KGU

Ихтисосҳо

· Забон ва адабиёти тоҷик (шартномаи таълими рӯзона 2250, таълими ғоибона 1800);

· Ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” дар факултет дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.      

· Рӯзноманигорӣ (шартнома 2250);

· Дар факултет аз соли 2009-ум инҷониб ихтисоси «Рӯзноманигорӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо ва ВАО фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар радиои факултетии донишгоҳ «Суруши ҷавонӣ» ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимии ихтисоси рӯзноманигорӣ дар ТВ Кӯлоб, филиали ТВ Сафина дар шаҳри Кӯлоб ва ТВ Ҷаҳоннамо гузаронида мешаванд.

· Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ (шартнома 1800);

   · Ихтисоси «забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» мутахассисонеро омода менамояд, ки забоншиносиро дар технологияи нави иттилоотӣ инъикос менамояд. Донишҷӯёни ин навъи ихтисос давоми таҳсил омӯзиши фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ ва илмҳои филологиро мехонанд. Омӯзгорони соҳибунвон ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба онҳо дарс мегузаранд. Ҳамчунин дар машғулиятҳои технологияи информатсионӣ донишҷӯён ба тарзи таҳия намудани пайкараи аҳли илму адаб, таҳия намудани фарҳангҳо ва луғатҳо машғул мешаванд. Хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои омӯзгори фанни забони тоҷикӣ, барномасоз, саҳифабанд ва дигар вазифаҳо кору фаъолият доранд.

 Ихтисосҳои факултет ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои рӯзмараи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.