KGU

Модар офарандаи ҳаёт

Модар офарандаи ҳаёт 05.03.2020

Модар офарандаи ҳаёт

Санаи 05. 03. 2020 дар толори фарҳангии факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба муносибати Рӯзи модар зери унвони “Модар офарандаи ҳаёт” баргузор гардид.

  

Нахуст сухани табрикоти ба ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳо педагогӣ муҳтарам Назаров Ҳ. С. дода шуд. Зимни баромади худ тамоми модарони тоҷик ва ҳамчунин занону бонувонро ба рӯзи идашон табрику таҳният намуд. Баъд аз суханронии Назаров Ҳ. С. қисмати фарҳангии чорабинии омоданамудаи факултаи физика ва математика оғоз ёфт. Дар қисмати фарҳангии чорабини донишҷӯён порчаҳои шеърӣ, суруду таронаҳо ва саҳначаи ҳаҷвие омода намуда буданд, ки аз тарафи бинандагон хуб пазируфта шуд. Дар охир баъд аз шунидани шеъру таронаҳо чорабини бо суруди зебое дар васфи модар аз тарафи Ҷамолиддини Рамазон ба итмом расид.


  


Back to the list