KGU

Конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддин Балхӣ

08.10.2019

Конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддин Балхӣ

            Санаи 30.10.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддин Балхӣ баргузор гардид, ки дар он кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд. Сараввал сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИҶТ Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, ба кулли ширкаткунандагони конференсия миннатдори баён намуданд. Ва дар қисмати навбати бошад, маърӯзаи Абдуллоев Насрулло номзади илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи фалсафа, зери унвони “Назаре ба андешаҳои ирфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” шунида шуд ва дар қисмати итмоми мавзуъ суолу пурсишҳо миёни ширкаткунандагони конференсия ба вуқуъ омад. Бахши фарҳангии конференсия бо шундани порчаҳои шеърӣ ва суруду таронаҳои дилошуби донишҷӯёни донишгоҳ оғоз гардид ва бо рақсу шодӣ ва ёдовар шудан аз осори ин марди хирад конференсияи мазкур ба итмом расид.


Back to the list