KGU

14 ФЕВРАЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ

14 ФЕВРАЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ 14.02.2019

14 ФЕВРАЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ

              ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил мекунад. Ҳадаф аз таҷлили ин руз он аст, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонида шавад: танҳо китобхонӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад. Маҳз ба ҳамин хотир, тавре дирӯз хабар додем,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли равон  дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” амри махсус ба имзо расониданд.

Яке аз воситаҳои ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани одамон – ҳадяи китоб ба ҳамдигар аст.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб  аз соли 2012 оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гаштааст, балки ба он хотир аст, ки пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ –Эмми Бродмур ба шумор меравад. 

Ин рӯзро дар Тоҷикистон низ ба таври хосса ҷашн мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки  тақдими китоб ба китобхонаҳо таърихи қадимӣ дорад ва миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуд. Аз он махзани бузург на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону дигар қишрҳои ҷомеа низ метавонистанд истифода баранд.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин рӯз аввал бояд ба кӯдакон китоб ҳадя намуд. Ба андешаи дигарон, таҷлили Рӯзи ҳадяи китоб дар Тоҷикистон бояд дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ниҳоду муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ   ба таври хосса ҷашн гирифта шавад. Хуб мешуд дар  ин рӯз ба хона-интернатҳои кӯдакон китобу дигар ашёи зарурӣ тақдим гарданд.  Ё  дар ин рӯз волидайн  бо ташаббуси хеш фарзандони худро бо рӯзгори беҳтарин китобхонҳо ва шакли дастраснамоии китобҳо шинос намоянд. Ҳамчунин дар ин  рӯз ҳамкорону ҳамсабақон, дӯстону наздикон метавонанд ҳамчун ҳадя китоби хуберо ба якдигар тақдим намоянд.


Back to the list