафар Мирзоён, Табарова З., Қаландаров С., Тошматов А., Саидов М. ва дигарон назаррас арзёбӣ мегардад.

Таҳлили фаъолияти илмии устодони донишгоҳ тавассути нашри маводи илмӣ, маҷаллаи илмии “Паём”-и донишгоҳ, маводи конфронсҳои донишгоҳ ва берун аз он ҷамъбаст гардид. Дар соли сипаришуда 2 шумораи маҷаллаи “Паём” ва 5 маҷмӯаи илмӣ аз чоп баромад.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ олимону омӯзгорон аз рӯйи 9 мавзӯи илмӣ-фармоишӣ таҳқиқот мебурданд, ки муҳлати таҳқиқоти 7 мавзӯъ аллакай ба итмом расидааст. Дар 5 соли охир аз ҳисоби мавзӯъҳои илмӣ-фармоишӣ ба донишгоҳ 1 431 019 сомонӣ ворид гардидааст. Дар соли 2019 олимони донишгоҳ лоиҳаи 10 мавзӯи илмӣ-фармоиширо таҳия намуда, ба комиссияи ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки 6 мавзӯи он аз ҳама давраҳои озмун бо муваффақият гузашта, маблағгузории онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 шурӯъ хоҳад шуд, ки маблағи умумии онҳо наздики 2 миллион сомониро дар бар мегирад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2019 21 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии номзадии худро дифоъ намуданд. Дар 4 моҳи аввали соли равон 4 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 2 нафари дигар барои ҳимоя то охири соли таҳсил расман иҷозат гирифтаанд. Раёсати илм ва инноватсия вазифадор гардидааст, ки дар ин самт корбарӣ намуда, шумораи ҳимояҳои рисолаҳои илмиро дар соли 2020 ба маротиб зиёд намояд.


  


Дар ин давра дар донишгоҳ 5 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 26 чорабинии сатҳи донишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, ҳайати омӯзгорони донишгоҳ дар конференсияҳои сатҳи гуногун 885 маърӯза ироа намуданд: аз онҳо 85 маърӯза дар конференсияҳои байналмилалӣ, 425 – дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 375 дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ ироа шудааст. Теъдоди маърӯзаҳои донишҷӯён дар соли 2019 ба 379 номгӯй баробар буда, нисбат ба соли 2018 69 маърӯза зиёд аст.

Дастаи олимпиадаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ишғоли 5 ҷой (5 ҷойи сеюм), олимпиадаи МТОК ҶТ бо ишғоли 3 ҷой (3 ҷойи сеюм) ва дар олимпиадаи «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ-2019» бо гирифтани 3 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) даст ёфта буданд, ки ин моро қаноат намекард. Дар соли 2020 дар ин самт аллакай муваффақиятҳои назаррас дида мешавад.


Аз ҷумла донишҷӯёни мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 12-13-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид сазовори 1 ҷойи аввал, 2 ҷойи сеюм ва 3 ҷойи ифтихории дигар гардиданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ як зумра лоиҳаҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ дар ҷараёни таълим ва илм татбиқ гардидаанд, ки аз рӯи он омӯзгорони донишгоҳ 3 нахустпатент ба даст оварданд.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси 5-уми факултети физика ва математика Назаров Аминҷон зери роҳбарии сардори маркази истеъдодҳои ҷавон Сайфудинов Фирӯз санаи 20.04.2020 таҳти №tj 000 аз рӯи ихтирооти “Мошинаи ғаллатозакунӣ” (зерночистительная машина) «Нахустпатент ба ихтироъ»-ро соҳиб гардид, ки дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад.



Донишгоҳ бо 95 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Танҳо дар соли 2019 донишгоҳ бо 11 муассисаи таълимии олии хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Созишнома ва ё Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст.

Дар соли 2019 бештар аз 40 нафар устодон, кормандон, докторантони PhD, аспирантони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.

Ноил шудан ба дастовардҳои баланди илмӣ, таълимӣ-методӣ, дар баробари дастовардҳои тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ аз ҳадафҳои асосии Раёсати донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат дар арсаи ҷумҳурию байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош сурат мегирад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон карданд, ки инро метавон тадбирҳои ояндасози миллату давлат донист, зеро ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар, яъне Тоҷикистони азизро аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил намудан аст. Барои ҳамин ҳам солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон кардани Роҳбари давлат дастури муҳим ва раҳнамои аҳли маорифчиён мебошад.

Ба кори бахшҳои конференсия комёбиҳо орзу намуда, ба ҳамаи Шумо саломативу сарбаландӣ, фаъолияти пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастовардҳои рушдбахшандаи соҳаҳои кишвар таманно менамоям.

  


 


Back to the list