KGU

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНИ ОБОДИИ РӮЗГОР ВА САРСАБЗИИ КИШВАР

22.06.2019

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНИ ОБОДИИ РӮЗГОР ВА САРСАБЗИИ КИШВАР

Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи ДДК

   Ваҳдату Истиқлолият аз ободии рӯзгори мардум ва аз сарсабзии кишвар дарак медиҳад. Ин аст, ки баъди ба даст овардани Исиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон хубу ин кишвари биҳиштосо сарсабзу хуррам гардид.

То ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик азобу шиканҷаи зиёдеро паси сар кард. Аз ҳама муҳим ҷони инсоният талаф ёфт. Фарзанд падар гум карду падар фарзанд, модар дар суроѓи ҷигарбанд буду оби ҳасрат аз дидаи хунбор мерехт. Аммо, хушбахтона Худованд шахсеро болои сари мо соябон намуд, ки ҳама нобасомониҳо паси сар шуд. Тоҷикистони азизи моро фазои оромию субот фаро гирифт. Тақдири ҳазорон ҳазор гуреза, ки дар дашту биёбонҳои Афѓонистон аз ташнагию гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳал гардид. Онҳо бо шарофати ин марди наҷиб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани аҷдодии хеш баргаштанд, боз аз оби Ватан нӯш карданду аз боду ҳавояш нафас гирифтанд. Ҳамаи ин натиҷаи Ваҳдату Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мардум тинҷу орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.    

Сад афсӯс, ки бархе аз ашхоси носипос ба қадри ин неъматҳо намерасанд ва пайваста аз пайи озори мардумонанд:

 

Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,

Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?

Бадии кор дар он аст, ки онҳо зери ниқоби дини мубини ислом кирдорҳои нопоки худро амалӣ гардонида, маҳз ҷавононро дар атрофи худ ҷамъ меоваранд ва бо ваъдаҳои бардурӯѓ онҳоро бар зидди давлати худ омода месозанд. Душманони халқу миллати мо мехоҳанд бо амалҳи нопоки худ оромии Тоҷикистонро халадор намоянд. Аммо он нохалафон бидонанд, ки мо дигар он мардуми гумроҳи солҳои навадум нестем, он Ваҳдату Истиқлолияте, ки ба ҷоннисориҳои зиёд ба даст овардаем, ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳем ва нахоҳем дод.

То ба сомон расидани Созишномаи сулҳ касе боварӣ надошт, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам насиби тоҷикистониён мегардад.   

Аз васоити ахбори омма пайваста огаҳӣ дорем, ки дар ҳама гӯшаю канори дунё нооромие вуҷуд дорад. Дур нарафта, ба Афѓонистони ҳамсоя назар мекунем. Солҳост, ки ҷанги хонумонсӯзи ин мамлакати бо мо ҳамзабон хотима намеёбад, ҷони ҳазорон ҳазор ҷавон талаф ёфт, зарари иқтисодию иҷтимоӣ низ ба авҷи аъло расидааст. Дар Ироқу Сурия низ аҳвол ҳамин аст. Аммо Тоҷикистони азизи мо ором аст, мардум осуда умр ба сар мебарад, ҳама фарзандони мо ба таълим фаро гирифта шудаанд, шароити иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ нисбати солҳои пешин хеле боло рафтааст. Пешрафти илму техника, хоҷагии халқ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, кишоварзӣ ва ѓайра дар авҷи тараққиёт аст. Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат кунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани марзу буми сарзамини хеш тарбия намоем. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз намоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо халал ворид намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред». Аз ҷумла, дар Паёми соли гузашта ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат карда: «Ман ба ҳамаи вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, ба тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, занону духтарони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар як фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!»

Инчунин Сарвари мамлакат бо боварӣ зикр намуданд: «Мо бояд бо чунин мардуми шариф ифтихор кунем ва тамоми донишу таҷриба, инчунин ҳамаи захираву имкониятҳоямонро барои таъмин намудани зиндагие сафарбар созем, ки хурду бузурги Тоҷикистон ба он шоиставу сазоворанд».

Мо аҳли зиё мекӯшем, ки сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошем, мекӯшем, то сухани ваҳдат, сухани оромию субот, сухани муҳаббату садоқат ва сухани меҳру вафодорӣ вирди забони хурду бузурги ин Ватани биҳиштосо бошад. Дар ҳақиқат, агар ҷое сухан аз Ваҳдату Истиқлолият оѓоз ёбад, он маъво маъвои меҳру муҳаббат, маъвои оромию ободӣ ва аз он сухан бӯи муҳаббат, бӯи вафодорӣ ва бӯи садоқат меояд. Бигузор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ваҳдату ягонагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва меҳру муҳаббат зери Парчами Истиқлолият танинандоз бошад.


Back to the list