KGU

Маркази истеъдодҳои ҷавон

Маркази истеъдодҳои ҷавон

Логотип.png

     Маркази «Истеъдодҳои ҷавон» аз соли 2015 инҷониб дар зерсохтори раёсати илм ва инноватсия таъсис дода шудааст. Маркази «Истеъдодҳои ҷавон»-и донишгоҳ бо мақсади дар замири донишҷӯён бедор намудани маҳорату малакаи илмомӯзӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, дастгири намудани ҷавонони лаёқатманд  ва тавассути онҳо муаррифи намудани донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он амал мекунад.
    Маркази «Истеъдодҳои ҷавон» зери дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ қарор дошта, ректори донишгоҳ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳс ҳаминаст, ки  аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ марказ фаъолияти назаррас нишон дода номи донишгоҳро дар чандин озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ баланд бардошт.


Ҳайати кормандон

1.png






1.png










Дастовард ва семинарҳо

Дастовард1.png

Дар таърихи рӯзи 30.05.2015 Сафуддинов Фирӯз дар Форуми ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварон бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ таҳти унвони «Ҷавонон-неруи навовар ва ихтироъкор» иштирок намуда, бо лоиҳаи инноватсионии худ бо номи «Тоза кардани равғани истифодаи муҳарикҳои автомобилҳои сабукрав ва боркаш» барои ишғол намудани ҷои аввал дар бахши «Табиию риёзӣ» ба дипломи дараҷаи I-и ректори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.
Дастовард2.png

Санаи 14 октябри соли 2016 Назаров Аминҷон донишҷӯи соли 2-юми факултети физика – математика ва информатикаи Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони навовар ва ҷавон» таҳти шиори «қадам ба сӯи оянда», ки дар  муассисаи давлатии «Маркази Миллии Патенту Иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид сазовори Дипломи иштирокчӣ ин  озмун гардидааст.
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»- 26 апрел, барои иштироки фаолона дар чорабиниҳои илмию эҷодӣ ва қобилияти малакаи зеҳнӣ, дар асоси Фармони Директори МДММПИ аз 25 апрели соли 2016, №27 Сайфуддинов Фирӯз бо Ифтихорномаи Муассисаи Давлатии Маркази Патенту Итилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Дастовард3.png
     14-уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе озмуни телевезионии «ИХТИРОЪ» дар ТВС баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи  Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Назаров Аминҷон донишҷӯи курси дуюми факултети физика ва матиматика иштирок намуда, барои иштироки фаолона ба дипломи озмуни телевизионии «ИХТИРОЪ» сарфароз гардонида шуд.

Мувофиқи мактуби Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 24 баргузор намудани «Фестивали донишҷуёни навовар ва ихтироъкор» даври якуми озмун дар сатҳи факултаҳои ДДК ба номи А.Рӯдакӣ рузи 26.01.2017  ва даври дуюми озмуни мазкур дар таърихи рузи 15 феврали соли 2017  дар сатҳи Донишгоҳ  таҳти унвони «Фестивали донишҷуёни навовар ва ихтироъкор» гузаронида шуд. Озмуни мазкур байни донишҷуён ва магистрантон гузаронида шуд ва ғолибони даври дуюми озмун дар сатҳи донишгоҳ бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардид:
Ғолиби ҷои якум
          Сайфуддинов Фирӯз- магистранти курси 2, ихтисоси «Химия». Дору бономи  «Дармон», барои бартараф намудани бемории газаки меъда.        
Ғолибони ҷои дуюм
Умедаи Талаб-магистранти курси 2, ихтисоси «Информатика». «Довари электронӣ»
Неъматулло Айсиддин- донишҷӯи курси 1-уми факултети филалогияи хориҷӣ. «Лоиҳаи илмии техникӣ»
Ғолибони ҷои сеюм
Назаров Аминҷон- донишҷӯи курси 2-юми факултети физика, матиматика ва информатика. «Ручкаи равшанидиҳанда»
Холиқова Шукрона- донишҷӯи курси 1-уми факултети филалогияи хориҷӣ. «Барномаи бозӣ»

        15-16 марти соли 2017 даври Ҷумҳуриявии «Фестивали донишҷуёни навовар ва ихтироъкор» дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур се самтро дар бар мегирифт: самти тиб, техникаву техгнология ва самти барномасозӣ. Дар натиҷа Сайфуддинов Фирӯз барои ишғол намудани ҷои якум дар самти тиб ба дипломи дараҷаи I- Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Умедаи Талаб барои ишғол намудани ҷои дуюм дар самти барномасозӣ ба дипломи дараҷаи II - Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Назаров Аминҷон бошад барои иштироки фаолона дар ин фестивалозмун ба ифтихорномаи Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
     

     Дар таърихи рӯзи 13-14 апрели соли 2017 Сайфуддинов Фирӯз, Умедаи Талаб ва Назаров Аминҷон аз тарафи Муассисаи Давлатии Маркази Миллии Патенту Иттилоот ба форуми байналмилалии соҳибкорони  ҷавон таҳти унвони «ҶАВОНОН-МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӣ»  бахшида ба соли ҷавонон барои намоиш додани ихтироотҳои худ даъват шуда буданд. Дар ин форум меҳмонон аз хориҷи кишвар низ хеле зиёд буд. Донишҷӯёни муассисаҳои мактабҳои олии ҷумхурӣ наздики 400 нафарро ташкил медод. Форуми мазкур дар китобхонаи Миллии Точикистон аз тарафаи «Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Точикистон» баргузор гардида буд. Дар форуми мазкур аз тарафи МД ММПИ 14-нафар ихтироъкорони беҳтарини ҷумхурӣ дар назди меҳмонони хориҷи кишвар муарифи гардиданд, ки Сайфуддинов Фирӯз, Умедаи Талаб ва Назаров Аминҷон аз ҷумлаи он ихтироъкорон мебошанд. Ихтироотҳои онҳо дар шакли банер тули ду рӯзе, ки форум давом кард, ба намоиш гузошта шуда буд. Умедаи Талаб ҳамчун барномасози беҳтарини ҷумхарӣ ба як қатор туҳфаҳои хотиравии муассисаи рушди Сармоягузорӣ, ММПИ ва Кумитаи Ҷавонон  қадрдони карда шуд.
Ҳамчунин 15-уми апрели соли 2017 фестивалозмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Парвози Орзӯ» дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Озмӯни мазкур дар се самт гузаронида шуд: ихтирокорӣ, маҳорати дузандагӣ ва фалаксароӣ. Дар озмун аз ихтироъкорони донишгоҳ Сулаймонов Убайдулло, Назаров Аминҷон ва Холиқова Шукрона  иштирок доштанд. Сулаймонов Убайдулло  бо  лоиҳаҳои худ «Автоматикунонии барномаи занг дар раванди таълим» ва «Сохтани сомонаи туристӣ (дар мисоли мавзеҳои зиёратӣ ва туристии минтақаи Кӯлоб)» барои ишғол намудани ҷои дуюм ба дипломи дараҷаи II-и Раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид.

        Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»- 26 апрел, барои иштироки фаолона дар чорабиниҳои илмию эҷодӣ ва қобилияти малакаи зеҳнӣ, дар асоси Фармони Директори МДММПИ аз 21 апрели соли 2017, №17 Каримов Самариддин Каримович бо дипломи иштирокчӣ дар озмуни мазкур аз тарафи Муассисаи Давлатии Маркази Патенту Итилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

        Дар 5 июли соли 2017, №76 Сайфуддинов Фирӯз-сардори маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Назаров  Аминҷон-донишҷӯи курси 3-юми факултаи физика ва математика барои саҳми арзандаашон дар ҳаракати навоварону ихтироъкорони вилояти Хатлон ва ба ифтихори 20-солагии Иди Ваҳдати миллӣ, ба сипосномаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода қадрдони гардидаанд.
Дастовард4.png     Сайфуддинов Фирӯз-сардори маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дорӯе бо номи «Дармон», ки барои муолиҷаи захми меъда ва рудаи дувоздаҳангушта тавсия дода мешавад ихтироъ намудааст. Дар ин доруи ихтироъкардааш компонентҳои табии: сангдони мурғ, тухми барги зуф ва бентонитро истифода бурдааст, аз тарафи МД ММПИ-и Вазорати Рушти Иқтисод ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи рӯзи 18.09.2017, №2558  соҳиби «НАХУСТПАТЕНТ» гардидааст. Муҳлати эътиборнокӣ аз 21.07.2017 то 21.07.2027.

     Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб санаи 11 октиябри соли 2017 дар толори маҷлисии кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб,  ҷамбасти озмуни шаҳрии ихтирокорону навоварон  баргузор гардид. Дар  ин озмун донишҷӯён ва хонандагони зиёди муассисаҳои олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат варзиданд. Дар оғози озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  С.Валиева  баромад намуд. Боз намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Насридинов М. бахшида ба Соли ҷавонон баромад намуданд. Сухани навбати ҳамчун олими ҷавон ба Сайфуддинов Ф.  дода шуд ва андешаҳои худро дар бобати самти ихтироъкорӣ ва дастовардҳои донишгоҳ дар самти инноватсия баромад намуд. Сардори маркази истеъдодҳои ҷавони донишгоҳи   давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдӯллоҳи Рӯдакӣ Сайфиддинов Ф. ба ифтихорнома барои саҳми арзандааш дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ –ҳизби пирӯз ва пешоҳанги ҷомеъа, Умедаи Талаб,  Назаров Аминҷон ва Нематуллозода Айсиддин бошад барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ихтироъкориву навоварӣ ба маблаҒҳои пулии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Ҷураев Далер –донишҷӯи курси чоруми факултаи ТҲ ва МБ лоиҳае дошт бо номи «Китобхонаи электронӣ», ки лоиҳаи мазкур аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардидааст. Аз тарафи раёсати Донишгоҳ бошад барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур 300сомонӣ ҷудо карда шуд ва айни ҳол дар иҷрои амал мебошад.
Неъматуллозода Айсиддин –донишҷӯи курси 2-юми факултаи филологияи хориҷӣ лоиҳае дошт бо номи «Лоиҳаи илмии техникӣ». Лоиҳаи мазкурро дар озмуни «Бозёфт 2017», ки аз тарафи Муассисаи Давлатии ТВБ баргузор гардид пешниҳод намуд, ки ба давури ҷумҳуриявӣ гузаштааст ва айни ҳол бошад дар «Мактаб барои бачои  болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» мавриди истифода қарор дорад. 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, утоқи №304
Телефони корӣ: (+992) 919 77 37 10
E-mail: istedod@kgu.tj