KGU

Маълумоти умумӣ

Маълумоти умумӣ

     Бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1945 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба бунёди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд.
     Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992, таҳти №235 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ номгузорӣ шудааст.
     Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаҳои маориф ва хоҷагии халқ барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Дар зарфи 70-соли фаъолияти худ бештар аз 35000 мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр намудааст.
     Китобхонаи донишгоҳ дорои шӯъбаи абонемент, китобҳои илмӣ, методӣ, бадеӣ ва 4 толори хониш буда, дар маҷмуъ теъдоди китобҳояш ба 300 580 нусха мерасад.
     Донишгоҳ дорои хобгоҳ барои 300 ҷой ва бунгоҳи тиббии бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Ҳамзамон, дар донишгоҳ 2 толори варзишӣ, 2 толори фарҳангии замонавӣ, 3 толори лексионӣ ва 4 толор барои гузаронидани ҷаласаҳо амал менамоянд. Донишгоҳ дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод дорои лагери истироҳатӣ-истеҳсолӣ ва фароғатии «Истиқлол» мебошад.
     Таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавии донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, барои гирифтани маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда, идомаи таҳсил дар магистартура ва докторантураи донишгоҳ имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.
     Дар донишгоҳ парки технологӣ ва марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, истеъдодҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди касбият ва инноватсия амал менамоянд. 
Донишҷӯён дар синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ ва компютерӣ технологияи наву ҳозиразамони иттилоотиро аз бар менамоянд. Компютерҳои донишгоҳ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет васл гардида, донишҷӯён аз он ройгон ба таври густурда истифода менамоянд.
     Шумораи умумии кормандон дар донишгоҳ 791 нафар мебошанд. Аз ин шумора 8 нафар докторони илм, профессорон ва 118 нафар номзадҳои илм мебошанд.
     Айни замон шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ба мисли Федератсияи Русия, Олмон, Испания, Чехия, Белгия, Италия, Англия, ИМА, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Австрия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи 5 лоиҳаи байналмилалӣ, ки ба онҳо Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шомиланд, бомуваффақият ширкат дорад.

Донишгоҳ дорои 10 факултет мебошад:

1. Физика ва математика
Ихтисосҳо:

  1. Физика-математика;
  2. Физика. Таълими меҳнат;
  3. Технология;
  4. Математика;
  5. Математикаи амалӣ;
  6. Информатика;
  7. WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ
  8. Таъмини барномавии низомҳои автоматизатсия
  9. Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ)

2. Химия, биология ва география 
Ихтисосҳо:

  1. Химия-биология;
  2. Химия-экология;
  3. Биология-экология;
  4. Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ;
  5. Биология (Биотехнология);
  6. География;
  7. Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат;
  8. География. Асосҳои иқтисодиёт

3. Филологияи тоҷик ва журналистика  
Ихтисосҳо:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Рӯзноманигорӣ;
  3. Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;
  4. Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (Маърифати оиладорӣ)

4. Филологияи рус  
Ихтисос:

  1. Забон ва адабиёти рус;
  2. Забон ва адабиёти рус ва адабиёти тоҷик;
5. Филологияи хориҷӣ  
Ихтисос: 
  1. Забони хориҷӣ (англисӣ);
  2. Забони хориҷӣ (англисӣ-чинӣ);
  3. Забони хориҷӣ (англисӣ-олмонӣ);

6. Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ 
Ихтисосҳо: 

  1. Таърих. Ҳуқуқ;
  2. Таърих;
  3. Муносибатҳои байналмилалӣ;
  4. Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ;
  5. Сиёсат ва идораи давлатӣ;
  6. Таърих. Диншиносӣ

7. Омӯзгорӣ
Ихтисосҳо:

  1. Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ;
  2. Равоншиносии амалӣ;
  3. Таҳсилоти ибтидоӣ;
  4. Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ;
  5. Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ;
  6. Логопедия;
  7. Сурдопедагогика;
  8. Олигофрено-педагогика;
  9. Дефектология;
  10. Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ;

8. Молиявию иқтисодӣ  
Ихтисосҳо: 

  1. Менеҷменти иҷтимоӣ (Маориф);
  2. Маркетинг;
  3. Менеҷменти инвеститсионӣ;
  4. Кори бонкӣ;
  5. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷети ва илмӣ;
  6. Молия ва қарз;
  7. Иқтисоди ҷаҳон;
  8. Андоз ва андозбандӣ;

9. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Ихтисосҳо:

  1. Тарбияи ҷисмонӣ;
  2. Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ;

10. Иқтисод ва идора 
Ихтисосҳо:

  1. Иқтисодиёт ва идора дар корхона
  2. Идораи мақомоти маҳаллӣ

 

    Донишгоҳ дорои 35 кафедра буда, аз рӯи 55 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Дар донишгоҳ рӯзномаи «Анвори дониш» ва маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» нашр мегардад. Инчунин сомонаи "Паёми донишгоҳ" дар шабакаи интернет бо суроғаи www.vestnik.kgu.tj фаъол аст.  Донишгоҳ аз моҳи октябри соли 2009 ба каталоги Донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст.  

Суроға: 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16 
Телефон: (+992 33 22) 2-35-06 
E-mail: info@kgu.tj
Cомона: www.kgu.tj