KGU

Ихтисосҳо

Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факултет соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад: 

Дар шуъбаи рӯзона:

1. 1-01 01 01- Таҳсилоти томактабӣ. 
2. 1-01 01 02-06- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ. 
3. 1- 03 04 03- Равоншиносии амалӣ. 
4. 1-010201- Таҳсилоти ибтидоӣ.
5. 1-01020205- Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус.
6. 1-01020203- Таҳсилоти ибтидоӣ - санъати мусиқӣ.
7. 1-03030201- Дефектология
8. 1-030304- Олигофренопедагогика. 
9. 1-030302- Сурдопедагогика
10. 1-030301- Логопедия  

Дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ):

1.      1010101- Таҳсилоти томактабӣ. 
2.      1-010102-06- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ. 
3.      1-010201- Таҳсилоти ибтидоӣ
4.      1-01020205- Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус.
5.      1- 23 01 11-03 -Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ).