KGU

Бо қарори Шӯрои олимони
 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба
 номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз
 ______ 09 соли 2012 № _____
тасдиқ шудааст.

НИЗОМНОМАИ
факултети филологияи тоҷик ва журналистика
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Низомномаи факултети Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1.   Факултет ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ ва маъмурии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, тибқи қарори Шӯрои олимони таҳсилоти олии касбӣ бо ризоияти муассиса дар сурати мавҷуд будани пояи моддию техникӣ ва илмию фарҳангӣ мувофиқ ба меъёрҳо таъсис дода мешавад.
2.   Факултет вазифаҳои зеринро иҷро мекунад

–      тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аспирант ва докторантҳо;
–      ба роҳ мондани низоми таълим, тарбия, такмили ихтисоси устодон ва кормандони техникию ёрирасон;
–      пешбурди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ ва илмию тадқиқотӣ.

3.    Факултети муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар назди муассисаҳои калони истеҳсолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳои таълимии минтақаҳои гуногун таъсис дода мешавад.
4.    Факултет мутахассисонро дар истеҳсолот ва ҷудо аз истеҳсолот тайёр менамояд.
5.    Барои ташкили корҳои самараноки таълимӣ ва тарбиявӣ дар сохтори факултет шӯъбаҳои гуногун созмон дода мешаванд.
6.    Факултет озмоишгоҳҳо, кафедраҳо (тахассусӣ, умумитаълимӣ ва умумиҷамъиятӣ)-и муассисаи таҳсилоти олии касбиро муттаҳид месозад.
7.    Факултет дар сурате таъсис дода мешавад, ки агар дар шакли таълими рӯзона на камтар аз 200 донишҷӯ, дар шакли таълими шабона на камтар аз 400 донишҷӯ ва дар шакли таълими ғоибона на камтар аз 500 донишҷӯ дошта бошад.

Эзоҳ: Ҳангоми дар факултет таҳсил намудани донишҷӯёни таълими рӯзона, шабона ва ғоибона чунин таносуб ба инобат гирифта мешавад: миқдори донишҷӯёни таълими рӯзона барои ташкил намудани факултет 1:1, шабона 0,5:1 ва ғоибона 0,4:1.
8.    Роҳбарии факултетро декан ба ӯҳда дорад. Декани факултетро ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо муассис ва ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи устодони унвони илмидошта ба муддати 4 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
9.    Ба вазифаи декани факултет номзади илм, дотсент ба муддати на зиёда аз як мӯҳлат, доктори илм, профессор ба муддати на зиёда аз ду мӯҳлат пайи ҳам таъин карда мешавад.
10.     Декани факултети муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мӯҳлати деканиаш тибқи муқаррароти банди 9 ва 10-уми Низомномаи мазкур гузаштааст, ҳуқуқи минбаъд декан таъин шудан надорад.
11.     Маҳдудияти синну солӣ ҳангоми таъини декани факултет тибқи муқаррароти кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
12.     Фаъолияти ҳамасолаи декани факултет бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.
13.     Вазифа ва ӯҳдадориҳои декани факултет мувофиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.
14.     Иҷрокунандаи вазифаи декани факултет то 3 моҳ иҷозат дода мешавад.
15.     Дар факултет барои амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурӣ Шӯрои олимони факултет таъсис дода мешавад.
16.     Фаъолияти Шӯрои олимони факултет тибқи Низомномаи Шӯрои олимони факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
17.     Роҳбарии Шӯрои олимони факултетро декани факултет ба ӯҳда дорад.
18.     Декани факултет мувофиқ ба миқдори донишҷӯён дар ихтиёри худ муовинон дорад:

    - муовини декани факултет оид ба корҳои таълим;
    - муовини декани факултет оид ба корҳои тарбия;
    - муовини декани факултет оид ба корҳои илмӣ;
    - муовини декани факултет оид ба таълими ғоибона.

19.     Муовини декани факултет оид ба корҳои илмӣ ба тариқи ҷамъиятӣ фаъолият менамояд ва дар сарбории солонааш 100 соат пешбинӣ карда мешавад.
20.     Вазифаи муовини декани факултет оид ба таълими ғоибона ҳамон вақт таъсис дода мешавад, ки агар миқдори донишҷӯёни таҳсили ғоибона на камтар аз 500 нафар бошад.
21.     Барои ба роҳ мондани корҳои методӣ дар факултет Шӯрои илмӣ-методӣ таъсис дода мешавад. Роҳбари Шӯрои илмию методӣ аз ҳисоби устодони таҷрибаи зиёд дошта, дар Шӯрои олимони факултет интихоб карда мешавад.
22.     Феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар факултет ба тариқи зайл сурат мегирад:
1). Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳою санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
2).     Фармонҳои ректор.
3).     Қарорҳои ректорат.
4).     Қарорҳои Шӯрои олимон.
5).     Фармоишҳои декани факултет.
6).     Дастурҳои вазифавии кормандон.
7).     Нақшаҳо ва ҳисоботи солонаи факултет.
8).     Нақшаҳои солонаи тақсимот ва ҳисоботи сарбории омӯзгорон.
9).     Нақшаҳои таълимӣ.
10).   Ҳуҷҷатҳои кории Шӯрои олимони факултет ва қарорҳои он
11).   Ҳуҷҷатҳои кории Шӯрои илмию методии факултет ва қарорҳои он.
12).   Ҳуҷҷатҳои магистратура.
13).   Ҳисобот ва суратҷаласаҳои комиссияи имтиҳоноти давлатӣ.
14).   Суратҷаласаҳои деканат.
15).   Ҳуҷҷатҳои нишондиҳанда оид ба ҷадвали воҳиди корӣ.
16).   Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷӯён.
17).   Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси омӯзгорон.
18).   Корҳои кураторӣ.
19).   Мукотиба бо ташкилот ва шаҳрвандон.
20).   Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва ҳисоботи онҳо.
21).   Корҳои мустақилонаи донишҷӯён.
22).   Ариза, маълумот, пешниҳод ва телефонограммаҳо.
23).   Рӯйхати донишҷӯён.
24).   Ҳуҷҷатҳои таъин намудани идрор ба донишҷӯён.
25).   Ҷадвали дарсҳои таълимӣ, санҷишҳо ва имтиҳонҳо.
26).   Сессияҳои имтиҳонотӣ ва пешрафти донишҷӯён.
27).   Фармонҳои ректор оид ба аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён.
28).   Фармонҳои ректор оид ба хориҷ намудани донишҷӯён.
29).   Фармонҳои ректор оид ба қабул, гузаронидан ва барқароркунии донишҷӯён.
30).   Рӯйхати донишҷӯён аз рӯи гурӯҳҳои таълимӣ.
31).   Нақшаҳои тақвимию мавзӯии фанҳо.
32).   Барномаҳои таълимӣ ва тақвимии корӣ аз фанҳо.
33).   Нақшаи инфиродии омӯзгорон.
34).   Давомоти донишҷӯён ба дарсҳо.
35).   Дафтари қайди дарсҳо.
36).   Маълумотномаи академии донишҷӯён.
37).   Суратҷаласаҳои комиссияҳои экспертӣ.
38).   Рӯйхати амволи кафедраҳо.
39).   Рӯйхати амволи шӯъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.
40).   Ҳуҷҷатҳои кории шӯъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.
41).   Номгӯи корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва магистрӣ
42).   Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
43).   Санадҳо.
44).   Китоби содирот ва воридот.
45).   Феҳрастҳо.