KGU

Ташрифи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ба шаҳри Кӯлоб

Ташрифи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ба шаҳри Кӯлоб 26.01.2019

Ташрифи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ба шаҳри Кӯлоб

                Рӯзи 26 январи соли 2019 таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  -роҳбари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ Раҳмонзода А. бо иштироки  муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода А., муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои деҳот,  сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб ва як қатор соҳибкорон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

                Дар ҷаласа  рафти корҳои сохтмонии иншоотҳо дар шаҳр, муқаррар намудани муҳлати баистифодадиҳии онҳо ва таҳияи албоми иншоотҳо бахшида  ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва батартиб даровардани назди биноҳои кӯчаи протоколӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  муҳтарам Раҳмонзода А. –  қайд намуданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  идома дошта бояд вусъат бахшида шаванд. Мақсади асосӣ ин тозаю озода намудани кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо,  таъмини ҳаракати бо низоми нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин  кардани сокинони щаҳру деҳот  ва баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардум ба шумор меравад. Ҳамзамон барои беҳтар намудани шароти истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр таъмиру азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ, 3 боғи фарҳангӣ ва гулгаштҳо дар соли 2019 ба нақша гирифта шуда корҳо дар ин самт оғоз шудаанд, қайд намуд муҳтарам Раҳмонзода А. Сипас оид ба рафти корҳо дар иншоотҳо аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ  пурсиш карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо зери назорати доимӣ қарор дода, марҳила ба марҳила оид ба истифода супоридани иншоотҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Роҳбарони гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд,ки лоиҳаи ангоравии 766 иншоотҳое, ки тибқи нақша то соли 2021барои бунёд, таъмиру азнавсозӣ тасдиқ шударо   пешниҳод намоянд.  Ҳамзамон барои муаррифии сохтмони иншоотҳо (презентатсия) омода шаванд. Ҳамчунин рӯйхати  марҳила ба марҳила ба истифода  супоридани   иншоотҳоро дар давоми соли 2019  пешниҳод карда, бо ҷалби аҳолӣ корҳои ободонӣ, гулу дарахтшинониро вобаста бо боду ҳаво вусъат бахшида, ҳар ҳафта маълумот пешниҳод намоянд. Ба муовинони соҳавии  раиси шаҳр ва КДФ «Истеҳсолии истифодабарии манзил»  супориш дода  шуд, ки барои таъмири хонаҳои баландошёна нақша тартиб дода, тибқи он корҳои таъмири хонаҳои баландошёнаро роҳандозӣ намоянд.  Соҳибкорони шаҳр барои ба талаботҳои замонавӣ сохтани иншоотҳои баландошёна,  ҳамчунин барои саҳм гирифтан дар азнавсозии пиёдароҳҳо  даъват карда шуда, роҳбари бозори «Саховат» барои батартиб даровардани намои берунии бозор ва тартиби фурӯши маҳсулот вазифадор карда шуд.

 

 


Back to the list