KGU

Семинар машварат дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ”

Семинар машварат дар  мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба гурӯҳои ифротӣ” 09.02.2019

Семинар машварат дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ”

Дар таърихи 9.02.2019 дар бинои маъмурӣ, ошёнаи дуюм, утоқи №206-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар машварат бо дастгирии маркази америкоии “American space Kulob» дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ” бо иштироки Директори марказ ШАРИПОВ АБДУЛҲАМИД ва намояндаи ташкилоти маҳаллии ҷамъиятии “Заршедабону” НОҲИРА ҲАҚНАЗАРОВА   миёни донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ гузаронида шуд. Мақсади асосии омӯзиш: “ Баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон оид ба мавзуъҳои радикализм, экстремизм ва тероризм” буд. Дар ин семинар донишҷӯёне, ки фаъолияти хуб нишон доданд бо тӯҳфаҳои хотиравии маркази номбурда қадрдони гардиданд.


Back to the list